logo

иҷтимоиёт

ЛУҒАТОМӮЗӢ ВА РОҲҲОИ ТАШКИЛИ ОН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар синфҳои ибтидоӣ асоси таълими забони англисиро инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон ташкил медиҳад. Инкишофи нутқи шогирдон ва баланд гардидани маърифати забондонии онҳоро бошад, бе захираи муайяни луғавӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои он ки хонандагон ба омӯхтани луғат бештар ҳавасманд гарданд, мо аз роҳҳои гуногуни луғатомӯзӣ истифода мебарем.
 
Дар аввали соли хониш ба хонандагон супориш медиҳем, ки дар дафтари луғатомӯзӣ қисми зиёди луғатҳои даркитобовардаро навишта гиранд. Дар ҳар дарс 5 – 6 дақиқаро барои хондани луғат бахшидан зарур аст. Хонандагон луғатҳоро аз аввал то охир хонда мебароянд. Ин кор ду – се ҳафта давом мекунад. Баъдан, миёни хонандагон мусобиқа ташкил мешавад. 
Теъдоди хонандагонро ба назар гирифта, синфҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намудан лозим аст. Ба ҳар гурӯҳ ном гузорем шавқи бачаҳо бештар мегардад. Номҳои ба фарҳанги миллати мо наздик бошад боз беҳтар  (Меҳргон, Сада, Наврӯз, Тиргон ва ғайраҳо). Пешакӣ дар варақаҳои алоҳида мувофиқи шумораи хонандагони гурӯҳ луғатҳо навишта мешаванд. Барои ҷавоби дуруст як хол дода мешавад. Агар дар гурӯҳ 5 хонанда бошаду шарҳи ҳамаи луғатҳоро донанд, соҳиби 5 хол мегарданд. Дар сурати надонистани шарҳи ягон луғат холҳо низ кам мегардад. 
Супоришҳо баъдан дигар карда мешаванд. Дар охир холҳо ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян мегарданд. Ба мушоҳида мерасад, ки бо ин усулу шаклҳои кор таваҷҷуҳи хонандагон нисбат ба луғатомӯзӣ зиёд мегардад.     Ҳар хонанда кӯшиш хоҳад кард, ки бисёртар луғат аз ёд намояд. Ҳатто хонандагони сустхон аз ин қатор мондан намехоҳанд.
Чизи дигар ин, ки вақте мавзӯи навро мегузарем, хонандагон, аллакай, калимаҳои душворфаҳмро маънидод карда метавонанд.
 
Индира ЮЛДОШЕВА,
омӯзгори МТМУ № 101 ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34    Мутолиа карданд: 516
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед