logo

сиёсат

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СТАНИСЛАВ ЗАС

18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат ба самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд.
Дар зимн, корҳои анҷомдодаи котибот дар самти омодасозии нақшаи мазкур ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаббусҳои сарварони давлатҳои аъзои созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи СААД ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои муборизаи судманд бо тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи масъулияти созмон, инчунин, мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ - коммуни-катсиониро махсус зикр намуданд.
Дар баробари ин, муҳимияти пурзӯр сохтани корҳо ҷиҳати татбиқи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” барои таҳияи масъалаи қабули рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар сиғаи СААД террористӣ шинохта шудаанд, таъкид гашт.
Ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи Афғонистон, инчунин, ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими неруи СААД-ро барои муборизаи самаранок бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2021    №: 37    Мутолиа карданд: 868
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед