logo

иҷтимоиёт

СОҲИБМАКТАБ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ГАДОАЛӢ ОТАМБЕКОВ

Қаҳрамони мо метавонист унвонҳои илмӣ ҳам дошта бошад. Албатта, давлату Ҳукумат заҳмати ӯро қадр карда, масъулиятҳои муҳимеро бар дӯшаш гузоштаанд. Аммо маълум мешавад, ки барои ӯ ва шахсиятҳое мисли ӯ,  муҳимтар аз ин имкони амалӣ намудани ниятҳои нек ва дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузоштан мебошад. Ҳамин тавр, таҷрибаи дар ин роҳ андӯхтааш, худ мактаби хосеро ташаккул додааст, ки аз он садҳо шогирдон сабақ омӯхта, ба ҷомеа манфиат овардаанд. 
 
ОТАМБЕКОВ ИСТИСНО АСТ
Вақти ҷамъоварии матлаб фаҳмидам, ки раиси ҳозираи ВМКБ Ёдгор Файзов аз шогирдони қаҳрамони мост, ба назди он кас рафтам. Бо вуҷуди серкорӣ, раис вақте номи Гадоалӣ Отамбековро шунид, барои суҳбат розӣ шуд. Моро шавқманд ҳам кард, ки дар бораи чунин шахсиятҳо навиштан кори савоб аст. 
-  Аслан, таърифу тавсиф кардани одамонро дӯст намедорам. Дар Бадахшон фақат бародарон Отамбековҳо истисноанд. Манзури ман Некқадам ва Гадоалӣ мебошанд, ки аввалӣ 23 сол раиси ноҳияи Ишкошим ва дувумӣ беш аз 20 сол мудири бахши кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданду барои пешрафти ин сарзамин азхудгузаштанҳои зиёде нишон додаанд. Тасаввур намоед, ки дар замони шӯравӣ дар чунин вазифаҳои пурмасъулият ҳеҷ касро аз чор сол бештар кор кардан намемонданд. Саволе пеш меояд, ки барои чӣ ба ин ду нафар ин вижагиҳои замон таъсир надошт? 
Бо устод Гадоалӣ Отамбеков бори аввал вохӯрданам ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ҳоло хеле ҷавон будам, ки як рӯз овоза шуд: "Ба деҳаи мо Отамбекови машҳур меояд". Бо як ҳайати бонуфуз омаданд. Хӯроки нисфирӯзиро дар хонаи мо барояшон омода карданд. Ҳама ба хона даромаданд, ҷуз Гадоалӣ. Ӯ аз дур деҳқонеро дид, ки ба парвариши тарбузу харбуза машғул буд. Ҳама барои хӯроки нисфирӯзӣ ба хона даромаданд, вале мудири бахши кишоварзии вилоят бо ин деҳқон суҳбат мекард, бригадирро ба наздаш даъват намуд, машварат дод. Ӯ ба фикрам тамоми бригадирҳои вилоят ва деҳқонони асилро мешинохт, ном ба ном. Ҳофизаи фавқулода дошт ва бовар дорам, агар маълумоти омории ондавраи вилоятро аз ӯ пурсед, дар ҳамин 90 – солагиаш ҳам аз ёд медонад. Тавре гуфтам, беш аз 20 сол мудири бахши кишоварзии вилоят буд. Вақте аз ин вазифа ӯро сабукдӯш карданд, бовар мекунед, аксари кишоварзон ғамзада шуданд. Аммо ӯ рафтани худро бисёр ором қабул кард ва гуфт: “Акнун вақти он аст, ки имконро ба ҷавонон диҳем”. Ман бо масъулияти том мегӯям, ки дар он давра шояд садҳо мудири бахши кишоварзӣ буд, аммо тарзи роҳбарии Отамбеков дигаргуна ва муқоисанашаванда аст. 
 
РОҲНАМОИ ҶАВОНОН 
Арбоби давлатӣ, собиқ муовини Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, муовини пешини Сарвазир дар бахши кишоварзӣ, сафири собиқи Тоҷикистон дар чандин кишварҳо ва ҳоло раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, пас аз Гадоалӣ Отамбеков мудири хоҷагии қишлоқи ВМКБ таъйин гардид. Ин шахсияти шинохта аз қаҳрамони мо ба сифати як одами фидокор ёд меорад ва ӯ  ҳам худро шогирди парвардаи мактаби раҳбарии Гадоалӣ Отамбеков меҳисобад:
- Ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки ҳамагӣ 22-сола будам ва пас аз хатми донишгоҳ маро ба ВМКБ роҳхат доданд. Шубҳае надорам, ки дар вилоят он давра аз ҳама зиёд сокинони Бадахшон дар бораи Гадоалӣ Отамбеков ҳарф мезаданд. Яке дар бораи одами бениҳоят ҷиддӣ буданаш мегуфт, дигарӣ аз ҳалолкориву бовиҷдониаш. Мегуфтанд ва ин воқеият дошт, ки фаъолияти тамоми соҳаҳои кишоварзиро тафтиш мекарду ба ҳеҷ кас, агар дар корашон камбудиву норасоӣ пайдо мекард, гузашт надошт. Аз ин рӯ, аз Гадоалӣ Отамбеков ба сифати як мансабдори принсипнок ҳамагӣ тарс доштанд. 
Солҳои аввали корӣ ман дар колхоз  кор карда, баъд ба кори комсомол гузаштам. Дар маҷлисҳои ҳизбӣ бо ҳам зиёд вомехӯрдем. Ҳамеша дар маҷлисҳои ҳизбӣ ва вилоятӣ ҳарфи муҳиму асосиро дар бахши кишоварзӣ ҳатман Гадоалӣ Отамбеков мегуфт ва касе ба он мухолифат карда наметавонист. Аз танқиди касе намеҳаросид, вале ин маънои онро ҳам надошт, ки хубиву пешрафти одамонро намедид. 
Инсони хубу хайрхоҳанд. Ба мо – ҷавонон дар замони худаш он қадар кумаку раҳнамоӣ кардаанд, ки беҳисоб. Садҳо нафар аз баракати кору раҳнамоии он кас, баъдан, ба мансабҳои баланд расиданд. 
- Аз пешрафти ҳар кадоми мо кӯдаквор хурсандӣ мекард. Ин чунин маъно дошт, ки ба фаъолияти кормандон нигоҳи самимона дорад ва барояш натиҷаи кору рӯҳбаландии онҳо муҳим аст. Он кас барои ман ва барои бисёр шахсони масъули имрӯза ҳаққи устодӣ доранд. Дуруст аст, ки талаботи сахт доштанд ва танҳо онҳое ба мактаби роҳбарии ӯ тоқат меоварданд, ки ҳадафашон пешрафти кор буд. Ҳамин тавр, шогирдон худ шахсият мешуданд. Аз ҳамин ҷост, ки вақте пас аз он кас маро мудири бахши хоҷагии қишлоқи вилоят таъйин карданд, дар корамон мушкили хосе пеш наомад. 
 
ИН ҚАҲРАМОНИ СОҲИБМАКТАБ КИСТ?
Гадоалӣ Отамбеков соли 1931 дар деҳаи Рэни Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1941 дар мактаби миёнаи нопурраи русӣ таҳсил карда, соли 1947 мактаби ба номи Кирови шаҳри Хоруғро ба итмом расонд. Солҳои 1950 – 55 донишҷӯи бахши агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми донишгоҳ, як муддат ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд. Соли 1957 ӯро мудири пункти такягоҳи базаи дар Помирбудаи Академияи илмҳо дар ноҳияи Ишкошим таъйин намуданд. Аз соли 1963  то 1983  мудирии шуъбаи хоҷагии қишлоқи ВМКБ-ро ба зимма дошт. Пас аз он, то соли 1986 ҳамчун нозири калони инспексияи давлатӣ оид ба харид ва сифати маҳсулоти хоҷагии деҳот дар вилоят кору фаъолият намудааст. Тайи солҳои 1986 – 2000 -ум  ҷонишини раиси Агропроми ВМКБ буд. 
Ҳоло ба синни 90 расида, давлати пирӣ меронад. Бо ордени “Нишони фахрӣ”, медали “Барои меҳнати шоён”, нишони “Меҳнати шуҷоатнок” ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Гадоалӣ Отамбеков шукр аз он мекунад, ки ҳарчанд худаш рисолаи илмӣ ҳимоя накард, аммо мактаби хуберо барои наслҳои минбаъда боқӣ гузошт. Аксари тарбиятгирандагонаш ҳоло аз мактаби сиёсии давлатдории Пешвои муаззами миллат муваффақона гузашта, фаъ-олияти пурсамар  доранд.
 
Гулрухсор АҚНАЗАРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2021    №: 35    Мутолиа карданд: 492
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед