энергетика
ТОҶИКИСТОН. ИСЛОҲОТ ВА ДУРНАМОИ БАХШИ ЭНЕРГЕТИКА
Энергетика пояи асосии рушди устувори иқтисодии ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин омил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намудааст. Тӯли сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ин соҳа “34 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст”(Паём... 26 январи соли 2021).
Дар баробари ин корҳо, солҳои охир барои таъмини шаффофият ва самаранокӣ дар соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳотро роҳандозӣ намудааст. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, алъон баланд бардоштани эътимодияти дастрасии доимӣ ба неруи барқ, истифодаи сарфакоронаи барқ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ барои ҳалли онҳо Ҳукуматро вазифадор намуд.
Вобаста ба раванди ислоҳот, мушкилоту ташаббусҳои вазорат доир ба ҳалли онҳо ва дурнамои рушди бахши энергетика мусоҳибаи ихтисосии Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардид, ки онро манзури Шумо мегардонем.
- Муҳтарам Далер Ҷумъа, суҳбатро аз вазъи имрӯзаи энергетикаи кишвар оғоз мекунем. Тавре маълум, аз сабаби коҳиш ёфтани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак”, дар баъзе мавзеъҳои ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ гардид. Имрӯз вазъи воқеӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад ва барои ҳалли масъалаи мавриди назар вазорат кадом тадбирҳоро меандешад?
- Албатта, тағйирёбии иқлим таъсири худро ба тамоми ҷаҳон ва ба мо низ расонд. Аз таъсири он захираи об ва тавлиди қувваи барқ дар кишвар коҳиш ёфт. Бояд гуфт, ки 90% барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. Дар баробари паҳлуҳои мусбат, истеҳсоли зиёда аз 90% қувваи барқ аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагиро ба ҳаҷми резиши оби дарёҳо ва вазъи обу ҳаво ба таври назаррас меафзояд. Дар ҳамин росто, бинобар камшавии ҳаҷми оби дарёҳо дар фасли сармо ҳамагӣ 50% иқтидори истеҳсолии неругоҳҳои барқи обӣ истифода мешавад.
Резиши миёнаи об дар соли гузашта яке аз камтарин дар 32 соли охир ба ҳисоб меравад. Барои мо зарур аст, ин равандро муайян созем, ки характери муваққатӣ дорад ё давомдор. Агар 90 соли охирро дида бароем, мебинем, ки ҳаҷми оби дарёи Вахш вобаста ба мавсим пасту баланд мешавад. Яъне, бояд мушаххас созем, ки камобӣ аз ҳисоби динамикаи даҳсолаи охир ё аз ҳисоби тағйирёбии иқлим аст. Барои муайян сохтани омилҳо каме вақт лозим аст. Қатъи назар аз ин, вазъ водор месозад, ки дар баъзе самтҳо дигаргуниҳоро ворид сохта, ба тағйирёбии иқлим бархӯрди дуруст дошта бошем.
Тӯли 20 соли охир Тоҷикистон дар пояи сиёсати дурусти Роҳбари давлат рушди устувор дорад. Дар ин муддат иқтидорҳои нави энергетикӣ низ зиёд шуда, иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба 6124 мВт баробар шудааст. Аз ин ҳаҷм 718 мВт иқтидори марказҳои барқу гармидиҳӣ, 44,14 мВт иқтидори неругоҳҳои ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва 24,8 мВт иқтидори неругоҳҳои барқи обии хурд ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, талабот ба қувваи барқ низ зиёд аст. Бахусус, дар шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳри Душанбе, талабот ба барқ дар фасли зимистон рӯ ба афзоиш аст.
Тадбири муҳиме, ки дар ин ҷода бояд дида шавад, ба танзим даровардани истифодаи қувваи барқ мебошад. Байни мардум фарҳанги сарфакорӣ бояд ташаккул дода шавад. Сарфакорӣ на фақат дар хонаҳоямон бошад, балки дар корхонаҳои саноатӣ низ ҷорӣ гардад. Яъне, корхонаҳо бояд бо технологияи каммасраф муҷаҳҳаз бошанд. Зимни таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба ворид кардани технологияҳои камхарҷ диққат диҳем.
Талабот ба барқ, аслан, дар фасли зимистон зиёд мешавад. Барои бартараф кардани мушкилоти норасоии қувваи барқ дар фасли зимистон мо бояд таҷрибаи шаҳри Душанберо вобаста ба ташкили марказҳои гармидиҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ роҳандозӣ кунем.
Дар баробари ин, вазорат ҷиҳати ба меъёрҳои соҳавӣ мутобиқ намудани истифодаи неруи барқ барои эҳтиёҷоти худии неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии кишвар низ чораҳои дахлдор андешида истодааст, ки ин имкон фароҳам меоварад соле зиёда то 100 миллион кВт-соат неруи барқ сарфа шавад.
Ин сарчашмаҳои сарфакорӣ дар маҷмӯъ имконият фароҳам меоваранд, ки минбаъд солона то 1 миллиард кВт-соат неруи барқ сарфа шуда, фарқияти имрӯзҳо байни истеҳсол ва истифодаи энергияи барқ ҷойдошта, қисман аз байн равад.
Шурӯъ аз соли ҷорӣ ва давоми 4 соли оянда аз ҳисоби коҳиш додани талафоти технологӣ, хароҷоти худӣ ва хароҷоти истеҳсолӣ 3 миллиарду 880 миллион кВт-соат барқи иловагӣ ба бозори дохилӣ баргардонда мешавад.
- Коҳишёбии маҷрои дарёҳо тақозо мекунад, ки манбаъҳои алтернативии энерегияро ҷустуҷӯ кунем. Тоҷикистон дар баробари захираи бойи гидроэнергетикӣ, ҳамчунин, дорои захираҳои дигари барқароршавандаи алтернативии энергия мебошад. Роҳбари давлат борҳо дар бораи рушди манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия ва афзоиши ҳиссаи онҳо дар истеҳсоли умумии неруи барқ то соли 2030 таъкид сохта, Ҳукуматро барои чораандешӣ вазифадор карданд. Оё дар ин самт тадбирҳои воқеие андешида шудаанд?
- Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки илова ба захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, ҳамчунин, аз манбаъҳои дигари барқароршавандаи алтернативии энергия истифода кунем.
Аз ҷумла, ҳамчун кишвари офтобӣ, ки солона нурҳои он на кам аз 2400 соатро дар тамоми минтақаҳо ташкил медиҳад, метавон аз ин неру истифода кард. Манбаи дигари барқароршавандаи энергия шамол мебошад. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки бунёди чунин неругоҳҳо ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва сифати техникӣ бо қувваи барқи анъанавӣ қариб рақобатпазир шудааст.
Мо, аллакай, таҷрибаи истифодаи неруи барқи офтобиро дорем. Тайи солҳои охир дар самти насб ва истифодаи таҷҳизоти офтобӣ барои истеҳсоли қувваи барқ низ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои муайян иҷро шуда, якчанд лоиҳаҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин таҷриба аён сохт, ки неругоҳи офтобӣ манфиатовар аст. Масалан, неругоҳи офтобии ноҳияи Мурғоб собит намуд, ки на фақат самаранок, балки коэффитсиенти кори фоидаовараш 10% зиёдтар аст.
Дар ин самт то имрӯз 91 маҷмӯъ лавҳаҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 67 кВт барои иншоотҳои иҷтимоӣ ва аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Мурғоб ва муассисаи таълимии коллеҷи энергетикӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ насб шуд. Ҳамчунин, барои омӯзондани донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ду маҷмӯъ лавҳаҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 40 кВт насб гардид. Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҶСК «Помир Энерҷӣ» неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 кВт мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, вазорат бо мақсади ташкили сохтори оптималии тавозуни сӯзишворию энергетикии кишвар, афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ, дар солҳои 2021 - 2030 бо ҷалби шарикони рушд марҳила ба марҳила зиёд кардани иқтидорҳои навро ба нақша гирифта, ҳаҷми онҳоро то 700 мВт мерасонад.
Вазорат дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба масъалаи бунёди иншооти тавлиди неруи барқ бо истифода аз лавҳаҳои офтобӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои зарурӣ андешида, маводи лозима омода кардааст.
Дар ин росто, Вазорати савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея тавассути Институти Корея оид ба рушди технология (Korea Institute for Advancement of Technology) ҷиҳати амалисозии иқдоми мазкур ҳавасмандӣ зоҳир кардааст. Дар доираи ин лоиҳа, бунёди неругоҳи офтобӣ дар вилояти Суғд бо иқтидори тақрибан 10 мВт ва неругоҳҳои хурди офтобӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори тахминан 3 мВт ба нақша гирифта шуданд.
Инчунин, бо мақсади таъмини эътимоднокии таъминоти энергияи барқ, бартараф намудани мушкилиҳои техникии ҷойдошта дар вилояти Суғд ва, ҳамчунин, диверсификатсиякунонии манбаъҳои тавлиди энергияи барқ, ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси бунёди истгоҳи офтобӣ бо иқтидори 100 мВт, ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, ҷиҳати тақвият бахшидани кор аз ҷониби Бонки осиёии рушд ҷалби ширкати машваратӣ барои омодасозии Барномаи тавлиди неруи барқароршаванда дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи барномаи мазкур, омӯзиш ва таҳияи номгӯйи мавзеъҳои имконпазир барои ҷойгиркунии неругоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ бо иқтидори умумии 50 мВт, дар назар аст.
Дар ин раванд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ амалигардонии лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» шурӯъ гардида, дар доираи лоиҳаи мазкур дар деҳаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмону васлу насби неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3570 кВт неругоҳи бодӣ бо иқтидори 3065 кВт ва таҷҳизоти захиракунандаи энергияи барқ дар ҳаҷми 2511 кВт пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо байни вазорат ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 300 кВт дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб омода гардида, ҷалби маблағҳои зарурии грантӣ аз ҳисоби шарикони рушд барои бунёди он оғоз шудааст.
- Аз оғози соли равон ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин таҷзияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои таъмини самаранокӣ ва шаффофият дар бахши энергетика роҳандозӣ кардааст. Ислоҳоти соҳа чанд сол боз давом дорад, вале ҳанӯз ҳам шаффофият ва самаранокии он беҳбудӣ мехоҳад. Бахусус, масъалаҳои напардохтани ҳаққи истифодаи қувваи барқ, талафоти барқ ва қарздории ширкат. То кадом андоза фаъолияти ин ду ҷамъияти нав ба ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат хоҳад кард?
- Идоракунии самараноки захираҳои энергетикӣ кафолати рушди соҳа ба шумор меравад. Таҷрибаҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки роҳандозии идоракунии корпоративӣ ва таҷзияи ширкатҳои энергетикӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти вобаста ба напардохтани маблағи қувваи барқи истифодашуда ва таъмини шаффофият дар соҳаи энергетика мусоидат намояд.
Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз омӯзишу таҳлили таҷрибаҳои муваффақи минтақавию ҷаҳонӣ як модели мушаххасро таҳия карда, онро дар фаъолияти “Барқи Тоҷик” мавриди татбиқ қарор дод. Зимнан, бо истифода аз усули муосири дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ШСХК “Барқи Тоҷик” идоракунии корпоративӣ ва низоми се шохаи идоракунӣ – истеҳсолот, интиқол ва тақсимот ҷорӣ гардид. Бояд гуфт, ки раванди ислоҳот ҳамеша давраи муайянеро фаро мегирад. Яъне, масъалаҳои техникӣ фарогири корҳои зиёд мебошанд, ки барои ҳалли онҳо вақт лозим аст. Мақсад аз таҷзияи сохторӣ таъмини шаффофият аст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар ҳар се шоха мушкилоти ҷойдоштаро муайян ва бартараф кунем.
Сарвари давлат пеши мо вазифагузорӣ намуданд, ки дар ин ду ҷамъият усули идоракунии корпоративӣ ва фарҳанги менеҷменти дурустро ба роҳ монем. Дар якҷоягӣ бо роҳбарони ин ду ҷамъият аз рӯзи аввал принсипҳои асосии менеҷментро муайян кардем. Инҳо дуруст ба роҳ мондани истифодаи захираҳои инсонӣ ва технологияи муосир, ҳамчунин, таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки маблағҳо мебошанд. Мо ҳамарӯза ҷараёни ислоҳотро дар якҷоягӣ бо ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ҳам аз лиҳози раванд ва ҳам аз лиҳози техникӣ пайгирӣ мекунем. Бештар ба паҳлуҳои хоҷагидории бахши энергетика диққат дода мешавад, чунки мушкилот бештар дар ҳамин самт аст. Ҳармоҳа даромаду хароҷот, зарурати хароҷоти анҷомшуда, фарқи даромаду хароҷот назорат мешавад. Аз мушоҳидаҳои ҳамарӯза бармеоянд, ки раванди ислоҳот хуб ҷараён дорад. Бовар дорам, ки, аллакай, худи ҳамин сол пешравиҳоро хоҳем дид.
Масъалаи дигар талафот аст, ки дар ин самт омилҳои техникӣ ва инсонӣ вуҷуд доранд. Барои аз байн бурдани омили инсонӣ метавонем, ки таҷрибаи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор диҳем. Баъди ислоҳот дар шаҳри Хуҷанд сатҳи талафот аз 18% ба 9%, яъне ду баробар кам шуда, ҷамъоварии маблағ дар сатҳи 97-98% таъмин гардид. Вале ин ҳанӯз қаноаткунанда нест. Ҷамъоварии маблағ бояд 100% ва аз ин ҳам зиёдтар бошад, зеро қарздории солҳои пеш низ бояд ҷамъоварӣ шавад.
Ҳамчунин, таҷрибаи ҶСК “Помир Энерҷӣ”-ро метавон истифода кард. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ талафот 8% ва дар миқёси вилоят 9%-ро ташкил медиҳад. Дар заминаи лоиҳаҳои дигаре, ки алъон мавриди татбиқ қарор доранд, талафот дар ВМКБ бояд ба 6% расад. Ҳар ду таҷрибаи хубро ба як низом дароварда, татбиқ мекунем. Барои ин шароити техникӣ вуҷуд дорад, фақат каме вақт лозим аст. Дар заминаи татбиқи чунин таҷриба шумораи садамаҳо коҳиш меёбад, сифати барқ беҳтар мешавад, норасоӣ ва маҳдудият аз байн меравад.
Дар натиҷаи роҳандозии низоми нав, пардохтҳои ҳаққи истифодаи қувваи барқ тариқи электронӣ сурат мегиранд. Ин ҳам барои муштариён осонӣ меорад ва ҳам маблағ сари вақт ҷамъоварӣ мешавад. Маблағи ҷамъшуда шароити мусоидро барои таъмиру таҷдиди воситаҳои техникие, ки 40-50 сол боз истифода мешаванд, фароҳам меорад.
- Ширкати “Помир Энерҷи” дар бахши энергетика чун ширкати хусусӣ фаъолият дорад. Калиди муваффақияти “Помир Энерҷӣ”-ро дар ҳамин вижагии моделаш мебинед ё дар усули менеҷменти оқилонаи он? Оё метавон ин моделро дар сохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” низ амалӣ кард?
- Фикр мекунам, ки сабаби асосӣ худи модел аст. Чунки шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар тамоми ҷаҳон самаранокии худро исбот кардааст. Лоиҳаи ширкати “Помир Энерҷӣ” аз тарафи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ду бор ҳамчун беҳтарин модели шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар ҷаҳон пазируфта шуд. Ва ин яке аз 4 лоиҳаи беҳтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар миқёси олам ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба ҷалби бахши хусусӣ ва сармоягузории он дар соҳаи энергетика афзалият медиҳад. Пешвои миллат ин нуктаро дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд. Вобаста ба ин, тасмим дорем, ки дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳи офтобӣ модели шарикии давлат бо бахши хусусиро татбиқ намоем.
- Тарофаҳои неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттарин дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Ба ҳисоби миёна дар соли 2020 арзиши он 2 сент барои як киловаттро ташкил дод. Нархи пасти неруи барқ яке аз омилҳои асосии мушкилоти соҳа мебошад, чунки он ҳатто 50% хароҷоти истеҳсолиро рӯйпӯш карда наметавонад. Ҳукумат метавонад тарофаи барқро баланд бардорад, аммо барои сарборӣ нашудани он ба мардум аз ин кор худдорӣ мекунад. Ҳалли ин тазод чӣ гуна аст?
- Дарвоқеъ, тарофаи барқ дар Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ татбиқ мешавад. Ҳукумати кишвар шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолиро ба назар гирифта, нархро муайян кардааст. Бо ин амали худ даҳҳо маротиба нишон додааст, ки ҳифзи манфиатҳои мардум дар мадди аввал аст. Мо низ ин сиёсати Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намудаем.
Дар доираи ислоҳоти бахши энергетика бояд қадам ба қадам тарофаи барқ ба сатҳи хароҷоти истеҳсолӣ ва уҳдадориҳое, ки назди сармоягузорон дорем, бароварда мешуд. Вале, бо сабабҳои маълум, бахусус бинобар пандемияи COVID-19, мавқуф гузошта шуд. Албатта, ин ба вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” зарар расонда, як қатор мушкилотро пеш овард. Ин зарари молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунӣ мешавад.
Доир ба ин масъала бояд гуфт, ки барқ надоштан барои аҳолӣ гаронтар аз доштани барқи мутаносибан қиматтар мебошад. Дар ВМКБ дидем, ки ин фарқ 8 баробар аст. Яъне, агар мо хароҷоти худро дар ҳолати бебарқӣ ва мавҷудияти барқ ҳисоб карда, муқоиса кунем, он 8 баробар гаронтар мебошад. Яъне, ҳар тарофае, ки таъйин шавад, дар қиёс бо харидории маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум, барои гармкунии хонаҳо, омодасозии хӯрок ва дигар хароҷот, рақобатпазир ва манфиатовар аст.
Дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи тарофа қабул карда шуд. Тибқи он, ташаккулёбии тарофаҳо барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон муайян шудааст. Дар вақтҳои наздик дар доираи вазорату кумитаҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад, ки аз татбиқи методология натиҷагирӣ карда, сохтори тарофаҳои навро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар муайянсозии тарофаҳои нав ҳам афзалият ба манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ дода мешавад, аммо аз ҷониби дигар мувозинат бояд дуруст нигоҳ дошта шавад. Яъне, мо бояд барои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” шароитеро муҳайё созем, ки дар низоми энергетика фаъолияти дуруст карда тавонанд ва хизматрасониашон давомнок бошад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи амнияти комили энергетикӣ бо мақсади дастрасии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба қувваи барқ, сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаро лозим медонад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди НБО-ҳои хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар сиёсати давлатии энергетикӣ минбаъд ҳам ба гидроэнергетикаи хурд афзалият дода мешавад ё бо анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ин лоиҳаҳо аҳамияташонро гум мекунанд?
- Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 татбиқ шуд.
Барномаи мазкур барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкили низоми таъминоти неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ аз буридани ҷангалу буттаҳо барои сӯзишворӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ғанӣ гардондани буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона шудааст.
Рафти амалишавии барнома нишон дод, ки ҳама намуди манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла энергияи офтоб, энергияи бод ва неругоҳҳои барқи обии хурд манфиатоваранд.
Ҳамчунин, таҷрибаи ҶСК “Помир Энерҷӣ” нишон дод, ки дар маҷмӯъ сохтмон ва истифодаи НБО-ҳои хурд дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани усулҳои идоракунӣ метавонад манфиатовар бошад. Бо истифода аз иқтидорҳои хурди истеҳсолӣ, ҶСК “Помир Энерҷӣ” тавассути ворид намудани усулҳои дурусти тақсимот ва баҳисобгирии энергияи барқ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба таъминоти пурраи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ВМКБ бо энергияи барқи боэътимод ноил гардидааст.
Таҷрибаи кишварҳои дунё, аз ҷумлаи Шведсия, Хорватия ва Арманистон собит месозад, ки аз ҳисоби сохтмони иқтидорҳои хурди неругоҳҳои обӣ, офтобӣ ва бодӣ имконияти таъмин намудани фаъолияти боэътимоди низоми энергетикӣ ҷой дорад.
Ҳар кадоми ин НБО - ҳои хурд, миёна ва бузург дар низоми энергетикии кишвар муҳимияти худро доранд ва яке дигареро пурра мекунад. Ҳам таҷрибаи Тоҷикистон ва ҳам ҷаҳон муайян кардааст, ки ҳар кадоми инҳо бояд баробар рушд кунанд.
- Тоҷикистон бо захираҳои гидроэнергетикии худ метавонад дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба яке аз кишварҳои асосии содироткунандаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил ёбад. Барои ин ба мо зарур аст, ки ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ ворид шавем. Алъон кор дар ин самт чӣ гуна ҷараён дорад?
- Татбиқи лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ” бо ҳамкории Бонки осиёии рушд ба роҳ монда шудааст. Тибқи созишномаи баимзорасида, лоиҳаи мазкур аз ду марҳила иборат аст. Дар қисмати якум насби низоми муосири ҳимояи релегӣ, хомӯшкунакҳои худкор, трансформаторҳои ченкунанда ва таҷҳизоти ёрирасон пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи дуюм ҷорӣ кардани низоми худкори зиддисадамавӣ барои фаъолияти синхронӣ бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳа синхронизатсияи шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар нуқтаҳои пайвасти ҷараёнҳои 220 ва 500 кВ дар қисмати ҷанубӣ ва шимолии кишвар таъмин хоҳад кард.
Ин лоиҳа барои иштирокчиёни бозори шабакаи минтақавӣ якчанд афзалиятҳо дорад: аввал, ин ба роҳ мондани содирот аст; дуюм, эътимоди кори шабакаро таъмин месозад. Яъне, пешгирии эҳтимоли садама ва рафъи мушкилиҳои сифати шиддатнокӣ дар хати интиқоли барқ дуруст ба роҳ монда мешавад. Сеюм, ин имкон медиҳад, ки ҳар як давлат нақши транзитӣ дошта бошад.
- Тоҷикистон аз шарикони калидии лоиҳаи CASA-1000 мебошад. Дар доираи ин лоиҳа, ки арзишаш $ 1 миллиардро ташкил медиҳад, кишвари мо ба Осиёи Ҷанубӣ барқ содирот хоҳад кард. Пас аз татбиқи он, ҷумҳурии мо аз соли 2022 тиҷорати барқро тавассути Афғонистон ба Покистон бояд роҳандозӣ кунад. Дар шароити буҳронӣ корҳо чӣ гуна ҷараён доранд ва амалишавии лоиҳа дар кадом сатҳ аст?
- Дар доираи ин лоиҳа, кор дар Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон пеш меравад. Ҷониби Тоҷикистон ҳамаи шароиту имконияти иҷрои саривақтии уҳдадориҳои худро дорад. Айнан чунин суръати кор дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон бо масофаи аз ҳама тӯлонӣ ҷараён дорад. Хушбахтона, дар Покистон низ вақтҳои охир кор авҷ гирифтааст. Бояд гуфт, қатъи назар аз вазъи мураккаби пандемияи COVID -19, ҳар чор давлати иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон барои сари вақт анҷом додани лоиҳа чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
- Роҳбари давлат ба Шумо идораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар карданд. Таҳкурсии ин ҳама эътимод фаъолияти пурмаҳсули Шумо дар ширкати “Помир Энерҷӣ” мебошад. Яъне, тӯли роҳбариатон ширкати мазкур ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Сенария ва нақшаҳои кории Шумо дар ин мақоми нав чӣ гуна хоҳанд буд?
- Таъйинот барои ман ғайричашмдошт буд. Боварии Пешвои миллат, Сарвари давлатамон аз як тараф бароям ифтихор аст, аз ҷониби дигар масъулияти ҷиддиеро пешам гузошт.
Роҳбари давлат дар вақти таъйинот самтҳои асосиро ба мо дастур дода, масъалаҳои муҳимро наздамон вазифагузорӣ намуданд. Махсусан, таъкид сохтанд, ки тариқи давом додани ислоҳот, самаранокиро дар низоми идоракунии энергетикӣ амалӣ намоем. Ҷалби сармоягузорӣ, истихроҷи нафту газ, истифодаи самараноки захираҳои обиро беҳтар гардонем. Бинобар ин, пеш бурдани кор дар самтҳои номбаршуда дар мадди аввал меистад.
Ҳамзамон, барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – истиқлолияти энергетикӣ, ки ба мандати вазорати мо дахл дорад, фаъолият хоҳем кард. Ин вазифаҳо, аллакай, барномарезӣ шуда, ҳар шаш моҳ ба самтҳои алоҳида ҷудо гардидаанд. Шаш моҳи аввал барои ислоҳоти системаи энергетикӣ равона мешавад. Дар ин раванд таҷрибаи дар ширкати “Помир Энерҷӣ” доштаро истифода мекунем.
Ҳамаи донишу малака баҳри рушди соҳа равона мешавад, то ки умедвориҳои мардум ва эътимоди Сарвари давлатамонро бароварда тавонем.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2021 №: 35 Мутолиа карданд: 9702