logo

иҷтимоиёт

COVID – 19. ТАДБИРҲОИ МУАССИРИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВӢ ИДОМА ДОРАНД

Хуруҷи дубораи бемории коронавирус дар мамолики Аврупову Амрико ҳушдор медиҳад, ки хатари паҳншавии он ба дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳанӯз аз байн нарафтааст. Бинобар ин,  ниҳодҳои дахлдори кишвар дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар марҳилаи ҳозира, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID – 19 дар кишвар хеле коҳиш ёфтааст, ситодҳо оид ба пешгирии паҳншавӣ ва интиқоли коронавирус ҷиҳати беҳтар омода намудани муассисаҳои табобатӣ ба муолиҷаи беморон, ба миқдори зарурӣ захира намудани доруворӣ, беҳтар  намудани вазъи таъминот бо таҷҳизотҳои  тиббии ташхис ва табобат кор мебаранд. 
 
Ба ин мақсад, муовини раиси ВМКБ, роҳбари ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус Назира Амирбекзода аз анборхонаи махсуси нигаҳдории доруворӣ дидан намуд. Зимни боздид аз муассисаҳои табобатии шаҳри Хоруғ, муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Нуралӣ Додалиев иттилоъ дод, ки соли сипаригашта дар вилоят 29 ҳодисаи фавт аз касалии COVID – 19  ба қайд гирифта шуд. Хушбахтона, аз 27 декабри соли гузашта то ба имрӯз сироятёбӣ аз ин беморӣ сабт нагардидааст. 
Санҷиш нишон дод, ки дар анбор ба миқдори зарурӣ маводи пешгирикунанда, муҳофизатӣ ва 57 намуди доруворӣ аз касалии илтиҳоби шуш захира гаштаанд. Муҳлати истифодабарии онҳо то солҳои 2022 – 2023 мебошад. Нуралӣ Додалиев зикр кард, ки ин доруҳо аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шарикони рушд, аз қабили Хадамоти тандурустии Оғохон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист, дигар ташкилот ва шахсони хайрхоҳ дастрас шуда, барои табобати беш аз 5 ҳазор бемор пешбинӣ мешавад. Доруворӣ барои беморон ройгон аст . 
Дар баробари ин, аксари ноҳияҳои вилоят таҷҳизотҳои рентгении рақамӣ дошта, рӯзҳои наздик ба касалхонаи вилоятӣ томографияи магнитӣ-резонансӣ (МРТ) оварда мешавад. Ин таҷҳизот агар аз як ҷиҳат шароити беҳтари аниқ намудани бемориро муҳайё месозад, аз ҷониби дигар сарсонӣ ва сарфиёти зиёдатиро аз байн мебарад. Зеро то ҳол ниёзмандон аз шаҳру навоҳии вилоят барои ташхис дар дастгоҳи МРТ ба пойтахти кишвар  мерафтанд. 
- Баҳри муборизаи муассир бо касалӣ  ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID – 19  ва шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаи тандурустии вилоят шабонарӯз талош доранд. Хушбахтона, дар вилоят ҳодисаи сироятёбии табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, фавти онҳо рӯзҳои охир аз ин касалӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат кормандони соҳаро, ки бо беморони коронавирус сарукор доранд, бо маблағҳои иловагӣ қадр менамояд, - зикр кард  муовини  раиси  вилоят Назира Амирбекзода.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 418
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед