logo

иҷтимоиёт

ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ ОТАШНИШОНӢ. АЗ ОВОЗА ТО ВОҚЕИЯТ

Имрӯз сокинон баъзан шиква мекунанд, ки ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуши вобаста ба сӯхтор кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса дер мерасанд, миқдори зарурии об ва барои фурӯнишонии оташ иқтидори кофӣ надоранд. Ба ин монанд, чанде қабл арзи як гурӯҳ сокинони деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент ба дасти мо расид. «Ҷумҳурият» ин матлабро, ки дар он сокинон аз таъхири оташнишонон дар амри ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса ва хомӯш кардани сӯхтори марговар шикоят мекарданд, нашр намуд. Дар зимн, суоле матраҳ шуд, ки то куҷо нигарониву шикоятҳо аз фаъолияти ин ниҳод асос доранд ва бо чӣ роҳу усуле метавон мушкилоти ҷойдошта дар кори оташнишониро бартараф кард? Мо ба хотири бозтоб ва муайян намудани вазъи воқеии соҳа ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бо масъулони соҳа сари суҳбат нишастем, ки мушкилоти ҷойдоштаро эътироф намуда, дар навбати худ сабабу омилҳои онро тавзеҳ доданд.
 
ЧАРО ОДАМОН МЕФАВТАНД Ё ЗАРАРИ СӮХТОР ЗИЁД МЕШАВАД?
Фирӯз Шарофзода, сардори кафед-раи бехатарӣ аз сӯхтори академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки хомӯш намудани сӯхторҳои баамаломада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, асосан, аз тарафи қисмҳо ё ин ки дидбонгоҳҳои алоҳидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ амалӣ мешаванд, ки мувофиқи меъёрҳои амалкунанда аз ҳама дуртарин нуқтаи хизматрасонӣ бояд дар масофаи на зиёда аз 5 километр ҷойгир бошад. Мутаассифона, бо сабаби кам будани қисмҳои оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва набудани онҳо дар ҷамоатҳо, доираи фарогирии хизматрасонии барои қисмҳои оташнишонӣ 10 – 15 маротиба аз меъёр зиёд буда, қисму дидбонгоҳҳои амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо, ҷиҳати хомӯш намудани сӯхторҳо масофаи то 60 – 80 километрро тай мекунанд. 
- Тасаввур кунед, тибқи меъёр мошини оташнишонӣ дар роҳҳои мумфарш 45 ва дар роҳҳои хокӣ 25 километр дар соат ҳаракат мекунад. То расидани мошини оташнишонӣ ва гузарондани разведка (маълумот дар бораи бино) вақти зиёд сарф мегардад, ки дар натиҷа, масоҳати сӯхтор калон шуда, одамон ҷароҳати ҷисмонӣ мебардоранд ва зарари моддии сӯхтор зиёд мешавад, - гуфт Ф. Шарофзода.
Бахтиёр Умарзода, сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники хизмати дохилӣ низ мушкилоти мавҷударо ба ҳамин омилҳо рабт дод, вале изҳори бовар намуд, ки бо гузашти вақт, қабули барномаҳои нав ва ҷалби маблағҳои грантӣ ин мушкилиҳо давра ба давра ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Ба андешаи Файзиддин Саидзода, муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори академия, яке аз сабабҳои дер расидани ҳайати шахсии оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса набудани роҳҳои махсус (красная паласа) мебошад. Бояд дар роҳҳое, ки нав месозанд ин меъёр ба инобат гирифта шавад. Ин на танҳо барои Хадамоти оташнишонӣ, балки барои дигар ниҳодҳои махсус, ба монанди ёрии таъҷилӣ ва милитсия низ зарур мебошад. Роҳҳои махсус ҳамагӣ дар чанд минтақаи кишвар ба назар мерасанд: шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе.  
Бахтиёр Умарзода гуфт, ки ҳангоми тартиб додани нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ин роҳҳо бояд ба инобат гирифта шаванд, вале аз чи бошад, ки ин гуна роҳҳоро намесозанд. Борҳо дар ҷаласаву маҷлисҳо ин масъаларо гузоштем, вале ҳалли худро намеёбад.   
 
АЗ РИОЯ НАШУДАНИ ТАЛАБОТ ТО МУШКИЛИ ОБ 
Вақте иншоот сохта мешавад, талабот ва меъёрҳо бояд ба назар гирифта шаванд, ки дар кадом объект ҷумак, ҳавз ва гидран бошад. 
- Тибқи меъёри қоидаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008) қубуре, ки об аз он ба биноҳои баландошёна ворид мешавад аз манбаи асосӣ бояд барои истифодаи сокинон алоҳида ва барои бехатарӣ аз сӯхтор алоҳида бароварда шавад, инчунин, насос насб гардад. Бояд дар биноҳо қубурҳои хушк (сухотрубка) бошад. Дар ҳолати сар задани сӯхтор рӯдаҳо ба он пайваст шуда, ба ошёнаи лозимӣ об бароварда мешавад.
Мутаассифона, дар бисёре аз  иншоот ин талабот риоя намешаванд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои истиқомат дар иншоот иҷозат медиҳад, - гуфт Фирӯз Шарофзода.
- Аз сабабе, ки дар иншоот ва дигар маҳалҳои аҳолинишин ин ва дигар меъёри пешбинишуда ба инобат гирифта намешаванд, ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор вақти зиёд сарф мешавад. Инчунин, оби мошинҳои оташнишонӣ кифоягӣ намекунад. Худ қазоват кунед, милҳое, ки ба ҷои сӯхтор маводи оташнишониро паҳн мекунад, аз ҳама сарфаи камтаринаш 3,5 литр об дар як сония мебошад. Зарфи мошини оташнишонӣ, агар мошинҳои ЗИЛ бошад, тақрибан 2,5 тонна мебошад. Агар ин рақмҳоро ҳисоб кунем оби як мошин қариб дар 12 – 13 дақиқа тамом мешавад. Аз ин рӯ, аввал бояд мошинҳо ба манбаи об пайваст шаванд, - зикр кард Файзиддин Саидзода.
 
БАРНОМАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР: АЗ НАТИҶА ТО ИНТИЗОРИҲО
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 287 Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013 – 2017 қабул гардид. Мақсад аз қабули барнома давоми панҷ сол ҳал намудани як қатор мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳа буд. Яке аз вазифаҳои асосии барнома, ташкили инфрасохтори системаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла ҷудо намудани заминҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, иншооти ҳаётан муҳим ва истеҳсолӣ барои сохтмони биноҳои сохторҳои оташнишонӣ, манораҳои таълимӣ буд.
Тавре сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Бахтиёр Умарзода гуфт, тибқи барнома дар ноҳияҳои Ванҷ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Ховалинг, Балҷувон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Тоҷикобод, ки биноҳои оташнишонӣ надоштанду дар иҷора менишастанд, иншооти нав сохта шуд. Инчунин, барои оташнишонони ноҳияҳои Восеъ, Нуробод ва Сангвор биноҳои нав бунёд гардиданд. Ҳамзамон, биноҳои Хадамоти давлатии оташнишонии як қатор ноҳияҳо таъмир гаштанд, дар нақби «Шаҳристон» дидбонгоҳи оташнишонӣ таъсис ёфта, дар нақби «Хатлон» мошини оташнишонӣ гузошта шудааст.    
Бино ба гуфтаи сардори сарраёсат, ҷиҳати то ҳадди имкон бартараф намудани камбудиҳо қабули барномаи нав барои панҷ соли оянда (2021 – 2025) дар назар аст, ки маблағи он 134 миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад. Қисми асосии маблағҳои ҷудогардида барои хариди мошинҳои оташнишонӣ (78 миллион сомонӣ), аз ҷумла мошинҳои нардбондори беш аз 60 - метра, ки барои наҷот додани шаҳрвандон истифода мешавад, сарф хоҳад шуд. Инчунин, бо ибтикори соҳибкорон дар шаҳрҳои Душанбе (се бино), Ваҳдат ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Вахш биноҳои қисмҳои оташнишонӣ сохта мешаванд.
 
НАҶОТИ 229 НАФАР АЗ ТАҲДИДИ МАРГ
- Дар кишвар соли гузашта шумораи сӯхторҳо дар қиёс ба соли 2019 ду дарсад зиёд шуд. Зарар бошад, дар муқоиса ба як соли пеш қариб 48 дарсад бештар гардид. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ соли сипаригардида ба миқдори 513 миллион сомонӣ молу маҳсулотро аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта, 229 нафарро аз дами оташ наҷот дода, 33 каси дигарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол доданд. Мутаассифона, дар натиҷаи сӯхторҳо 25 нафар ҷон бохт, - гуфт Б. Умарзода.  
 
ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ: 1497695 СОМОНИРО КӢ ДУЗДИД ВА 28862462 СОМОНӢ  ЧӢ ТАВР ПАРДОХТ ШУД?
Дар баробари таъмини бехатарии аз сӯхтор, инчунин, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии кишвар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба истифодаи оқилонаи неруи барқ мебаранд. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурӣ 75 гурӯҳи корӣ фаъолият мекунад.
- Кормандони мо давоми соли гузашта 1165 хати ғайриқонунии истифодаи барқро ошкор намуданд. Дар натиҷаи санҷишҳо муайян шуд, ки «барқдуздон» берун аз ҳисобкунак ба маблағи 1497695 сомонӣ неруи барқро истифода карданд. Нисбат ба онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи корҳои профилактикӣ миёни сокинон ва роҳбарони ширкату корхонаҳо 28862462 сомонӣ маблағи қарзи барқ пардохт гашт, - иброз дошт Бахтиёр Умарзода.
Ҳамсуҳбатони мо барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтору зиёни калони молӣ чанд таклифу пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, Бахтиёр Умарзода, сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, изҳор дошт, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» тағйиру иловаҳо ворид гарданд ва мо ин масъаларо ба миён хоҳем гузошт. 
Аз нигоҳи масъулони соҳа, воқеан, баъзе масъалаҳо ниёз ба танзими қонунӣ доранд. Аз ҷумла, тибқи талаботи хадамот истифодаи балонҳои газӣ ва печҳои гармкунандаи спиралӣ, ки дар бисёр ҳолат ба сар задани ҳодисаҳои сӯхтор сабаб мешаванд, маҳдуд аст. Вале ин асбобҳо дар бозорҳо озод ба фурӯш бароварда мешаванд.
- Бояд дар гузаргоҳҳои гумрукӣ лабораторияҳо таъсис ёбанд. На танҳо балонҳои газӣ, печҳои гармкунандаи спиралӣ, инчунин, масолеҳи сохтмоние, ки ба Тоҷикистон ворид мегардад бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ мувофиқа шуда, аз лаборатория гузаронда шаванд. Дар ҳоли ба талабот ҷавобгӯ будан барои сохтмон иҷозат дода шавад, - гуфт Фирӯз Шарофзода.
Дар ҳамин ҳол, Файзиддин Саидзода иброз дошт, ки дар баробари ташвиқоту тарғибот барои пешгирӣ аз сӯхтор хуб мешуд, ки дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 8 – 10 соат фанни бехатарӣ аз сӯхторро ҷой диҳанд, то мутахассисони соҳа миёни наврасон корҳои профилактикӣ гузаронанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 3578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед