logo

иқтисод

ХОРУҒ. ШАҲРИ АФСОНАВИЕ ДАР БАҒАЛИ КӮҲ

 Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва вусъати корҳои созандагиву ободонӣ симои шаҳру деҳоти кишвар босуръат тағйир меёбад ва шаҳри Хоруғ аз ин қатор берун нест. Танҳо дар ду соли охир симои зоҳирии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба  куллӣ  дигар шуд ва чунин шаҳрсозии босуръат дар ягон давру замон мушоҳида нагардидааст. Ҳатто, дар даврони  шӯравӣ шаҳри Хоруғ бо чанд бинои  бисёрошёна аз деҳаҳои калон фарқ мекард  ва танҳо ба шарофати истиқлолияти комили миллӣ он ба як шаҳри афсонавие дар бағали кӯҳҳои осмонхарош табдил ёфта, рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.  

Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои созандаи роҳбарияти вилояту кӯшиши аҳли заҳмати шаҳр ва суботи комил имкони бунёдкории бемислро дар шаҳри Хоруғ фароҳам оварданд. 
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ бо қаноатмандӣ ва ифтихор зикр  кард, ки чунин авҷи  созандагию бунёдкорӣ, ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа дар пешрафти як гӯшаи дурдасти кишвар, худогоҳии миллӣ завқи хизмат кардан ба ин мардумро дар дили ҳар роҳбар дучанд меафзояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташрифи навбатиашон ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо  фаъолони вилоят дар шаҳри Хоруғ ин нуктаро махсус таъкид намуданд, ки чӣ тавр пиразани 80-солаи сокини шаҳри  Хоруғ ба синну соли худ нигоҳ накарда, Роҳбари кишварро бо дафу дуҳул истиқбол  гирифт. Ин эҳтиром ба Роҳбари кишвар, ба сиёсату мароми ӯ, ба созандагиву ободкориҳо, ба хештаншиносиву ватандӯстӣ аст, ки ҳар як сокини вилоят, аз ҷумла  шаҳри Хоруғ, дар дил мепарварад. Президенти мамлакатро ин ҳол хеле ба риққат овард ва ӯ бо камоли хушҳолӣ ва сипос нисбат ба ин мардум  чунин гуфтанд: ”Чӣ тавр ба ин мардум аз дилу ҷон хизмат накунем?!” Дарвоқеъ, чунин муносибати шаҳрвандони одӣ ҳар як роҳбар, аз ҷумла роҳбарияти шаҳрро, водор месозад, ки дар иҷрои  вазифаи хизматиаш масъулияти бештарро эҳсос намояд. Ин аст, ки дар зарфи 30 соли истиқлолият шаҳри Хоруғ дар тамоми самтҳои хоҷагӣ бесобиқа рушд кард. Кушода шудани шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ- Кулма, сохтмони пулҳои мошингузар аз болои дарёи Панҷ равобити иқтисодию иҷтимоии сокинони шаҳри Хоруғро на танҳо бо минтақаҳои Тоҷикистон, балки Чину Афғонистон таъмин намуд. Бо ҳидояти хирадмандонаи Сарвари давлат дар ин гӯшаи кишвар иншооти муҳими аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта, аз ҷумла маркази ҷавонон, чойхонаи миллӣ, ду бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии  Хоруғ, мактаби президентӣ, варзишгоҳи марказӣ барои 6000 ҷойи нишаст, қасри варзиш, корхонаи дӯзандагӣ ва даҳҳо иншооти дигари маишию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир гардид, ба тавсеаи корҳои ободониву созандагӣ такони ҷиддӣ бахшид. Роҳбари давлат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, ки дорои 150 ҳуҷра ва 300 ҷойи корӣ мебошад, санги асос гузоштанд. Ҷаноби Олӣ, инчунин, дар вазъияти тантанавӣ бинои раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, бинои муҳташами Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар маркази шаҳр, кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, биноҳои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД, маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғчаи кӯдакон ва дигар иншооти ҳарбию маданиро дар отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ ба истифода доданд. 
Дарвоқеъ, тарҳи биноҳои сохташавандаи ҳудуди шаҳр дар солҳои охир ба лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозии замони муосир мутобиқ мебошад. Бо қомат афрохтани биноҳои 9-ошёна ва бунёд гардидани хонаҳои истиқоматии 12 ва 13-ошёна ҳусни шаҳр даҳчанд меафзояд.        
Ҳоло Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2020 - 2025 дар марҳилаи аввал, бо фарогирии  45 банд ва ҷалби 1 миллиарду 45 миллиону 755 ҳазор сомонӣ таҳия гардида, бо пайдо шудани дигар лоиҳаҳо ва сармоягузорон ба он  бандҳои дигар илова мешаванд. 
Дар раванди бунёдкорӣ соҳибкорони ватандӯсту асил низ таҳти ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ободонии шаҳр саҳмгузорӣ мекунанд. Дар рӯзҳои ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Муқаррабшо Ноёбшоев коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” бо 42 ҷойи корӣ ва бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” аз ҷониби соҳибкор Айдибек Бекмуродӣ  ба истифода дода шуданд. Бо қувваи соҳибкорони маҳаллӣ имрӯз дар  маҳаллаҳои шаҳр  даҳҳо марказҳои тиҷоратӣ, маишию хизматрасонӣ, мағоза, меҳмонхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ, маркази тиббӣ ва истеҳсоли доруворӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, муассисаҳои томактабӣ ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ бунёд мегарданд. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ 22 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият мекунанд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири кӯҳистон» - яке аз корхонаҳои муваффақи истеҳсолии шаҳр ҳамарӯза даҳҳо намуди маҳсулоти шириро истеҳсол ва пешкаши харидорон менамояд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди аз 5 то 7 тонна маҳсулоти ширӣ мебошад. Корхонаи дӯзандагии Агентии таъминоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба дӯхти либосҳо, кӯрпаву болинҳо ва либосҳои ҳарбӣ машғул аст. 
Бо ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ лоиҳаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ”, “Беҳсозии низоми обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон-марҳилаи 2 (шаҳри Хоруғ)”, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо (марҳилаи 4)”, “Рушди таҳсилоти олӣ” ва дигар лоиҳаҳои судманд амалӣ мегарданд. Маблағи умумии онҳо дар соли 2020 қариб 30 миллион  сомониро ташкил дод. Роҳандозии чунин лоиҳаҳо дар мадди аввал баҳри беҳбудии рӯзгори мардум нигаронда шудааст.  
Мирзонабот Алишер аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр сохтмони 18 майдончаи варзиш бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба нақша гирифта шуд. Соли сипаригардида 9 - тоаш ба истифода дода шуд ва сохтмони майдончаҳои дигар идома дорад.
Тибқи нақша - чорабиниҳои ҷашнӣ то имрӯз 40 иншооти гуногунсамт ба маблағи 160 миллиону 330 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Дар 18 объекти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо арзиши қариб 80 миллион  сомонӣ  вусъат доранд. Дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ марказҳои хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакон - “Мадагаскар - Помир” ва “Аловуддин” ба истифода дода шуданд. 
Бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр баҳри таъмини инфрасохтори сайёҳӣ марказҳои ҳунарҳои мардумӣ: «Де-Памирӣ», «Помир-Лодҷ», «Бадахшон-Травел» ва меҳмонхонаҳои замонавии «Серена», «Лаъл», «Кивекас», “Памир плейс” бунёд гардиданд. Инчунин, ширкатҳои сайёҳии «Ассотсиатсияи сайёҳӣ-экологии Помир», «Тур де - Памир», Ассотсиатсияи ронандагони «Сафар» ва меҳмонхонаҳои «Деҳлӣ - Дарбар», «Помир Вояж», «Помир Тревела» ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Дар маркази вилоят зиёда аз 10 меҳмонхонаи хусусӣ, 40 ҳомстей, 17 иншооти таърихию фарҳангӣ ва баҳри муаррифии сайёҳии экологию фарҳангӣ боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, боғи набототи Помир, чойхонаи миллӣ мавҷуданд.
Дастовардҳои солҳои охири соҳаи маориф дар шаҳри Хоруғ хушҳолкунандаанд. Соли 2020 дар ҳузури Пешвои миллат бинои асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 барои 480 хонанда ифтитоҳ гардид. Тариқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” таҷдиди бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5  идома дорад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои кӯдакистони рақами 1 бо тамоми шароитҳо сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, маркази таълимии кӯдаконаи “Амзалӣ” бо ибтикори соҳибкор Р. Ҷоншоева мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни замон ду кӯдакистон дар Ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ ва 4 кӯдакистон дар Ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур фаъолият дорад. Дар ҳамкорӣ бо барномаҳои Бунёди Оғохон ду кӯдакистон дар маркази шаҳр ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғуланд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки  сифати  таълиму тарбия дар муассисаҳои маорифи шаҳр ба сатҳи баландтар бардошта шавад.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ маркази ташхисӣ-тиббӣ бо навтарин инфрасохтор ва таҷҳизоти соҳаи тиб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он табибони сатҳи баланди касбӣ ба мардум хизмат мерасонанд.  Ҳамчунин, соли сипаригашта бинои нави маъмурӣ ва мошинсаройи стансияи ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони миёнаи тиб дар маҳаллаи Бархоруғ муассисаи давлатии коллеҷи тиббӣ барои 240 хонанда ва хобгоҳ барои 70 нафар ба фаъолият оғоз намуд. 
Ҷавонон ҳарчи бештар моҳияти арзишҳои миллиро дарк мекунанд ва ба онҳо арҷ  мегузоранду дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ширкати фаъолона доранд. Чанд соли охир шаҳри Хоруғ нақшаи сафарбаркунӣ дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар як рӯз ва барзиёд иҷро менамояд. 
Бунёду барқарорсозии роҳҳои ҳудуди шаҳр, чароғонкунӣ, сангфаршу мумфаршкунӣ авҷи тоза гирифта, қисми роҳҳои пиёдагарди маркази шаҳр сафолакпӯш шуданд. Имрӯз майдони марказии вилоят бо қомат афрохтани муқаддасоти миллӣ - Нишон ва Парчами давлатӣ ва гулгаштҳо намои зебоеро ба худ гирифтааст. 
Бо мақсади таъмир ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Хоруғ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҳамкорӣ  бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Созишномаи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ  марҳилаи -2” ба имзо расонда шуд. Маблағи лоиҳа 4 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад ва корҳо дар ин самт шурӯъ гардидаанд. 
- Ба ҳамаи ин бунёдкориҳо нигариста, ҳар як сокини шаҳр бо шукргузорӣ аз  оромиву суботи кишвар эътимоди бештар ба он пайдо мекунад, ки Хоруғ дар ояндаи наздик ба як шаҳри зебову замонавӣ, дар асл ба "нигин" - и ҳақиқии Бадахшон табдил меёбад.Чунин ободониву созандагиҳо,  бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастаанд,- иброз кард иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед