logo

сиёсат

ПАЁМ. АЗ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ишора гардид, ки дар шароити зудтағйирёбанда, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя бояд намуд ва барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош бояд кард. 
 
арвари давлат ба масъалаи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ аҳамияти дигарбора ва ғамхории ҷиддӣ зоҳир намуда, барҳақ, ба масъулон дастур доданд, ки маҳз ривоҷи минбаъдаи ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ба фаровонии дастархони мардуми шарифи мамлакат мусоидат месозанд. Кам гардидани воридоти гӯшти паранда ба кишвар ва рушди бемайлон намудани соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон маҳсули ҳидоятҳои дурандешонаю самарабахши  Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, ин ҷода бояд беш аз пеш тараққӣ кунад. Дар тӯли солҳои охир чунин дастовардҳои назарраси истеҳсоли дохилӣ мардумро ба ояндаи пурфайзу неки мамлакатамон дилгарм сохта, танқисии норасоии маводи ғизоӣ торафт камтар эҳсос мегардад. Хусусан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат зоҳир гардидани ғамхории беназир, яъне аз супурдани андози ягона дар соли 2021 озод намудани кишоварзони мамлакат дар миқёси тамоми ҷумҳурӣ қаноатмандию миннатдории бемислеро ба амал овард. Дар Паёми имсола ба масоили ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон низ аҳамияти хосса зоҳир гардида, барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо тадбиру дастурҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд. Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш доданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми чораю тадбирҳои даркориро амалӣ созанд. 
Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ҷавононро имрӯзу ояндаи кишвар ва идомадиҳандаи меҳнату заҳмат ва анъанаҳои падарон номида, бори дигар онҳоро ба ҳушёрию зиракӣ водор сохтанд ва ишора карданд, ки аз равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ барканор бошанд. Ҷавонон бояд баҳри оромию ободӣ ва сарсабзии ҳамешагии кишвари азизамон саҳмгузор шаванд. 
Президенти ғамхори мо дар Паёми имсолаи хеш низ нисбат ба кормандони соҳаи маориф бо таваҷҷуҳи алоҳида баромад намуда, саҳми боризи онҳоро дар баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум бо далели қатъӣ нишон доданд. Пешвои муаззами миллат бори дигар аз нукоти Паёми порсолаи хеш ёдовар гардида, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди солҳои 2020 - 2040 - Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф ба ниҳодҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд кардани стипендияи онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба илму маориф башорат медиҳад.
 
Нурулло  ШАМСОВ,
мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед