logo

фарҳанг

МАЛОМАТИ ВИҶДОН?

Шояд аксар аз мо дар ин андеша набошем, ки як рӯз маломати виҷдон озурдаамон месозад. Агар ҳам мехоҳем, ки аз ӯ бигурезем, ҷои гурез надорем, аз чор сӯ чун ба рӯямон менигарад ва аз вуҷудамон фарёд бармеоварад.
 
Барояш пардае нест, ки бар рӯяш бикашем ва давое нест, ки дардамонро он гаҳ дармон бибахшем.
Ҳолиё ҳастиашро аз ёд бурдаем, балки мепиндорем: ё ҳеҷ гоҳ барои мо мавҷуд набуд ва ё дарҳои оҳанини дилҳоямонро ба рӯяш бастаем.
Барои виҷдон, агар биёяд, ҳеҷ садде вуҷуд надорад. 
Рӯзе пештар буд, ки шахси маъруфе, ҳунарпешаи асиле, аз виҷдон мегуфт ва бо ҳасрат баён медошт ё худ иқрор мешуд, дар зери бори маломаташ мондаву ранҷ мебарад. Як ранҷи одӣ нест: ҳам ба ҷисм ва ҳам ба рӯҳ асар дорад. Меафзуд: «Аз пушаймонӣ бештар менолам, пушаймонӣ аз кардаҳои нафармуда ва аз фармудаҳои нокарда».
Дар ислоҳи кор дармонда буд. Аҷзу нотавонӣ даст аз гиребонаш намегирифтанд. Мегуфт: «Ба хоб ҳам ранҷ мебарам. Аз одамони зиёди раҳрав узр мехоҳам, пӯзиши гуноҳонамро хостор мешавам, аммо мисли ин ки онҳо  кӯру каранд: маро на мебинанд, на мешунаванд».
Ин як ҳақиқат аст. Аз аҳли бозор бипурсед, ки ба рӯзе чӣ қадар одамонро мефиребанд, бар дурӯғ савганд мехӯранд. Коло савдо мешавад ва мардум меравад. Медонанд, ба яқин, медонанд, ки фирефта шудаанд, аммо чӣ бикунанд? Аз дуздон ҳам, ки пуштибон доранд, ин харидорон дар ин макон дар азобанд.
Агар аҳли бозор ва ин дуздонро ба рӯзе виҷдон  дидор бинамояд, чӣ гуна метавонанд гуноҳҳои кардаашонро ҷуброн намоянд. Аз киҳо бояд узр бихоҳанд, ҳеҷ якеро чун на мешиносанд ва на дар ёд доранд?
Меандешем, ки дар ин муддати кӯтоҳ ва ё тӯлонӣ бархе аз одамони аз мо ҷабрдида ин дунёро тарк гуфтаанду дар дили хоки тира хуфтаанд? Намедонам, дар ин ҳол чӣ гуна вуҷуд намеларзаду дил хун намешавад. Охир вуҷуд ҷисме нозук аст ва ҳам дил аз санг, ки нест.
Бисёр бад кардем, бисёр дурӯғ гуфтем. Пиндоштем, ки ҳама ниҳон монданд. Пиразане ҳам, ки як гӯшаро меруфт, як дона гандумро надид. Он сар кашид ва гуфт: «Пиндоштӣ, ки ман мурдаам? Маро бад-он хурдӣ надидӣ ва ба эътибор ҳам нагирифтӣ. Дидӣ, рустам?»
Ҳамин гуна бисёр донаҳо аз вуҷуди мо рӯзе сар бар мекунанд ва мебинем, ки якашон ҳафту ҳафтсад шудаанд.
Имрӯз ҳар гуфтаву ҳар карда ба чашму зеҳнамон хушу зебо менамояд. Мепиндорем, ба мақсуде, ки доштем, расидем. Дар баробари он чи дилҳое аз мо ранҷ дид ва чи мардуме дар оташи қаҳру ғазаб ва ҳам нотавонӣ сӯхт.
Ба кор на аз рӯи муҳаббату садоқат рӯ овардем ва онро ба анҷом расондем. Гӯиё барои худ нафъ бардоштем ва зарари онро ба ҷомеа  гузоштем. Дар ин ҷомеа на ҷамоаи мо низ ҳаст? Магар асари бади он ба наздикон, пайвандони мо ва наслҳои минбаъда намерасад? Чаро намеандешем ва аз ёд мебарем, ки дар ин наслҳо фарзандону наберагони мо ҳастанд?
Он чӣ медонем, ба шогирдон намедиҳем. Ва барои ин наомӯзондан ҳам аз давлат музд мехоҳему ҳам аз донишҷӯён, ки моро бовар кардаанд, пул меситонем. 
Аз хидмат барои ин Ватан, ки ду сол муқаррар гардидааст, сар мепечем. Пул медиҳем, яъне пораву рибо то моро ба хидмати он сафарбар нанамоянд. Инчунин, мегурезем, то моро муддате пайдо накунанд. Пас аз он даъвои ватандорӣ, дилсӯзӣ ба хоку сарзамини аҷдодӣ мекунем, албатта, бо забон. Шеър ҳам дар васфаш менависему суруд ҳам мехонем, то ба мукофоти олии Ватан мушаррафамон бигардонанд. Ҷойи бас афсӯс аст, ки ба ин мақсад низ мерасем ва дар назди Ватани муқаддасамон ҳеҷ шарм намекунем.
Ватан – ин модар магар фарзанди асилу меҳрубонашро намешиносад? Мешиносад. Аммо чӣ гуна бигӯяд, ки фарзандони ноқобилу ноасл ҳам дорад?
Таъкид мешавад, ки мо халқи шарафмандем, нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорем. Бояд ба ин таъкид ба ин боварӣ сазовор бошем ва ҳам дӯстро аз душман бишносем. Аз дур ба ин миллат, ба ин Ватан санги маломат меандозанд, аммо дар баробари он хомӯширо ихтиёр мекунем. Оре, то он замон, ки ин сангҳо бар сару дили мо мерасад.
Дарҳои фитнаҳову хиёнатҳоро мекушоянд ва мо хомӯшем. Ин ҳама хомӯшӣ, ба яқин, як  рӯз аз вуҷуди мо бо фарёдҳо сар бармеоваранд ва оромиро аз мо барои умре бармегиранд.
Оё мо Ватани муқаддаси худро дар асл тавонистаем, ки ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем? Ҳанӯз натавонистаем, аммо метавонем. Мо акнун роҳро пайдо кардаем ва имкони шинохтани мақсуду масъулият ба вуҷуд омадааст. Агар ин ҳақиқатро дарнаёбем ва аз хоби ғафлат сар бар наорем, як рӯз шояд ба маломати виҷдон озурда гардем. Чаро ба афсӯсу надомат он гоҳ умрро ба поён бирасонем?
На корест душвор. Шинохти рисолат, рисолати инсонӣ кофист, то ба маломати виҷдон рӯ ба рӯ нагардем, албатта, бо иҷрои он.
То ба мо ҳам дунё ин гуна буд, аммо пайваста бо ҳисси дилсӯзӣ ҳушдор медоданд, то дар роҳ бошанд ва аз пой наафтанд. Медонистанд, ки дар роҳ набудан ва аз пой афтодан марг буд ва он як навъи надониста худкушӣ муаррифӣ мешуд.
Чӣ гуна меандешем? Чаро нодуруст меандешем? Магар инсон дар ин дунёи паҳновару куҳан бе ҳеҷ мақсуд, бе ҳеҷ рисолат ҳаст шуда? Агар мурод хуфтану хӯрдану дар банду шаҳват мондан аст, пас ӯ аз ҳайвон чӣ фарқе дошта метавонад?
Як дастуру раҳнамоии пур аз суди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола барои шинохти ҳақиқату асолат ва рисолат нишон дода шудааст: «Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне, корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад». Пас, бояд аз худ бипурсем, ки дар ин маврид чӣ кори некеро ба анҷом расондаем ва ширкат ё худ шарикии мо қобили қабулу эътимод ҳаст? Ҷавоб бояд мусбат бошад, на манфӣ.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед