logo

сиёсат

ПАЁМ. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соле рост омад, ки кишвари азизамон дар остонаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ва, албатта, имсол барои хурду бузурги Ватан соли хотирмон хоҳад буд. Зарур аст, ки ҳар шаҳрванди ин диёри нозанин дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолиро ба хубӣ дарк намояд, ба муқаддасот ва арзишҳои он арҷ гузорад. 
Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардид ва мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба ояндаи дурахшон устуворона қадам мегузорад. Миллати тоҷик тайи солҳои соҳибистиқлолӣ собит сохт, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд бо заҳмати софдилонаю созанда ва бо сарбаландӣ онҳоро паси сар мегузорад. 
Чунон ки Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: “Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем”.
Нуктаи дигаре, ки дар Паём зикр шуд, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гаштани ду маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора фармуданд: “Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид”.
Худ шоҳидем, соли 2020 дар як қатор кишварҳое, ки интихобот доир гашт, аз эътирозу норизоиҳо орӣ набуд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон, бо вуҷуди баъзе аз андешаҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз хориҷи кишвар пахш мегардиданд, халқи шариф бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо умеди интихоби ояндаи нек дар ин маъракаҳо фаъолона ширкат варзиданд. Хусусан, насли ҷавони кишвар дар ин ҷода саҳми арзанда гузошт. 
Нуктаи дигаре, ки Пешвои муаззам зикр карданд, ин арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои бузургони миллати мо мебошад: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва интиқоли арзишҳои бегона тавассути филмҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба кишварҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Маҳз омӯхтан ва аз худ кардани таърихи пурифтихори хеш дар инсон худшиносии миллиро ба вуҷуд меоварад. Барои ба ин ҳадаф расидан, зарур аст, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар боз ҳам беҳтар гардад. Фанни таърихи халқи тоҷик бо тамоми нозукиҳои худ ба наврасону ҷавонон омӯзонда шавад. На танҳо дар мактабу донишгоҳҳо, балки дар маҳаллаҳо бо ҷалби мутахассисон бояд барои калонсолон, инчунин, шахсоне, ки муваққатан бекоранд, семинарҳои омӯзишӣ ташкил гарданд. Дар робита ба ин, хуб мешуд, агар Кумитаи телевизион ва радио дар ҳамкорӣ бо “Тоҷикфилм” ва Вазорати фарҳанг наворҳои видеоӣ ва филмҳои таърихӣ аз китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров таҳия ва намоиш диҳанд. Ин иқдомҳо, албатта, дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва маърифатнокии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад дошт. 
 
Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ, 
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2021    №: 36    Мутолиа карданд: 718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед