logo

сиёсат

ПАЁМ ВА ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ СОКИНОНИ ШАҲРИ БӮСТОН АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми навбатӣ, ки дар оғози соли таърихиву ҳумоюн - сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, ба қалби пиру барнои кишвар шодиву нишот ва умеду боварии комил бахшида, роҳнамову дастури кории ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос гардид.
 
Дар оғози Паём Пешвои миллат аз таъсири ногувори бемории сироятии коронавирус ба рушди босуботи кишварҳои сайёра ва, аз ҷумла Тоҷикистон, ишора намуданд. Дарвоқеъ, бемории мазкур ба раванди босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ оварда расонд. Хушбахтона, бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва амалӣ гардидани сиёсати оқилонаву бобарор дар кишвари азизамон сарфи назар аз таъсири ногувори пандемияи коронавирус ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи мусоид гузошта шуда, баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ дар ҳама ҷабҳаҳо кӯшишҳои судманд равона шуданд. Аз ҷумла, ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустии мамлакат барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб ба маблағи 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ, ба шаҳру навоҳии кишвар равона намудани кумакҳо ва мулоқоту суҳбатҳои ҳикматбору боздиду сафарҳои кории бевоситаашон ба сокинони кишвар неруву тавони тоза бахшида, рӯҳияи мардумро болида гардонданд. Ҳамаи ин тадбирҳои хирадмандонаву оқилона дар маҷмӯъ, садди роҳи ҳамагуна нобовариву ҳаросҳои равониву маънавии мардумро дар мубориза бо ин бемории аср гирифт. 
Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта бо азму иродаи устувору матонати ватандӯстона ва бо ҳузури мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ ва бо шукӯҳи ҷаҳонӣ дар асоси қарори Созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО баргузор гардидани ҷашнҳои 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ ҳамчун рӯйдодҳои хубу хотирмони соли 2020 маҳсуб ёфт. Ин тадбирҳои шоиста дар замони ниҳоят печидаи авзои ҷаҳонӣ аз соҳибтамаддуниву соҳибфарҳангӣ ва арҷгузориву эҳтироми мардуми шарифи тоҷик ба таъриху гузаштаи пурифтихори худ шаҳодат дод.
Бо   иштироки  васеи  аҳолӣ  ва  сарҷамъонаву  бо   ҳамдилии саросарӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷонибдориву ҳамовозии сокинони ватандӯсту хештаншиноси кишвар аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат шаҳодат дод. Бо раъйи якдилонаи кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Пешвои миллат бори дигар собит намуд, ки сиёсати оқилонаву дурнигарона аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибониву дастгирӣ гардида, халқи саодатманди тоҷик бо роҳнамоиву раҳбарии хирадмандонаи Пешвои маҳбуби худ ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувору баҳодурона гузошта истодаем.
Дар замоне, ки тамоми кишварҳо ба мушкилоти молиявию иқтисодӣ мувоҷеҳ гардиданд, маҳз амалӣ шудани нақшаву ниятҳои созанда ва ҷаҳду талоши халқи хештаншиноси тоҷик буд, ки соли сипаришуда иқтисодиёти кишвар 4,5, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 ва кишоварзӣ 8,8 дарсад афзоиш ёфт. 
Бо мақсади расидан ба татбиқи бонизоми ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ дар саросари кишвар бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Албатта, сокинони шарафманди шаҳри Бӯстон низ бо илҳом аз сиёсати бунёдкоронаву дурнигаронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат баҳри расидан ба татбиқи бонизоми ҳадафи олии кишвар, яъне таъмини зиндагии шоиста ба ҳар фарди мамлакат ҷаҳду талош намуда, барои истиқболи ҷашни фархундаву хуҷастаи умумимиллиамон саҳмгузорӣ намуда истодаанд. 
Соли сипаришуда бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии ҶДММ «Восидзода», корхонаи хусусӣ оид ба истеҳсоли қубурҳои пластикии «Сифат пласт» ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр аз рӯйдодҳои хотирмони сокинон гардида, рӯҳияи моро барои вусъати тадбирҳои ободонӣ дучанд гардонд.
Дар ин сол бо назардошти тағйиротҳо иҷрои буҷети шаҳр ба андозаи 106,6 дарсад ва нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 106,7 дарсад таъмин гардид. 
Айни замон дар шаҳр 33 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти ҳамаи хизматрасониҳо ва бахши хусусӣ ба маблағи 516,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111 миллион сомонӣ зиёд аст. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 444,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 106,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Соҳибкорону истеҳсолкунандагони шаҳр баҳри саҳмгузорӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар давраи пандемияи коронавирус 76,9 ҳазор тонна орд, 284 тонна равғани рустанӣ, 142 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карданд. 
Бо шукргузорӣ аз сиёсати бобарору умедбахш ва нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас, ки мардумро ба сӯи музаффарияту фардои ободи Ватан раҳнамоӣ менамоянд, мо - сокинони шаҳри Бӯстон дар атрофи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар гардида, тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри шукуфоии кишвари биҳиштосоямон равона хоҳем кард.
 
Раъно ҲОШИМЗОДА,
раиси шаҳри Бӯстон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед