logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. МАСЪАЛАИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН МУҲОКИМА ШУД

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиҳатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар дастгоҳи раиси вилоят ва идораву муассисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби баъзе  роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят риоя намегарданд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба унвони раиси  вилоят арзу шикояти зиёд ворид мегардад. Ин нуктаро Ёдгор Файзов, раиси  ВМКБ  дар  машварати  назди раиси вилоят баён дошт. 
Мамадносир Мамадносиров, мудири бахши муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят, зимни гузориш оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ” зикр кард, ки дар соли сипаришуда ба дастгоҳи раиси вилоят 1291 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки  ин нисбат ба соли 2019 - ум  595 адад камтар мебошад. Аз ин теъдод 324 муроҷиат ҷавоби мусбат гирифт, 137 муроҷиат қонеъ нагардид ва ба 734 муроҷиаткунанда моҳияти қонун фаҳмонда шуд. Аз 584 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон 56 муроҷиат ҳаллу фасл гардида, 34 ариза дар баррасӣ қарор доранд. Зикр шуд, ки тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз 7 то 15 рӯз  муқаррар гардида, муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб мекунанд, баъди пешниҳоди гузориш вобаста ба дароз кардани муҳлати иҷро то 30 рӯз бояд баррасӣ гарданд. Мутаассифона, ин банди қонун аз ҷониби роҳбарони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо иҷро нагардида, дар бисёр маврид боиси норозигии шаҳрвандон мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми  ҳуҷҷатгузорӣ дар идораву муассисаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ  дар дараҷаи паст қарор дорад. 
Раиси вилоят Ёдгор Файзов дар робита ба масъала қайд кард, ки  сари вақт ҷавоб нагардондан ба муроҷиати шаҳрвандон эътимоду боварии мардумро нисбат ба сохторҳои давлатӣ коҳиш медиҳад. 
Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки минбаъд ба баррасии мароҷиати шаҳрвандон ҷиддӣ муносибат намоянд ва барои сари вақт посух гардондан ба онҳо бо масъулияти ҷиддӣ кор кунанд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2021    №: 32    Мутолиа карданд: 546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед