logo

сиёсат

ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ҲАРАКАТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКИСТОН ПАЖӮҲИШИ АРЗИШМАНД

Таҳлил ва таҳқиқи объективонаи таърихи таъсису фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои муайян намудани нақшу мақом ва ҷойгоҳи онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, арзёбии воқеъбинонаи саҳми ин ҳизбу ҳаракатҳо дар амри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти воқеии мамлакат нақши муҳим дорад.
Рисолаи навбатии доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ба вуҷуд омадани низоми бисёрҳизбӣ дар ҷумҳурии мо, таъсис, ташаккул ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст.
Дар маҷмӯа асарҳои солҳои 1996 - 2019 таълифнамудаи муаллиф гирд оварда шуда, фарогири муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва нақшу мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мебошанд.
Андешаву пажӯҳиши профессор Ваҳҳоб Набиев аз он хотир муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳанд, ки мавсуф солҳои 1997 - 2003 ба сифати мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини якуми раиси вилояти Суғд кору фаъолият бурда, ба масъалаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ машғул буда, дар ин самт таҷрибаи фаровон андӯхтаанд. Зимнан, бояд гуфт, ки муаллиф дар раванди таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Корвони сулҳ ширкат варзида, аз таърихи ин ва дигар масоили марбут ба китоб ба хубӣ воқиф аст. Аз ин сабаб, мушоҳидаҳо ва навиштаҳои ӯ ҳам дар пояи таҷрибаи амалӣ ва ҳам далелу маълумоти муътамади бойгонӣ, тадқиқоти таҳлилгарон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон рӯи қоғаз омада, арзиши баланди илмӣ (назариявӣ ва амалӣ) доранд.
Мақолаҳое, ки дар маҷмӯа гирд оварда шудаанд, ба се забон: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ таълиф гардида, ба ин васила арзиш ва доираи хонандагони худро васеъ месозад.
Бо итминон метавон гуфт, ки маҷмӯаи мазкур барои муаррихон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон ва доираи васеи хонандагон хеле муфид буда, аз он маълумоти наву тоза ва дақиқро пайдо кардан мумкин аст.
 
Аюб УСМОНОВ,
профессори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров,
Шавкат ШАРИФОВ, Иброҳим ҶАББОРОВ,
номзадҳои илми таърих, дотсентони донишгоҳ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2021    №: 35    Мутолиа карданд: 759
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед