logo

иҷтимоиёт

АГАР ХОҲЕМ, КИ ОЯНДА БОСАОДАТ МОНАД...

Ироаи Паёми Сарвари давлат имсол барои мардуми мо беш аз ҳарвақта аз аҳамияти хос бархӯрдор мебошад. Зеро мо дар остонаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳ ва муқаддаси 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ин санаи фархунда бомаром идома доранд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар оғози Паём зикр карданд, соли гузашта дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин рақам баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеа омили аслии таҳкими истиқлол ва ҳадафи роҳбарияти олии давлат аст.
Дар Паёми навбатӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба зуҳуроти номатлуб ва хатари терроризму экстремизм, ифротгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯъ изҳори ақида намуда, таъкид карданд, ки барои ҳимояи марзу бум, ҳифзи суботу оромӣ ҳар як фарди ватанпарвар бояд ҳушёр бошад. Зеро бе суботу оромӣ ягон ҷомеаи ҷаҳон рушд намеёбад ва номи худро ба нестӣ рақам мезанад.
Сол ба сол намояндагони ин гурӯҳу равияҳо дар тамоми ҷаҳон мекӯшанд ҷавононро таҳти таъсири худ қарор диҳанд, вазъи кишварҳоро ноором ва фарҳангу мазҳаби худро иҷборан ба сари халқҳои дигар бор созанд. Бинобар ин, роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, чораҳои таъхирнопазир андешанд. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу бум, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Президенти мо, ки худ аз миёни мардум баромадаанд ва аз мушкилоташон огоҳанд, дар паҳлуи халқ буданро рисолати аслии роҳбарии худ медонанд. Бинобар ин, аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи Тоҷикистонро вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ медонанд.
Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ бо саъю талош ва кӯшишу ғайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовори хешро мегузорем. Дар ин замина, мо кормандони мақомоти прокуратура низ аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, нуктаҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим баёнгаштаро дар амал ҷорӣ намоем ва бад-ин васила дар пешравию шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳм гузорем.
 
Шаҳбоз ТОҲИРЗОДА,
прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 561
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед