logo

сиёсат

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАЙДОНИ “ИСТИҚЛОЛ”

16 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони “Истиқлол” ошно гаштанд.
Ҳамзамон, бо иштироки Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғи майдони “Истиқлол” даҳҳо ниҳоли дарахти секвойяи калифорниягӣ шинонда шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсан, дарахтони секвойяи калифорниягиро бист сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карданд. Имрӯз 36 дарахти секвойяи калифорниягӣ, ки нодир асту то 3000 сол умр мебинад, ду  тарафи  даромадгоҳи боғи майдони “Истиқлол” - ро оро медиҳад.
Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани майдони “Истиқлол”, он макони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта мешавад. То имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғ 1045 ниҳоли нодири ороишӣ парвариш меёбад. Тибқи нақша, аз масоҳати умумии майдон, ки 30 гектарро ташкил медиҳад, 11 ҳазор метри мураббааш сабзкорӣ мешавад. Оянда дар боғи майдони “Истиқлол”, инчунин, дарахтони нодири сояафкану ороишии кишварҳои аврупоии ба минтақа мутобиқ шинонда хоҳанд шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои бо тарҳи зебо мураттаб сохтани гулгаштҳои боғ ҳидоят доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи майдони “Истиқлол” шинос гаштанд. Бунёди майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонӣ ҷалб карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2021    №: 35    Мутолиа карданд: 653
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед