logo

сиёсат

КОБУЛ. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД

14 - 16 феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар раъси як ҳайат ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ» ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов зимни сафар бо Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, муовини якуми Раисҷумҳур Амрулло Солеҳ, Раиси парлумон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, сардори Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигар роҳбарону намояндагони мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқотҳои алоҳида анҷом  дод.
Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи амниятии ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба мавзӯъҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳар ду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.
Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид сохтанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.
Ҳамчунин, С. Ятимов дар конфронс бо маърӯза баромад карда масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналмилалӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардонии вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот мавриди баррасӣ қарор дод. 
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмии комил ва самаранок анҷом пазируфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2021    №: 35    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед