logo

номаҳо

ИЗҲОРИ СИПОС

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» - ро зарур донистанд, ки воқеан, барои бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ба илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ, иқдоми саривақтӣ мебошад. Озмуни мазкур, аллакай, дар радифи дигар озмун  писандидаи наврасону ҷавонон – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба рушди ҳамаҷонибаи насли наврас мусоидат менамояд. 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 – и деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 - Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ сатҳу сифати таълимро  беҳтар намуда истодааст. Бо ин мақсад, дар муассисаи таълимӣ, ки соли панҷум фаъолият менамояд, шароити мусоид фароҳам аст. Ҳанӯз соли 2015 баъди ҳодисаҳои фалокатбори табиӣ дар ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия дар баробари дигар иншооти зарурӣ бинои замонавии муассиса бо шароити зарурӣ сохта ба истифода дода шуд. 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 дар давоми қариб панҷ соли фаъолияташ дар самти омӯзондани толибилмон бо фанҳои  дақиқ  ба  натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Иштироки фаъолонаи хонандагони муассиса дар озмунҳои фаннии сатҳи вилоятию ҷумҳурӣ далели онанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 11 – уми муассиса Саида Нафасбекова бо сазовор гаштани ҷойи аввал аз фанни алгебра барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Камила Ёрмамадова, Ёсуман Алимамадова, Замираи Ҳолимбек ва дигарон аз фанҳои химия ва забонҳои англисӣ, русӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ки натиҷаи заҳмату талошҳои омӯзгорони муассиса мебошад. 
Ба варзиш фаро гирифтани хонандагон ҷиҳати бурдани  тарзи ҳаёти солим низ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, мавриди таваҷҷуҳи масъулон ва роҳбарони ноҳия қарор дорад. Айни замон дар ноҳия деҳа ва муассисаи таҳсилоти умумие, ки онҳо иншооти варзишии навбунёд вуҷуд надошта бошад, ангуштшумор аст. Умуман, солҳои охир маориф дар ноҳия хеле пешрафт кардааст. Қариб ҳамаи 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла МТМУ № 56 дорои биноҳои нави таълимӣ буда, бо омӯзгорони соҳибкасб таъминанд. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорони муассиса аз Ҳукумати мамлакат, бевосита аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, роҳбарону масъулони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароити таълим, махсусан баъди дар ноҳия сар задани офати табиӣ, ки хароҷоти зиёд ба бор овард, сипосгузорем. Дар навбати худ кӯшиш менамоем, ки барои татбиқи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ саҳми бештар гузошта, хонандагон ва дӯстдорони ин фанҳоро барои иштирок дар озмуни навбатии «Илм – фурӯғи маърифат» омода созем.   
 
Дилоро БОБОҶОНОВА, 
омӯзгори МТМУ № 56 – и деҳаи Раҳмонободи 
Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34    Мутолиа карданд: 8733
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед