logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Убайдулло Эшонқулов дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Мактаби нопурраи  миёнаро дар Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) хатм намуда, ба фаъолияти корӣ шурӯъ намуд. То соли 1952 дар мактаби агрономии шаҳри Ӯротеппа таҳсил менамояду баъди хатми он ба Институти хоҷагии қишлоқ (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) дохил ва онро бомуваффақият хатм менамояд. 
 
Фаъолияти кории илмиашро дар истгоҳи таҷрибавии рустаниҳои субтропикии Вахш аз ходими хурди илмӣ оғоз намуда, пасон директори он таъйин мегардад.  Таҳти роҳбарии В. И. Сулая корҳои илмӣ – тадқиқотии зиёде гузаронда, барои дар истеҳсолот истифода намудани ин гурӯҳи рустаниҳо саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварии ба номи Н. Қарабоеви ноҳияи Вахш ташкил мешавад. Бо меҳнату заҳмати олим аксарияти хоҷагиҳои лимӯпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад бо ниҳолҳои хушсифат таъмин гардиданд. 
Соли 1978 ташаббускорӣ ва қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи директори Институти боғпарварӣ, токпарварӣ ва сабзавоткорӣ таъйин намуданд. Дар давоми фаъолияти илмӣ аз ҷониби ӯ навъҳои беҳтарини рустаниҳои ситрусӣ  барои парвариш дар хандақҳои лимӯ ва афлесун парвариш шуда, ҷиҳати интихоб ва рушди хоҷагиҳои соҳа васеъ истифода мешавад. Таҳти роҳбарии ӯ аввалин маротиба дар истеҳсолоти ситруспарварӣ масъалаи коркард ва парвариши ин гурӯҳи рустаниҳо омӯхта шуда, барои истифода навъҳои беҳтарин тавсия шудаанд. 
Тавсияҳои илмӣ ва методии олим ҷиҳати истифодаи усули дар хандақ парвариш намудани рустаниҳои ситрусӣ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи амалии худро ёфтаанд. Ғайр аз ин, олим дар масъалаи омӯзиш ва коркарди усулҳои агротехникии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар хандақҳои типи ҳозиразамон, яъне хандақҳои дуқабата, саҳмгузор мебошад. Ба ғайр аз корҳои  илмӣ – тадқиқотӣ, олим дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳми арзанда дорад. У. Эшонқулов дар тайёр намудани кадрҳо низ саҳми босазо гузоштааст. Дар ҳамкорӣ бо шогирдон навъҳои беҳтарини зироатҳои ситрусӣ ва субтропикиро ба вуҷуд овардааст. Пайваста дар роҳи илм заҳмат мекашид. 
Барои хизматҳои шоистааш дар рушди соҳаи ситруспарварӣ бо ду ордени ”Байрақи сурхи меҳнат”, ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳо ва ифтихорномаҳои Президиуми Совети олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст. Соли 1974 бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино сарфароз шудааст.
У. Эшонқулов муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ, мақолаю рисола ва монографияҳо бахшида ба зироатҳои субтропикӣ мебошад. 
 
Нигина РАҲМОН,  
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 427
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед