logo

иқтисод

МУҲИТИ ЗИСТ. ТАТБИҚИ ИҚДОМОТИ ОЯНДАСОЗ

 
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо - як гурӯҳ рӯзноманигорон ба шаҳри Турсунзода пресс - тур анҷом додем. Тамошои шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Турсунзода, иштирок дар аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал», ҳамчунин, шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи саноатии коркард ва истеҳсоли маводҳои полиэтиленӣ бисёр хотирмон гузашт. 
    
Нахуст, дар даромадгоҳи шаҳр корҳои ободонию созандагӣ дар доираи амалисозии аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» аз шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зери роҳбарии раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода якҷо бо сокинони деҳоти Қаратоғ ва Навобод ширкат варзида, 370 бех ниҳоли арча шинонданд. Худи ҳамин рӯз дар баробари деҳоти Қаратоғ ва Навобод сокинони дигар деҳоту маҳаллаҳо, кормандони идораю ташкилотҳо, дар маҷмӯъ, наздики 3500 нафар дар корҳои ободонӣ ва тозаю озода намудани гирду атрофи шаҳр ва маҳали зисти худ саҳм гузоштанд.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов, иброз дошт, аз аввали сол дар шаҳр ҳашари умумии тоза кардани кӯчаю хиёбонҳо, роҳу маҳаллаҳо гузаронда шуда буд, аммо корҳо дар доираи аксияҳо дар соли 2021 бори аввал баргузор мегардад. Чорабинии мазкур дар ҷараёни вусъати корҳои сабзкорӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба  пешвози ҷашнҳои миллӣ саривақтӣ мебошад. 
То имрӯз дар шаҳр беш аз 2 ҳазор дарахти сояафкану ороишӣ шинонда шуда, то Ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар маҷмӯъ 6 ҳазору 540 бех дарахти дигар шинонда хоҳад шуд. 
Тоза кардани соҳили дарёҳо низ аз масъалаи муҳим барои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар самти ҳифзи захираҳои об буда, идомаи кори иштирокчиёни чорабинӣ гардид. Соҳили дарёи Қаратоғ дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва соҳили дарёи Ширкент дар ҳудуди ҷамоатҳои Работ, Навобод ва Ҷамоати деҳоти Регар аз партов покиза гардида, партовҳои баровардашуда тибқи маълумоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар масоҳати 20 метри мукааб ба партовгоҳи асосӣ бурда шуд. Соли гузашта дар натиҷаи гузарондани аксияи «Тозагии соҳил» аз каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва дигар манбаъҳои обии кишвар, дар маҷмӯъ беш аз 2793 метри мукааб партов бароварда шуд.
Маълум гардид, ки коргоҳи истеҳсолии коркарди маводҳои полиэтиленӣ дар шаҳри Турсунзода ду вазифаи асосиро иҷро менамояд, яъне истеҳсоли лӯлаи пластикӣ ва муҳити зистро тавассути аз аҳолӣ ҷамъ кардани халтаҳои полиэтиленӣ, ки бо теъдоди зиёд партофта мешавад, эмин нигоҳ доштан. Коргоҳ бо як таҷҳизоти коркард дар як рӯз 1 тонна лӯлаи пластикӣ истеҳсол менамояд. Муҳим он аст, ки мутахассисони коргоҳ  халтаҳои полиэтилениро ҷамъоварӣ, аниқтараш бо арзиши то 3 сомонӣ барои як килограмм харид намуда, барои таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо кумак мерасонад.
Ба гуфтаи Илҳом Шерматов, директори коргоҳ, дар шароити феълӣ, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат вусъати тоза пайдо кардааст, истеҳсоли ин маҳсулот басо зарур аст. Лӯлаҳои пластикӣ бештар дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва алоқа ба таври васеъ мавриди истифода қарор доранд. Алҳол мутахассисони соҳа тасмим гирифтанд, ки фаъолияти корхонаро бо назардошти дар он бунёди сехи иловагии истеҳсоли симтӯр васеъ намоянд. Барои баланд бардоштани самаранокии кори корхона дар назар аст, ки фаъолияти он дар минтақаҳои саноатии кишвар низ ба роҳ монда шавад. Кормандони коргоҳ боварии комил доранд, ки ин нақшаи онҳо ба зудӣ амалӣ шуда, ба ин восита метавонанд дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми бештар гузоранд.
  
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед