logo

фарҳанг

ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОҚОВ. ЁДИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳабибулло Абдураззоқов дар  театру синамои тоҷик машъали дурахшонеро мемонд, ки бо офаридани образҳои ҷолиб дар дили тамошобин абадӣ ҷой гирифтааст. Ин нуктаро Обид Назариён, муовини вазири фарҳанг, дар маҳфили «Поси хотира»-и ҳунарманд, ки дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор гардид, баён дошт.
аҳмадсаид Шоҳиён, директори «Тоҷикфилм»,  зимни сухани ифтитоҳии худ аз ҳаёт ва фаъ-олияти ин ҳунарманди шаҳир ёдовар шуд, ки  шавқи ҳунарпеша шудан ҳанӯз аз даврони наврасию ҷавонӣ дар дили Ҳабибулло Абдураззоқов аланга мезад. Бо тавсияи наздикон, ба Донишкадаи  кишоварзӣ дохил шуд, вале пас аз чанде вохӯрии тасодуфие бо марди рус, аниқтараш  Всеволод Осталский, ректори омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкин, ӯро ба саҳнаи ҳунар ворид намуд. Ӯ аз озмуни устодони санъату адаб  гузашта, озими шаҳри Москва  шуд. Он ҷо дарсҳои маҳорати ҳунарпешагиро аз устодони ҳунар Олга Пижова ва Борис Бибиков аз худ намуд.  
Мавриди зикр аст, ки Ҳабибулло Абдураззоқов аз солҳои шастуми асри гузашта ба фаъолияти касбӣ шурӯъ карда, дар бисёр намоишу филмҳои тоҷикию хориҷӣ нақш офаридааст. Солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон  фаъолият дошт. Таъсиси театри «Падида» ва роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» аз ташаббусҳои хотирмони ӯ ба ҳисоб мераванд. Корномаи синамои ҳунарманд рангину ҷолиб ва пурмаҳсул буда,  дар филмҳои ҳунарии «Марги судхӯр» (соли 1966), «Хиёнат» (1967), «Духтари сеюм» (1971), «Чор кас аз Чорсанг» (1972), «Субҳи Ганг» (1975), «Достони Сиёвуш» (1976), «Муҳосира» (1977),  «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1978), «Минтақаи назоратӣ» (1980), «Нигоҳи шод» (1982), «Асрори оила» (1983), «Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин – Архар» (1985), «Дарвеши ланг» (1986), «Айнияти хоҳиш» (1991), филми ҳунарии студияи телевизиони Душанбе «Фариштаи сиёҳ» (1963), силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар» (2005), филмҳои бадеии «Ба ватан хизмат мекунам» (1980), «Сайди иблис» (1983, ҳар ду истеҳсоли киностудияи «Ӯзбекфилм»), «Асир» (истеҳсоли Олмон, 2006), «Шукрона» (силсилафилми телевизионӣ, ТВ Эрон, 2008), «Дар чашми бод» (силсилафилми телевизионӣ, ТВ Эрон, 2010) нақш офаридааст. 
Дар саҳнаи театр ӯ дар беш аз 30 намоиш нақш бозидааст, ки маъруфтаринашон Любим Торсов ("Камбағалӣ айб нест"-и А. Н. Островский, 1960), Ёдгор ("Дохунда"-и Ҷалол Икромӣ, 1961), Меркутсио ("Ромео ва Ҷулйетта"-и Уилям Шекспир, 1963), Афросиёб ("Рустам ва Суҳроб"-и Ғанӣ Абдулло, 1966) ва Низомиддин ("Дилҳои сӯзон"-и Ҷ. Икромӣ, 1967) мебошанд.
- Ҳабибулло Абдураззоқов дар ҷодаи интихобкардааш намунаи ибрат буд. Нури чашми аҳли адабу ҳунар буд. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Москва, бо одобу тамкин ва рафтори намунавӣ ва зарофатгӯиҳояш аз дигар ҳамсабақон фарқ мекард, - гуфт Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Унвонҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи синамонигорони Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфароз гаштан бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Дӯстӣ», медалҳои «Барои хизмати шоиста» ва «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътирофу эътибори баланди шодравон дарак медиҳад. Ӯ тавонист аз хеш номи нек боқӣ гузорад. 
Дар маҳфил, ҳамчунин, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб, Ортиқи Қодир, Қурбон Собир, Арбоби шоистаи санъат Тӯрахон Аҳмадхон ва наздикону пайвандони ҳунарманд суханронӣ карда, аз рӯзгори ибратомӯзаш ёд оварданд.  
Бешак, даргузашти устоди саҳнаи театру синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов барои аҳли фарҳангу ҳунар, умуман барои миллати тоҷик, талафоти бузургест. Ёди ин ҳунарманди машҳур ва сарсупурдаи санъат дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд. 
 
Комрон САФАР,
 «Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2021    №: 31    Мутолиа карданд: 504
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед