logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ РӮ БА РУШД ДОРАД

Яке аз намудҳои сайёҳие, ки талаботи дӯстдоронаш дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст ин сайёҳии саргузаштӣ тавассути шикори моҳӣ мебошад. Барои ин Тоҷикистон иқтидори хуб дорад. Дар дарёҳои кӯҳӣ назири Вахш, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дигар намудҳои моҳиро метавон вохӯрд. 
 
Имрӯзҳо барои рушди сайёҳии шикори моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар  хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил  шудаанд. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки соли гузашта дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 3571,7 тонна моҳӣ сайд гардидааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 2551,0, Суғд 869,7, ВМКБ 18,7, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 95,1, Ҳисор 8,3, Файзобод 7,3, Рашт 6,7, Шаҳринав 4,4, Турсунзода 3,5, Рӯдакӣ 3,2, Роғун 1,8, Нуробод 1,5 ва Варзоб 0,5 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар соли гузашта 69,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 дарсад  зиёд мебошад. Ба маротиб афзун гардидани истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ қабл аз ҳама ба амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» ва дигар дастгириҳои Ҳукумати мамлакат вобаста аст. Бахусус, бархӯрдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ барои рушди соҳа нақши муҳим гузошт. 
Феълан бо назардошти сармаҳсул будан, моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш мешаванд. Хоҷагиҳои моҳидории «Аквапарк», «Форел» - и шаҳри Ваҳдат, «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ» - и шаҳри Кӯлоб, «Форел» - и шаҳри Турсунзода, «Суғд - моҳӣ» - и шаҳри Гулистон, «Парваришгоҳи моҳии хушзот» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх» - и ноҳияи Дӯстӣ, «Чубек» - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Рухшона» - и ноҳияи Ашт дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд. Барои муаррифии онҳо ва ташкили сайёҳии шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо дар хоҷагиҳои мазкур ва дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки имконияти шикори моҳӣ мавҷуд аст, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ корҳои тарғиботию иттилоотӣ гузаронда шуда, сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷалб карда  мешаванд. 
Ба ин хотир 5-6 феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода  якҷо бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара аз маконҳои сайёҳии ноҳия дидан намуданд. Гурӯҳи корӣ, ҳамзамон, барои муайян намудани имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла ҳавзҳои моҳипарварӣ дар деҳаи Пушинги ноҳия, омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон аз наздик шинос шуданд. Дар хоҷагии деҳқонии “Каёнуш” ду ҳавзи моҳипарварӣ бо ғунҷоиши 36000 моҳӣ ташкил шудааст. Дар ин ҷо тамоми шароитҳо барои қабули меҳмонону моҳидорон муҳайё буда, боғи мевадиҳанда ва меҳмонхонаи хурди ҷавобгӯ ба талаботи муосир, барои қабули меҳмонон омодаанд.
Дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2019 Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ ифтитоҳ гардида буд, айни ҳол моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш мешаванд. 4 қаиқи гуногунҳаҷм ба хизмати истироҳаткунандагон вогузор буда, ба дӯстдорони варзиш 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ гардонда шуда, лавозимоти варзишӣ насб аст. Дар деҳоти Исмат Шариф дар деҳаи Булёни Поён аз тарафи роҳбарияти ҶДММ “Некӣ” дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳӣ бунёд шудааст, ки дар он беш аз понздаҳ ҳазор сар моҳӣ парвариш меёбад. Дар ин ҷо низ барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон катамаран, 2 мотосикли обӣ ва дигар имкониятҳои хизматрасонӣ мавҷуданд. Бо мақсади рушди сайёҳии шикори моҳӣ дар ноҳияи Данғара хатсайри сайёҳии Данғара - Пушинг роҳандозӣ гардидааст. 
Рушди моҳипарварӣ дар баробари шикори он, ки дӯстдорони зиёд дорад, метавонад барои тақвияти сайёҳии гастрономӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам орад. 
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ташкили хатсайрҳо оид ба сайёҳии шикори моҳӣ тавсия додааст, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештару беҳтар ба роҳ монанд. Инчунин, кумита баҳри бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ баргузор менамояд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2021    №: 36    Мутолиа карданд: 6658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед