logo

иқтисод

БАЛҶУВОН РӮ БА РУШД АСТ

Соли 2020 дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон бо рӯйдодҳои таърихию дастовардҳои беназир, ҳамчун соли фаромӯшнашаванда дар афкори сокинон боқӣ мемонад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия давоми ин сол диққати асосӣ ва тадбирҳои заруриро ба амалӣ намудани яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат вобаста ба ғанӣ гардондани қисми даромади буҷети маҳаллӣ равона намуда, иҷрои бомуваффақонаи нақшаҳои пешбинишударо таъмин намуд. Маҳз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда буд, ки иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 129,4 дарсад иҷро гардид.
Тавре раиси ноҳия Шералӣ Ҷалилзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ба ҷои 9 миллиону 407 ҳазору 228 сомонӣ ба буҷет 12 миллиону 170 ҳазору 998 сомонӣ ворид шуд. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 13 миллиону 890 ҳазору 483 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо шуд. Иҷрои қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад 99 дарсад иҷро гардид. 
Бо назардошти андешидани тадбирҳои иловагӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 ҳолати қарздорӣ аз музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба вуҷуд наомад ва музди меҳнати тамоми кормандон сари вақт пардохт гардид. Соли 2020 аз тарафи нозироти андоз 189 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 46 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 719 ҳазору 937 сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 2 шахси ҳуқуқӣ ва 41 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Ба ҳолати имрӯза 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 4 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 3 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 
Аз 74 лоиҳаи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017 - 2020, ки 194,4 миллион сомониро дар бар мегирад, 25 лоиҳа ба маблағи 134,6 миллион сомонӣ ба иҷро расид. Мутаассифона, аз тарафи бонкҳои ноҳиявӣ барои дастгирии соҳибкорон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, маблағҳои қарзӣ бо фоизи нисбатан паст ҷудо нагардид.
Ноҳияи Балҷувон минтақаи аграрӣ ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардумро зироаткорию чорводорӣ ва боғпарварию картошкапарварӣ ташкил медиҳад. Соҳаи кишоварзии ноҳия сол то сол рушд ёфта, дар заминаи истифодаи имкониятҳои мавҷуда, заҳматкашони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварда истодаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 211 миллион сомониро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, дар ҳолатҳои ба шаклҳои хоҷагидорӣ таҳмил намудан як қатор камбудиҳо ҷой доранд. Махсусан нишондиҳандаҳо дар самти кишт ва истеҳсоли картошка манфӣ арзёбӣ мегарданд. Яке аз мушкилотҳои асосӣ дар ин самт, ин мақсаднок истифода набурдани заминҳо аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошад, ки ин ҳолат боиси паст гардидани нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ ва бе истифодабарӣ мондани заминҳои кишоварзӣ мегардад. Соҳаи саноат низ дар ин ноҳияи кӯҳистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар низоми муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нақши муносиб гузорад. Вобаста аз тадбирҳои андешидашуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 17 миллиону 762 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли равғани рустанӣ 105,6, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,4 дарсад иҷро гардид. 
- Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 10 миллиону 78 ҳазор 344 кВт соат барқ ба маблағи 2 миллиону 230 ҳазору 699 сомонӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи он 78,1 дарсад, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ, 72,3 дарсадро ташкил дод. Ҳанӯз ҳам дар самти истифодабарии неруи барқ камбудию норасоиҳо мавҷуданд, ки ин ҳолат андешидани тадбирҳои иловагиро аз тарафи масъулон талаб менамояд. Яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт, ки аз солҳои пешин боқӣ мондааст, ин афзоиши маблағи қарзи истифодаи қувваи барқ мебошад. Айни замон қарзи истифодаи барқ 1,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки, асосан, аз ҳисоби корхонаҳои буҷавию ғайрибуҷавӣ мебошад, - гуфт раиси ноҳия. 
Барои аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта, масъулонро мебояд, ки фаъолиятро хубтару беҳтар ба роҳ монда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба таври возеҳу равшан муайян гардиданд, камари ҳиммат банданд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед