logo

иқтисод

ШАРИФ РАҲИМЗОДА: «МОРО САНОАТ МУТАРАҚҚӢ МЕКУНАД»

Бо вуҷуди дастрасӣ ба чанд намуди ваксина алайҳи COVID – 19 ва оғози эмгузаронии оммавӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, ҳанӯз пешгӯиҳо оид ба дурнамои вазъ хушҳолкунанда нестанд. Коршиносону муҳаққиқон ҳадс мезананд, ки таҳдиди эҳтимолии коронавирус дар соли 2021 ҳанӯз ҳам  боқӣ монда, барои ҷомеаи ҷаҳон соли мураккаб хоҳад буд. 
Дар пасманзари мубориза бар зидди COVID – 19 иқтисоди осебдидаи ҷаҳониро чӣ пайомадҳо интизор аст? Онро баъди азимтарин буҳрон чӣ гуна метавон барқарор сохт ва дар радифи соири кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистони азизи мо ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа, рафъи мушкилоти бамиёномада ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ аз кадом шеваю фишангҳо истифода хоҳад кард? 
Дар иртибот ба ин, мо бо директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми иқтисод Шариф Раҳимзода суҳбат оростем, ки паҳлуҳои гуногуни ин масъалаи рақами яки ҷаҳон матраҳ шуданд.
 
КӢ ҚОФИЛАСОЛОРИ БАРҚАРОРШАВӢ МЕГАРДАД?
- Пандемияи коронавирус ба инсоният чунон зарбаи ҷонкоҳ зад, ки дар сад соли охир бесобиқа аст: беш аз 105 миллион нафар сироят ёфта, қариб 2,3 миллион нафар фавтид. Хисороти иқтисоди ҷаҳонӣ аз 12 триллион доллари ИМА гузашт. Хушбахтона, чанд рӯз пеш дар дунё бори аввал теъдоди эмгирифтаҳо аз сироятшудагон боло рафта, қариб 110 миллион нафарро ташкил доду алъон ба зиёда 175 миллион расид. Албатта, чунин гардиш нахустпайки фароҳам омадани шароит барои барқароршавии иқтисоди ҷаҳонист. Вале, душвор аст бовар кардан. Зеро ҷамъбасти соли гузашта нишон дод, ки коронавирус, беш аз ҳама, ба истеҳсолоти кишварҳои абарқудрат зарбаи муҳлик задааст. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА порсол 3,5 дарсад коҳиш ёфт, ки аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин уфт рӯй надода буд. Иқтисоди Британияи Кабир, Олмон, Франсия, Италия ва дигар мамлакатҳои пешрафта низ бори аввал поён рафт. Аз миёни абарқудратҳо танҳо Чин, ки паҳншавии коронавирусро боз дошт, солро мусбат (афзоиши ММД 3,6 дарсад) ҷамъбаст кард. Дар пасманзари пандемияи коронавирус ва таназзули саросарӣ шояд маҳз Чин барои кулли давлатҳо қофиласолори раванди барқароршавии иқтисодӣ гардад? Ин боз аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки бемории ҷаҳонӣ маҳз дар қаламрави он пайдо шуда буд. Чунин таҳаввулот ё ҳолати бамиёномадаро Шумо чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?
- Иқтисоди Чин дар ҷаҳон баъди ИМА тавонотарин ба ҳисоб меравад. Солҳои охир, иқисодиёти чинӣ назар ба амрикоӣ 2 - 3 маротиба, яъне дар сатҳи 6 - 7 дарсад, босуръаттар рушд мекунад. Бо вуҷуди хуруҷи коронавирус, соли вазнини гузашта низ пешрафти устувори он таъмин гардид, ҳарчанд на дар сатҳи пешина. Барои дарки дараҷаи қудрати он, биёед, муборизааш бо коронавирусро ба ёд орем. Зеро он ягона давлати дунё шуд, ки дар се моҳ COVID – 19-ро шикаст дод. 31 декабр Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоиши вируси номаълуме иттилоъ дод, ки ангезандаи бемории илтиҳоби шуш аст. Баъдан, он SARS-CoV-2 ном гирифт. То 1 марти соли 2020 дар мамлакат ба он, аллакай, 80 ҳазор нафар мубтало буд. Бинобар чунин паҳншавии босуръат, коршиносон яқин карданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат он аз ним миллион мегузарад. Лекин, то 18 март ягон ҳодисаи сирояти дохилӣ рӯй надод. 29 март расман эълон гардид, ки дар кишвар сироятёбӣ боздошта шуд ва ҳодисаҳои нав воридотиянд. Яъне, ҳамагӣ дар се моҳ, тавассути карантин, Ҳукумати Чин тавонист, ки мубталошавии оммавӣ  ба COVID – 19-ро хотима бахшад. 
- Тибқи охирин маълумоти расмӣ, то имрӯз шумораи мубталоён дар ин мамлакат қариб ба 90 ҳазор нафар расида, беш аз 4700 нафар фавтидааст. Аммо дар ИМА, ки чор маротиба камтар аҳолӣ дорад, теъдоди сироятёфтагон беш аз 28 миллион ва фавтидагон қариб 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 
- Яъне, ба эътидол омадани вазъият барои чиниҳо заминаи мусоиде шуд, ки минбаъд таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарорсозии иқтисод равона гардад ва чуноне ҷамъбасти сол нишон дод, дар ин самт низ корашон бобарор омад. Солҳои охир Чин ба муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Чин ҳам неру ва ҳам имконияти зарурӣ дорад, ки барои кулли кишварҳо муҳаррики барқарорсозии иқтисод гардад.
 
СУХАН АЗ “ФЕНОМЕНИ ТОҶИКӢ”
- Шумо аз “феномени чинӣ” гуфтед. Дар идома месазад аз “феномени тоҷикӣ” низ гуфта бошем. Ба ду далел. Аввалан, чуноне аз ахбори расмӣ бармеояд, аз ибтидои сол то имрӯз дар Тоҷикистон ҳодисаҳои нави сирояти коронавирус сабт нашудаанд. Ба ибораи дигар, ҳашт моҳ кифоят кард, то ки дар натиҷаи тадбирҳои муассири саривақтӣ паҳншавии ин бемории маргзо хотима ёбад. Сониян, ҷамъбасти сол бо вуҷуди нигарониҳо хуб омад: ММД 4,5 дарсад афзуд. Барои муқоиса, дар Ӯзбекистон он ҳамагӣ 1,6 дарсад боло рафт, дар Қирғизистон бошад, буҳрон ба дараҷае шадид буд, ки истеҳсолот 8,6 дарсад коҳиш ёфт. Дар манзари ин арқом оё метавон гуфт, ки зарбаи коронавирус ба иқтисоди миллии мо сахт таъсир нарасонд ва ё муқовимати мо ба он муваффақтар буд? 
- Мо ба иқтисоди ҷаҳонӣ хеле кам пайванд дорем. Маҳз  ҳамин  пайвастагию  вобастагии камтар оқибати пандемияи коронавирусро бароямон то буҳрони ҷиддӣ нарасонд. Илова ба он, тадбирҳои дар доираи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии мардум ва субъектҳои хоҷагидорӣ андешидашуда, имкон доданд, ки таъсири манфии он коҳиш ёфта, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,5 дарсад таъмин шавад.
Чин бошад, ба истеҳсолоти ҷаҳонӣ пайванди ниҳоят қавӣ дорад, бо тамоми дунё додугирифт мекунад, ширкатҳои фаромиллияш дар пешрафтатарин кишварҳо муваффақона фаъолият доранд. Дар омади гап, кишварҳои абарқудрат аз пандемия истифода ҳам бурданд. 
Дар давраи буҳрони коронавирусӣ, ки вазъияташонро ниҳоят муташанниҷ сохт, нисбати он маҳдудиятҳо роҳандозӣ карда, Чинро чун сарчашмаи паҳншавии коронавирус гунаҳгор сохтанд ва ин моҷаро то ҳол идома дорад. Ба ин восита, ба иқтисоди он таъсир расонданд. Лекин чун мардуми Чин заҳматкашу боинтизоманд, Ҳукумат бо дастгирии шаҳрвандон дар муддати  кӯтоҳ, бо роҳандозии карантини қатъӣ, хуруҷи коронавирусро пахш карду аз пайи эъмори иқтисодаш шуд ва ҷамъбасти сол нишон дод, ки дар ин самт ҳам муваффақ гашт.
 
- Пас, метавон гуфт, ки сипари мо омилҳои дохилӣ ва тадбирҳои саривақтӣ буданд? Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ, таҷҳизот, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз Буҷети давлатӣ иловатан 1,6 миллиард сомонӣ равона гардид. 
- Бечунучаро, пандемияи коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Лекин на ба он дараҷае, ки иддае аз коршиносони ғафлатзада ҳангома мекарданд. Агар ёдатон бошад, баробари сабти аввалин ҳолати гирифторшавӣ дар Тоҷикистон, садоҳое баланд шуданд, ки бинобар заифии низоми тандурустӣ, имконияти маҳдуди профилактиву табобатӣ ва техникӣ садҳо ҳазор мубталои вируси нав ва даҳҳо ҳазор қурбон мешаванд. Метарсонданд, ки иқтисоди миллӣ ба чунин зарба тоб нахоҳад овард. Бо исрор мегуфтанд, ки Ҳукумат барои пешгирӣ аз ин беморӣ  бояд, ҳатман, карантини саросарӣ ҷорӣ созад. 
Ҷамъбасти соли ниҳоят вазнини 2020 бебунёдии тарсафканиҳо ва пешгӯиҳои муғризонаро нишон дод. Ҳангоме ки соли гузашта дар аксари давлатҳои дунё истеҳсолот ҷиддан коҳиш ёфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5 дарсад афзуд. Бояд таъкид кард, ки дар чунин вазъияти мураккаб на танҳо уфти иқтисоди миллӣ пешгирӣ шуд, балки бо суръати нисбатан камтар ҳам бошад, пешрафти он таъмин гардид. Ва ин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби соҳаҳои бунёдӣ – саноат ва кишоварзӣ ба даст омад. 
 
БЕШ АЗ 5 МИЛЛИАРДРО ЭМ БОЯД КАРД
- Чуноне дар ҷараёни суҳбат зикр шуд, аллакай, дар кишварҳои дунё теъдоди эмшудагон аз 175 миллион нафар гузашт. Бино ба изҳороти СҶТ, 70 дарсади аҳолии сайёра бояд эм карда шавад. Шояд аз ҳамин хотир ағлаби коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ваксинакунӣ анҷоми коронавирус нест. Ҳамчунин, ба зуд барқарор шудани иқтисоди буҳронзада умед бастан нашояд. Ба пиндори Шумо, барқароршавии иқтисодҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, кай ҷиддан шурӯъ мешавад? 
- Имрӯз аҳолии дунё тақрибан 7,6 миллиардро ташкил медиҳад. 70 дарсадаш 5,3 миллиард нафар мешавад, ки барои эмкунии ин шумора камаш ду сол зарур аст. Ҳатто ширкатҳои фаромиллии дорусозӣ қудрат надоранд, ки дар муддати кӯтоҳ чунин талаботро қонеъ созанд. Дигар ҷиҳати масъала. Чуноне шоҳид шудем, пандемияи коронавирус соири кишварҳоро ба марзбандӣ, карантини саросарӣ, узлатнишинии тӯлонии шаҳрвандон ва аз фаъолият боздоштани як қатор корхонаҳо маҷбур намуд ва на як бору ду бор. Яъне, низоми муқаррарии ҳаёт ва истеҳсолот, ҳамкорӣ, додугирифт, ҳамлу нақл, хизматрасонӣ халали ҷиддӣ дид. Ва онро дар муддати ним сол ё ҳатто як сол аз нав ба ифоқа овардан имкон надорад. Ман ҷонибдори он иқтисоддонону коршиносони ватанию хориҷиям, ки нимаи дуюми соли 2022-ро оғози барқароршавии иқтисоди ҷаҳонӣ мешуморанд. Иқтисоди миллии мо бошад, бо сабабҳои дар боло зикршуда, дар ҳолати беҳтар қарор дорад. 
 
ШУМО ДРОН - ЧАРХБОЛ ФАРМУДА БУДЕД? 
- Дар ниҳояти суҳбатамон, муҳтарам Шариф Раҳимзода, як ҷиҳати мусбати пандемияро зикр кардан мехоҳам. Он раванди гузариш ба технологияи рақамӣ бо густариши минбаъдаи савдои электронӣ, суръатбахшии роҳандозии тибби телевизионӣ, видеоконфронсҳо, кору таълими фосилавӣ ва технологияи молиявиро тезонд. Дар Тоҷикистон таҳияи барномаҳои мушаххас аз рӯи Консепсияи иқтисоди рақамӣ, ки соле пеш пазируфта шуд, оғоз ёфтааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон супориш доданд, ки ин тадбири ниҳоят муҳим бояд раванди рақамисозиро такони ҷиддӣ бахшад. 
- Иқтисоди рақамӣ иқтисоди электронӣ, интернетӣ аст. Яъне ҷараёнест, ки воситаҳои муосиртарини электронӣ барои иҷрои кору амалу хизматрасониҳо корбаст мешаванд. Бубинед, яке аз сабабҳои асосии коррупсия рӯ ба рӯ шудани корафтодаву кориҷрокунанда аст. Ва вақте кори зарурӣ тавассути интернет сурат мегирад, ӯ аз имкони талабу гирифтани пора маҳрум мегардад. Яъне, фазои рақамӣ ҷиҳати аз байн бурдани коррупсия нақши муҳим мебозад. 
Мисоли дигар. Соли 1920, яъне қарне қабл, дар ИМА 80 дарсади корҳо дастӣ анҷом дода мешуданд. Соли гузашта бошад, 80 дарсади корҳоро хизматрасониҳо ташкил доданд. Яъне, тавассути технологияи муосир кори вазнини дастӣ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, ба ҷои даст ақл, ба ҷои одам робот кор мекунад. Ҳоло «хонаҳои боақл» пайдо шудаанд, ки дар онҳо ҳама кор тавассути барномаҳои компютерӣ, роботҳо ва дигар таҷҳизоти худкор иҷро мешаванд: парвариши гул, рӯбучини хона, дар вақти муайян фурӯзон кардани чароғҳо ва ғайра. Шумо аз ҷои кор истода тавассути интернет ё телефон ин ҳамаро мефармоед ва назорат мебаред. 
Хоҳу нохоҳ мо низ бо ин роҳ бояд равем,  зеро  дар тамоми дунё фазои рақамӣ – марҳилаи сифатан нави рушди тамаддуни инсонӣ ташаккул меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ он кишваре метавонад, дар ин кор муваффақ бошад, ки аз ин низоми нав қафо намонад. Дар кишвари мо низ дар ин самт корҳои муайян баҷо оварда мешаванд. Корманди муҳосибот имрӯз метавонад ба идораи андоз нарафта, ҳисоботро тавассути интернет ирсол кунад. Мизоҷи бонк аз ҷои кораш тавассути интернет маблағро мепардозад, суратҳисобашро хабар мегирад, телефони мобилӣ воситаи қулайи пардохти ҳар гуна хизматрасониҳо шудааст. Ин ҳама ҳаракат ба самти иқтисоди рақамист. Консепсияе, ки зикр намудед, ин сиёсати давлатии иқтисоди рақамист, ки дар асоси он барномаҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Мутаассифона, мо алҳол ҷиҳати хариду корбасти таҷҳизоти зарурӣ маблағҳои зарурӣ надорем. 
Оянда фазои рақамии кишварамон чӣ гуна хоҳад шуд, бо як мисоли дар назари аввал аз мавзӯъ дур таъкид карданиям. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ман мушовири калони Роҳбари давлат будам ва бо дӯстон аз ҷои кор то маҳаллаи Зарафшон пиёда рафта меомадем, чунки дар он давраи вазнин нақлиёт набуд. Рафту ягон мошин пайдо мешуд, ЗИЛ-е буд, ки дар он муҳаррики тракторро шинондаанд. Имрӯз дар Душанбе ончунон мошин бисёр шудааст, ки гӯё аз одам бештар бошад. Агар ба сатҳи рушди илму техникаи ҷаҳонӣ боз ягон омили ғайричашмдошт таъсир нарасонад, пас аз 5 - 10 сол на танҳо дар кӯчаҳои Душанбе ба ҷои мошинҳои имрӯза электромобилҳои бесарнишин, дрон-такси, дрон-чархболҳо пайдо мешаванд, ки мову шуморо аз хона ё ҷои кор ба ҷои дилхоҳамон мебаранд. Барои Тоҷикистони пешрафта ва мардуми шарифаш ин як амри воқеъ хоҳад буд. 
 
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД

АЗ "ҶУМҲУРИЯТ" 
Шариф Раҳимзода аз иқтисоддон ва молияшиносони маъруфи кишвар аст. Солҳои 1993-2001 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ буд. Баъдан, ба ҳайси раиси Кумитаи назорати давлатии молиявӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ва Франсия, сардори намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Аврупо, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва НАТО фаъолият дошт. Ҳамчунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдо, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буд. Доктори илми иқтисод Шариф Раҳимзода аз соли 2020 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34    Мутолиа карданд: 1371
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед