мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АБДУЛАЗИЗ КОМИЛОВ
18 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳангоми суҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳо баррасӣ шуданд.
Дар зимн, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии давлати мо махсус таъкид сохтанд.
Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.
Ҳамзамон, муҳимияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» расонд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.
Дар хотима Пешвои миллат ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар корҳояшон муваффақият ва ба мардуми бародари ӯзбек сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2021 №: 37 Мутолиа карданд: 3613