logo

фарҳанг

«МАН БОРҲО ОЗМУДААМ...»

Муҳаммад Алихон, фармонравои Хӯқанд, ба амалҳое рӯ оварду даст зад, ки ҳатто Иблис аз онҳо нанг медошт. Бо ин номи худро дар таърих бо ҳарфҳои сиёҳ навишт. Ҳеҷ кас, ҳам умарои Хӯқанд ва ҳам аҳли фатвои Бухоро, инчунин, пайвандону наздикони хунияш ӯро натавонистанд аз корҳои шанеъ боз доранд.
Муаллифи «Мунтахабу-т-таворих» Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳакимхон  чунин менигорад: «Баъд аз вафоти Амир Умархон Муҳаммад Алихон ба модараш Хонподшоҳ махфӣ бозӣ мекард ва ӯ низ аз ҷиҳати беназир будан дастдарозӣ мекард... Муҳаммад Алихон ҳар коре, ки дар назди халқу Холиқ мардуд (радшуда) буд, ӯро ба нафси худ лозим дониста, иртикоби амри шанеъ намуд.»
Ӯ ба модари разоии худ (зане, ки шираш дода буд) дастдарозӣ менамуд. Баҳодурхоҷа, шавҳари он зан, ки дастархончии Амир Умархон буд ва Муҳаммад Алихон ӯро падар мегуфт, чун аз ин воқеа огоҳ мешавад, монеи ин кор мегардаду ба мақсад намерасад, тарки хонаву дар ва мамолики Фарғона мекунад.
Аз фитнаи ин замонаи шӯрангез
Бархез, ба ҳар ҷо, ки тавонӣ бигрез.
В-ар пойи гурехтан надорӣ, боре
Дасте зану бар домани хилват омез.
Баъди тайи масофат ба Бухоро, ба пеши Амир Насруллоҳ омад ва аз он ҷо иродаи Байтуллоҳ кард. Пас аз бозгашти ҳаҷ дар вилояти Хоразм омада, ҷон ба Ҷонофарин дод.
Инчунин, Муҳаммад Алихон ду фоҳишаро дар қаламрави худ мутлақулинон намуда буд. Онҳо ба хонаҳои мусулмонон медаромаданд ва ҳар зану духтаре, ки писандашон меафтод, ба зӯрӣ меоварданд. Ва агар мувофиқи табъашон намеафтоданд, пул меситониданд. «Мусулмонон аз ҷиҳати номуси худ ҳар чӣ, ки ӯ мегуфт, ба хурсандии тамом тило медоданд.» Ин занону духтаронро он ду фоҳиша таълими бозӣ ва ҳофизӣ медоданд, то ки дар кори бозиву тараб хуб омил шаванд.
«Ва дар он вақт бар дили Муҳаммад Алихон низ муҳаббати қимор афтод. Дар ҳар вилоят қимордори овозадорро ёфта, оварда, ҳар шаб ба бохтани қимор пардохт ва бо чанд ҳаромиёни дузд, ки ангуштнамои олам буданд, ҳамдастон шуд ва ин хислат, ки бадтарини хислатҳои инсонӣ аст, сабаби мубоҳоти (ҷамъи мубоҳ) худ донист ва шабу рӯз ба ин кор пардохт.» Умаро ва фуқарои тамоми маҳаллоти Фарғона аз корҳои ношоистаи амири худ чун сипанд дар оташ  месӯхтанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ насиҳат ва ҳидоят асар намекард. Аз наздиконаш ҳар кӣ ба насиҳат лаб мекушод, то оинаи зангорбастаи ӯро сайқалӣ бубахшад, ӯро гӯш намекард. Агар аз баҳри ин гуна насиҳатҳо намегузашт, «ба чандин хорию зорӣ ба ханҷари зулм сар аз тан»-аш ҷудо менамуд ва ба дараҷаи шаҳодаташ мерасонд.
Барои хидмати он кас, ки нашносад ҳақи 
хидмат,
Макун авқоти худ зоеъ, ки на музд аст, 
на миннат.
Азбаски Худованд ҳикмати дергиру сахтгирии худро ба бандагони ғофил нишон медод, чанд муддат ӯро ба ҳоли худ гузошт. Он золим амалҳои ношоистаи худро меафзуд. Инчунин, фахркунон мегуфт: «Мардум надониста маро аз ин корҳои номуносиб манъ мекунанд. Ман борҳо озмудаам, ки ҳар вақт кори савоб кунам, мисли рӯза дорам ё намоз хонам, ба ман муборак намеояд. Чӣ миқдор кори гуноҳ аз ман сар занад, ривоҷи кори ман мешавад».
Ҳамин тавр, дар итоати нафси амора буд ва аз парҳезкориву салоҳ канора меҷуст. Ӯ, инчунин, ҳамаи фатҳи худро ба дигар вилоятҳо аз касофати корҳои бади худ медонист ва хурсандиҳо мекард ва аз шодӣ ба пероҳан намеғунҷид. Намедонист, ки ин хонаравшанкунӣ аст ва шамъ дар вақти мурдан бештар равшан мешавад:
Шамъи ман дар вақти мурдан хона равшан 
мекунад...
Аз Кошғару Шаҳрисабзу Бухоро ва аз ҳар вилояти дигар кабӯтарони хуб ҷамъ намуд. Муҳаббаташ ба ин паранда ба дараҷае буд, ки ошёнаи кабӯтаронро аз табақи чинӣ сохт, мехи онро бошад, аз нуқра ва хонаашро аз кошин. «Дар пойи кабӯтарон резаи тило ва нуқра овехта буд. Ба чандин ҷо чунон кабӯтар ҷамъ карда буд. Гӯянд, ҳар рӯз бад-он кабӯтарон чиҳил ман дона сарф мешуд ва чандин доира сохта буд».
Аз рӯи маслиҳати умарои вақт амир бояд оҳанги Ӯротеппа мекард, яъне ба ин ҷониб лашкар мекашид, вагарна «дар саҳл рӯз футур аз давлат мешуд», аммо онро намепазирад. Ба он хотир, ки ӯ азми ин кор бикунад, чунин тавсифи вилоятро раво мебинанд: «Шунидаам, ки кабӯтароне, ки дар вилояти Ӯротеппа будааст, дар ҳич иқлиме набудааст. Вақте ки дар парвоз меомадааст, сари ӯ ба осмон месудааст. Замоне, ки дар бозӣ кардан бол мекушудааст, ҳиҷ сарвқади раққосе ба ӯ баробарӣ намекардааст. Инчунин, кабӯтарони бозингари ба назокат мавҷуд бошад. Мо ба бистари роҳат хобем». Бо шунидани ин суханони тавсифӣ изҳор медорад, ки лашкарро ҷамъ намоянд, «мо ба ҷониби Ӯротеппа савор мешавем». Гуфт: «Ман ба дуздӣ меравам, на ба ошкоро». Умаро диданд, ки намешавад, ноилоҷ қабул карданд, азбаски нияти ӯ кабӯтар ба даст овардан буд, на мулк гирифтан. Бинобар он, дуздиро ихтиёр намуд.
Бояд зикр кард, ки тамоми умри худро, тавре муаллиф нигоштааст, ба доиранавохтан низ пардохт. Нуҳ доираи махсус аз барои навохтани худ карда буд, ки ҳамаи занҷирҳои ӯ тилло ва нуқра буданд.
Хулласи калом он, ки Муҳаммад Алихон модари худро дар ақди худ даровард ва ин хабар дар тамоми вилояти Фарғона паҳн шуд. Мардум ангушти ҳайрат ба дандон мегазиданд ва лаънат мегуфтанд. Аз он ду нопок се фарзанд ба вуҷуд омад.
Ба Султон Маҳмудхон, ки хост монеи ин кор бишавад, дарошуфтанд. Ӯ ба Амир Насруллоҳ ба ин мазмун хат навишт: «Шунидам, ки бародарам Муҳаммад Алихон мавтуъи падарро ҳалол дониста, дар ақди худ даровардааст. Бухоро маъдани уламо аст, дар ин масъала чӣ ҳукм мекарда бошанд. Шумо бузурги Мовароуннаҳред. Ба ин амал шанеъ чӣ мефармоед?»
Амир Насруллоҳ элчии худро ба назди Муҳаммад Алихон мефиристад. Ӯро амири Хӯқанд эҳтиром мегузорад. «Рӯзи ҷавоб он бечора гуфт: «Амир Насруллоҳ мегӯянд, уламои Хӯқанд мавтӯи падар ба фарзанд ҷоиз гуфта, ривоят додаанд. Мо дар Бухоро ҳарчанд китобҳои муътабарро тафтиш кардем, ҳиллияти ӯро наёфтем. Агар ҳамон ривоятро фиристонанд, уламои Бухоро бинанд...»  Чун элчӣ ин суханро тамом кард, Муҳаммад Алихон аз ҷиҳати ҷаҳли мураккаб доштан чунон оташи хашм бар вай ғалаба карда буд, ки билотаваққуф аз ҷой бархост ва элчиро бар замин зад ва сари ӯ ба дандон мегазид. Баъд надимон аз дасти Муҳаммад Алихон ҷудо карданд ва ҳукм намуд, ҳамаи эшонро дастгир намуда, ба ҳабс андозанд.»
Мардум аз тарси худ дигар чизе намегуфтанд, ба ин умед, ки:
Шояд, ки зи сад гиря яке коргар афтад.
Умаро боз ба насиҳат  пардохтанд. Ӯ мегуфт: «Агар ман дар ин вақт аз ин кор боз истам, мардум мегӯянд, аз тарс бозистод. Бинобар он, даст аз ин кор боз нахоҳам дошт:
Морӣ ту, ки ҳар киро бубинӣ, бигазӣ,
Бумӣ, ки ба ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ.
Хулласи калом он, ки оқибат Муҳаммад Алихонро Маҳмудхоҷа бо  лашкариёнаш дастгир намуда, ба чандин хорӣ дар пеши Амир Насруллоҳ оварданд ва ба қайд кашиданд. Амир Насруллоҳ ҳукм намуд, ки сари пурғурури Муҳаммад  Алихони модарзанро аз тани нопокаш пок сохтанд.
Маро ба марги аду ҷои шодмонӣ нест,
Ки зиндагонии мо низ ҷовидонӣ нест.
 
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2021    №: 32    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед