logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барномаву ҳадаф ва самтҳои меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои як соли дигар ва, дар маҷмӯъ, солҳои минбаъда мушаххас намуд. Собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Паёми Пешвои миллатро бо рӯҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, бахусус нафақагирон, муттасил ғамхорӣ зоҳир менамояд. 
Имрӯз нисбат ба соли 2016 нафақаи маъюби ҷанг 213 сомонӣ, иштирокчии ҷанг 187, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг 100 ва нафақаи миёнаи вилоят  92 сомонӣ афзудааст. Бо назардошти ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу ақибгоҳ ва беҳбудии вазъи зисту зиндагӣ, хизмати маишӣ ва мадании онҳо 20 сол мешавад, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо  ҳалокшуда, маъюбону ҷанговарони қаламрави давлатҳои дигар, Артиши Шӯравӣ, муборизони барқароркунии сохти конститутсионӣ, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, маъюбони рафъи офати экологии НБА «Чернобил» кумакпулии ҳармоҳа муқаррар шудаанд. 
Соли 2020 ҳамагӣ ба 1439 нафар 1522800 сомонӣ маблағ пардохта шуд. Соли ҷорӣ бошад, ба 1279 нафар пардохти 1580400 сомонӣ дар назар аст.
Дар вилоят 450 гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 167 гирандаи нафақаи аҳамияти вилоятидошта зиндагӣ мекунанд, ки айни ҳол аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 - 100 сомонӣ ба нафақаашон иловапулӣ пардохта мешавад. Соли 2020 барои иловапулиҳо 222744 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Дар арафаи 75 - солагии  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 аз вилоят ба иштирокчиёни ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ин ҷанг шаҳидшуда 4000 сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳ 2000 сомонӣ, ҳамагӣ ба 321 нафар 738000 сомонӣ пардохта шуд. Чунин кумакпулиҳо ба ашхоси номбурда аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳо аз 100 то 2000 сомонӣ, ҳамагӣ ба 256 нафар 134600 сомонӣ пардохт гардид.
Соли 2020 барои хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат 179760 сомонӣ ҷудо ва эҳтиёҷи собиқадорон ба аробачаҳои маъюбӣ, дастгоҳи шунавоӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонда шуд. Инчунин, солҳои охир дар вилоят қадри имкон таъминоти собиқадорони ҷангу ақибгоҳ бо роҳхати имтиёзнок ба осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбанд. 18 сол мешавад, ки аз вилоят барои харидани роҳхати осоишгоҳ барои собиқадорони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ шӯрои собиқадорони вилоят маблағгузорӣ мешавад. Соли сипаришуда бо дархости шӯрои собиқадорон ва дастгирии раиси вилоят, барои харидани 93 роҳхати осоишгоҳи «Шифо» дар сметаи хароҷотии шӯро барои соли 2020 - ум 139500 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Бо сабаби панҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 моҳи ноябри соли равон ба шӯро барои харидани роҳхатҳо 77000 сомонӣ ҷудо шуда, бо 59 роҳхати осоишгоҳи «Шифо» моҳҳои ноябр - декабр эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатиашонро барқарор карданд. Соли ҷорӣ барои харидани 93 роҳхати осоишгоҳ 139 500 сомонӣ дар назар аст.  
Ташкилотҳои собиқадорони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои таблиғу ташвиқи Паёми Роҳбари давлат дар байни собиқадорон, нафақагирон ва аҳолӣ вохӯриҳо ба роҳ монданд. Мо, собиқадорон, вазифадорем, ки ин ҳуҷҷати раҳнаморо тарғиб намоем ва аз мазмуну муҳтавои он дар фаъолияти худ истифода бурда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои созандагию бунёдкорона, ки дар Паём баён гардиданд, мусоидат намоем. Содиқона хизмат карда, ҳамеша дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ бошем.
 
Шавкат АЛИЕВ,
муовини раиси шӯрои собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед