logo

иҷтимоиёт

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. ВАҚТЕ РОҲБАР БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АРҶ МЕГУЗОРАД...

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як сиёсатмадори аз гузашта огаҳ имрӯз ба он талош доранд, ки давлатро бо фарҳангу забони устувори миллӣ ба ояндагон мерос гузоранд.
Забон меҳвари ваҳдати миллат аст ва он ба ҳар миллат истиқлол, марз ва ҳувият мебахшад. Бо таъкиди Пешвои миллат забон ёдгории маънавӣ ва рамзи ҳамбастагиву иттиҳоди миллат мебошад. Аз ин ҷиҳат, яке аз шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ имрӯз забони мо ба ҳисоб меравад. Мазмуни суханони Пешвои миллатро дар андарзу таъбирҳои бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ пайдо кардан мумкин аст, ки нисбат ба забони модарӣ баён доштаанд. Пешвои миллат, нахуст чун як фарди фарҳангӣ ба забони модарии худ арҷ мегузоранд ва онро забони шевою шоирона медонанд. 
Ёдамон ҳаст, ки бо тасмими Сарвари давлат соли 2008 - Соли забони тоҷикӣ эълон шуд. Мақому корбасти забони модарӣ дар тамоми шохаҳову доираҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву коргузорӣ баланд гашт. Қонуни нави забон дар замони истиқлол дар мувофиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва эҳтирому муносибати хос ба дигар забонҳо таҳияву пазируфта шуд. Бо пешниҳоди Президенти кишвар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин ниҳод бо назардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ манфиати забони тоҷикиро ҳимоя мекунад. 
Пайдост, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва фарҳангҳои ноаён таҳмилшаванда нахуст ба пояи забону фарҳанг зарба мезананд. Дар ин ҷараёнҳои мураккаб сипару ҷавшани қавиеро барои забону фарҳанг дорем, ки забон аст. Ба ин манзур, ниҳодҳои дахлдор муваззаф гардидаанд, ки вазъи истилоҳот ва шаклгирии онҳоро дар тамоми соҳаҳо ба назорат гиранд.
Ба таври бесобиқа ворид гардидани истилоҳоти бегона яке аз омилҳои асосии костагии забон мебошад. Дар ҳошияи ин раванд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки бояд компютеркунонии забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Ин ибтикор, ки хеле суст амалӣ мешавад, барои ҳамоҳангии фазои иҷтимоии интернет бо мардум мусоидат мекунад. Махсусан, забони тозаву намунавии ВАО-ро омили асосии рушди забон меҳисобанд, ки ин нуқтаро устод Айнӣ ҳам дар мисоли чанд нашрия дар замони худ таъкид дошта буданд.  
Ин ҳама даъват ва иршоди Сарвари давлат ба масъулият дар роҳи ҳифзу эҳтироми забон аст. Феълан забони модариро кишварҳои абарқудрат асоси амнияти худ медонанд ва тавассути он ба тарғиби фарҳангу тамаддуни худ машғуланд. Ин амал моро ҳушдор медиҳад, ки раҳнамоиҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, сипари милливу фарҳангии худ – забони тоҷикиро аз камрангӣ, харобӣ ва камистеъмолӣ эмин нигаҳ дорем.
 
Савринисо СОЛЕҲОВА,
омӯзгор – мураббии муассисаи давлатии томактабии № 157 ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 405
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед