logo

маориф

МАОРИФ. ВАҚТЕ РОҲБАР БА ДОНИШУ МАҲОРАТ АРҶ МЕГУЗОРАД...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола низ ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот диққати махсус зоҳир намуда, таъкид сохтанд: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». 
Президенти кишвар масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон таъкид намуда, муассисаҳои типи нав - мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳоро дар ин ҷода пешсаф унвон карданд. Воқеан ҳам, ҳар сол беш аз 97 дарсади хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. 
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ дар тақвияти порсола зарур шумориданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани ҷавонону наврасон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ташкил ва гузаронда шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нишон доданд, ки дар миёни ҷавонону наврасон истеъдодҳои нодир зиёданд, мо бояд онҳоро дастгирӣ намоем.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмию техникии онҳо мебошад. 
Баҳри амалӣ гардондани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат» - и шаҳри Душанбе ҳама шароитҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир муҳайё буда, синфхонаҳо ва кабинетҳои химия, биология, физика, математика, технологияи информатсионӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва  адабиёти рус, забони англисӣ, технологияи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, маркази тестӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо омӯзгорон аз рӯйи ихтисосҳои худ бо хонандагон дарс медиҳанд.
Хонандагони литсей дар давраи аз Паём то Паём дар маҳфилу чорабиниҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла олимпиадаҳои дохилилитсейӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (фосилавӣ), иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Маъмурият ва омӯзгорони литсей баҳри он мекӯшанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои ӯ дар Паёми имсолаашон сатҳи саводи хонандагонро то сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ баланд бардошта, баҳри маърифатнокии хонандагон ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо тамоми неру ва ғайрати худро сарф намоянд. 
 
Ҷамолиддин СИРОҶЗОДА,  
директори литсейи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34    Мутолиа карданд: 4934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед