logo

иҷтимоиёт

«АМОНАТБОНК». КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКОБОД ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Ба иттилои Кишвар Нидозода, мудири филиали № 20 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Тоҷикобод, саҳми бонки мазкур дар хизматрасонӣ ба аҳолӣ, пардохтҳои коммуналӣ, андоз, барқ, музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо ва ғайра, инчунин,  интиқоли маблағ аз дохилу хориҷи кишвар  торафт назаррас мегардад. 
 
Дар  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: “Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нисбат ба соли пешин 4,6 фоиз зиёд мебошад, вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест. Бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”.
Баҳри татбиқи ин дастурҳои Пешвои муаззами миллат аз тарафи роҳбарияти филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  дар ноҳияи Тоҷикобод барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ  чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имрӯзҳо кишоварзону соҳибкорон барои гирифтани маблағҳои қарзӣ ба филиали бонки мазкур муроҷиат менамоянд, ки талаботи онҳо дар сатҳи зарурӣ қонеъ гардонда мешаванд. Дар Тоҷикобод картошкапарварӣ  самти афзалиятнок буда, дастгирии кишоварзон боиси рушди ноҳия мегардад. Зимни сафари кориашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти  “Амонатбонк” супориш доданд, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ барои деҳқонони минтақаи Рашт қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо карда шаванд. Дар ин муддат ба кишоварзон қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод гардид, ки онро, асосан деҳқонон, барои хариди тухмӣ, доруҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва хизматрасонии техникаҳои хоҷагии қишлоқ истифода намуданд. 
Дар маҷмӯъ, дар соли 2020 ба 285 мизоҷ ба андозаи  2 миллиону 265 ҳазор  сомонӣ қарз дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар  соли 2020 қарзҳо аз 2,5 ба 1, 8 фоиз кам гардид.  Дар соли 2021  ба мизоҷон қарзҳои 1,5 фоиза пешниҳод гаштанд, ки ин  барои афзун намудани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Қарзҳои мазкур аз 1 феврали соли равон барои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва дигар соҳаҳо, пешниҳод шудаанд.  Дар соли сипаришуда барои соҳибкорӣ ба шаҳрвандон дар ҳаҷми 1,8 ва 2,4 фоиз ба маблағи 1 миллиону 20 ҳазор сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат, барои дастгирии муаллимони ҷавон дар ҳаҷми 66 ҳазор сомонӣ қарзҳои бефоиз пешниҳод гаштанд.
Бори хизматрасонии гуногуни идораю корхонаҳо ва аҳолӣ, асосан ба зиммаи филиали № 20-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳия, филиалҳои «Ориёнбонк», «Аввалин бонки молиявии хурд» ва ”Коммерсбонк” вогузор гардидааст. Мушоҳидаҳо ба хулосае меоранд, ки бо вуҷуди нисбатан фаъол будани нуқтаҳои бонкҳои номбурда онҳо қудрати пурра бароварда сохтани ниёзи мардумро надоштанд. Бахусус дар ҳисоби маблағи аз муҳоҷирони меҳнатӣ воридгардида соли гузашта  мушкилот пеш омада буд. Шумораи зиёди одамон соатҳои дароз ва ҳатто чанд рӯз навбат мепоиданд. 
Аз суҳбат бо мутасаддиёни филиал ва мизоҷони нуқтаҳои «Амонатбонк» маълум гашт, ки мушкилоти ҷойдошта дар ҳама бонкҳо қариб як хел аст. Яъне, зиёд шудани талабот ва кам гардидани нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ гардиши сусти пули нақд интиқоли пул аз ноҳия ба дигар шаҳру навоҳӣ, мавҷуд набудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти чашмраси соҳибкорӣ, сифати пасти хизматрасонии интернетӣ, омилҳое будаанд, ки сабабгори сари вақт қонеъ нагардондани мизоҷон мешаванд.
     
Дилшод АМИРОВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед