logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Филворди «Ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»»
Дар филворди навбатӣ ном ва насаби ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Тартибдиҳанда Умедҷони АМОНӢ, донишҷӯи курси 3-юми ДДСТ- и  ба номи М. Турсунзода
 
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ТОҶИКИСТОН», АЗ 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
1. Норак. 2. Кӯлоб. 3. Баҳор. 4. Роҳ. 5. Ҳисор. 6. Регар. 7. Ранг. 
8. Гандум. 9. Маҳмуд. 10. Дӯст. 11. Тоҷик. 12. Китоб. 13. «Баҳористон». 14. Нишон. 15. Нон. 16. Нахӯд. 17. Думбра. 18. Аср. 19. Ромиз. 
20. Забон. 21. Наврӯз. 22. Зоҳир. 23. Роман.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
ШУКРУЛЛО ВА АКМАЛ - ҚАҲРАМОНОНИ РӮЗ
14 феврал ду варзишгари тоҷик Шукрулло Шарифов ва Акмал Қодиров бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон доир ба варзиши сабук, ки байни одамони имконияти ҷисмониашон маҳдуд гузашт, сазовори ҷойҳои 1 ва 4-ум шуда, Тоҷикистонро дар ҷаҳон шуҳрати нав бахшиданд.
Мизбони ин сабқати бошукӯҳ, ки намояндагони 42 давлати дунёро ба ҳам овард, шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб буд.
Бино ба гуфтаи котиби генералии Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Абдурауф Алимов, Шукрулло Шарифов аз рӯи ду категория: давидан ба 100 метр ва 400 метр, Қодиров Акмал низ аз рӯи категорияҳои найзапартоӣ ва партофти гулӯла ширкат варзиданд.
Натиҷа ин шуд, ки Шукрулло дар давидан ба 400 метр ҷои чорумро ишғол кард. Акмал дар партофтани гулӯла 1-ум шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Тирезаи хонаи ман ҳамеша боз аст. Модарам танҳо шаб онро мепӯшад ва бо хоҳиши ман пардаҳо ва бодвонаро кушода мемонад. Охир, дилгир мешавам, модар! Охир, нафастанг мешавам, модар! Модар маро намешунавад, модар пас аз ҳамон шаб, ки момоям баногоҳ мурд, дигар маро намешунавад, касе маро намешунавад, магар ки Бобуна. Ман танҳо метавонам бо Бобуна аз таҳти дил, чунонки бо худ суҳбат мекунам, гуфтугӯ намоям.
* * *
Накутимсоли ман, падруд, модар,
Муборакфоли ман, падруд, модар.
Ту рафтиву касе ҳам то қиёмат
Напурсад ҳоли ман, падруд, модар. 
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021:
Кароматулло Мирзо, Гулназар Келдӣ.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
РАНЕВСКАЯ МЕГУФТ:
- Агар душманат ба ту заҳр дод, ба ӯ қанд деҳ, заҳр дод, қанд деҳ, боз заҳр диҳад, ту қандаш деҳ. Шояд аблаҳ аз ширинии зиёд ба касалии қанд мубтало шаваду аз ғайбату бадгӯӣ монад.  
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ПОЙГОҲИ ҲАРБИИ 201 ДАР ТОҶИКИСТОН НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ОН
Пас аз пошхӯрии СССР пойгоҳи ҳарбии 201 - ду карат дорандаи ордени  Байрақи сурх дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон монд. 
Ин пойгоҳи Россия дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аниқтараш 1 июни соли 1943 дар ноҳияи Тоненски вилояти собиқ Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) ташкил шудааст. Соли 1944 панҷоҳу панҷ деҳаи гирду атрофи шаҳри Гатчински вилояти Ленинградро аз фашистон озод кард. Барои ин корнома бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР аз моҳи январи соли 1944 ба он номи Гатчинск дода шуд. Дар озод кардани шаҳри Нарваи Латвия ва қисмати зиёди Эстония аз истилои фашистон низ иштирок дошт. 
Пас аз ҶБВ масири дурударози Куйбишев – Чкалов – Актюбинск – Тошкент – Самарқандро тай карда, 18 октябри соли 1945 дар шаҳри Сталинобод, Душанбеи имрӯза, мустақар гардид. 
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА
 
 
ИШТИБОҲЕ, КИ 150 000 ДОЛЛАР ФОИДА ОВАРД
Сокини шаҳри Су – Ситии ИМА ҳангоми бозии лоторея иштибоҳ карда, ҷекпотро шикаст. Барбара Хейли 68-сола бештар аз сӣ сол мешавад, ки дар бозии лотореяи Powerball як комбинатсияи ададҳоро, ки ба зодрӯзи аъзои хонаводааш марбут аст, истифода мебарад. Дар бозии охирин ӯ аз шавҳараш хоҳиш намуд, ки дар корти бозӣ шумораҳои 5-9-17-27-28-ро гузорад, аммо ӯ ба хато роҳ дода, ба ивази шумораи 9, 8-ро нишон дод. Иштибоҳро надиданд, то он замоне, ки комбинатсияи дӯстдоштаи Хели 300 доллар бурд кард. Онҳо баробари эълон намудани ғалабаашон фаҳмиданд, ки бетаваҷҷуҳии мард ба хонавода 150 ҳазор доллар фоида овардааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ҶАЗИРАИ МОРОН
Ташриф овардан ба ҷазираи Кеймада Грандеро, ки дар 33 – километрии соҳили иёлоти Сан-Паулуи Бразилия ҷойгир аст, расман манъ карданд. Он бо номи “Ҷазираи морон” маъруф мебошад. Дар ин ҷо 4 ҳазор мори заҳрнок мавҷуд мебошад. Хатарноктарин мори ҷазира – ботропс (мори найзадори амрикоӣ) аст. Заҳри он ҳатман касро ба марг мерасонад. 
Неруи баҳрии Бразилия соли 1920 сафар ба ҷазираро манъ кард,  то морҳоро аз одамон ва одамонро аз морҳо эмин дорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
НОНГ ЮСУИ Ё НАМОЯНДАИ НАЖОДИ НАВИ ИНСОНИЯТ
Дар шаҳраки Даҳауи ҷануби Чин писараки ғайриодӣ ба сар мебарад -  чашмони ӯ кабуди шаффофанд. Чунин тобиши рангҳо ҳатто дар славяну скандинавҳои асил вонамехӯрад. Дидаҳои Нонг Юсуи нури нарми неонӣ дошта, ба мисли чашмҳои гурба медурахшанд ва дар торикӣ ҳам олами берунаро бемалол мебинанд.
Табибон дар чашми кабудтоби кӯдак ягон нуқсро наёфтанд. Аммо соле пас, ҳини гузарондани тадқиқоти ҷиддӣ, дар онҳо мавҷудияти пардаи махсус бо номи тапетум ошкор шуд. Чашмони аксар ҳайвоноти ваҳшӣ тапетум доранд, лекин дар одам ин ҳодиса бори нахустин вомехӯрад. Чашмони ғайриодӣ ба Юсуи мушкиле намеоранд. Ӯ ҳам шабона мебинад, ҳам рӯзона. Фақат ҳамин қадар, ки дар торикӣ хондан барояш роҳаттар аст. 
Олимон ҳадс мезананд, ки эҳтимол сухан аз эволютсия равад. Агар чунин аст, мо бо одамони типи нав дар як замон ба сар мебарем. Ва, шояд, минбаъд афзудани насли шаббин ҳодисаи муқаррарӣ гардад. 
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
ЧАРО ПЕНАЛТИ АЗ МАСОФАИ 11 МЕТР ИҶРО МЕШАВАД?
Пеналти метавонад тақдири ҳар бозиро ҳал намояд. Алалхусус, он ба табъи мухлисони бетараф хушоянд аст. Пеналти дар футбол соли 1891 ҷорӣ гардид. Он ғояи Уилям Маккроми ирландист. Дар зимн, ӯ худ дарвозабон буд ва, баъдтар соҳибкор гашт.
Дар Британияи Кабир шурӯъ аз мавсими 1891/ 1892 зарбаи 11 - метра дар футбол пазируфта шуд. Саволе ба миён меояд, ки чаро 11 метр, на бештар? Аввал бояд гуфт, ки пеналти дар Англия бо метр не, бо ярд андозагирӣ мешуд. 11 метр қариб баробар аст ба 12 ярд. Майдончаи дарвозабон 6 ярд ва масоҳати боқимондаи ҷаримагоҳ 18 ярдро ташкил медиҳад. Англисҳо масоҳати хати дарвозаро то хати ҷаримагоҳ ба 2 қисми баробар тақсим намуданд. Ҳамин тавр, нуқтаи пеналти, махсусан аз дарвоза ба масофаи 12 ярд ба вуҷуд омад. То ҷорӣ гардидани пеналти бозигарон аз он ҷое, ки қоидаи бозӣ вайрон мешуд, зарба мезаданд. Ҳатто агар он 50 сантиметр аз дарвоза дур бошад ҳам. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ЯК САБАҚ
Падар бачаҳояшро барои тамошои голф бурд. Чун ба дармонгоҳ расиданд, аз масъуле пурсид:
- Чипта чанд пул аст?
Мард гуфт: - Се доллар барои шумо ва се доллар барои бачаҳои аз шашсола боло, барои кӯдакони то шашсола бошад, ройгон. Бачаҳои шумо чандсолаанд?
Мард гуфт: - Писарам сесола ва духтарам ҳафтсола.
Дарбон гуфт: - Метавонистӣ шаш долларро дар ҷайбат бизанӣ ва бигӯӣ, ки духтарам шашсола аст. Ман диққат намедодам.
Падар гуфт: - Дуруст, аммо бачаҳо диққат медоданд.  Аввалин дарсе, ки волидайн бояд ба фарзандони худ омӯзад, ростгӯист!
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
МАКТАБ ДАР ҚУЛЛАИ КӮҲ
Дар уезди Ланкатсзии ноҳияи мухтори Тибети Чин (доманакӯҳҳои шимолии Ҳимолой) дар баландии 5573 метр муассисаи таълимии ибтидоии Пуматсзянтан фаъолият мекунад. Он айни замон мактабест, ки мавқеи ҷойгиршавиаш дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меравад. Машғулиятҳо дар ин муассиса дар 6 синф баргузор гардида, ҳамаи хонандагон шабро дар мактаб рӯз мекунанд. Бо вуҷуди гармиву сардии табиат ва мушкилоти равуо ҳамаи кӯдакони деҳаи Пуматсзянтан ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН 
АЗ 2 СОХТОР ТО АРТИШИ НОМДОР
Сарбозону афсарони Тоҷикистон дар 70 соли ба ҳайати ИҶШС шомил будан, дар ҳифзу муҳофизати собиқ иттиҳод саҳми бузург гузошта, дар барқарории сохти шӯравӣ, солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқарорсозии харобиҳои солҳои ҷанг ва низоми сотсиализми мутараққӣ дар баробари дигар халқияту миллатҳо хидматҳои бедареғ кардааст. Мо бояд ёду ёдгори онҳоро азиз ва сарбозони имрӯзро азиз дорем.
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
АЛ - ХОРАЗМӢ
АЗ ОСОН НАМУДАНИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ РИЁЗӢ ТО ИСТИЛОҲИ «АЛГЕБРА» 
Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ дар рушди илми математика саҳми шоиста дорад. Тибқи сарчашмаҳои  таърихӣ, дар илми риёзӣ мисолу масъалаҳо бо ҳуруф навишта ҳал мешуданд ва маҳз  Хоразмӣ бо ворид намудани аломатҳои математикӣ онро осон намуд.
Адади сифр (0)-ро низ ӯ комил  мекунад. Олим дар яке аз китобҳояш, ки доир ба ҳисоби ҳиндист, бори аввал ҳалли муодилаҳоро возеҳ нишон медиҳад. Китоби мазкур дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар рушди математикаи Ғарб сарчашмаи асосӣ гардид. Он ҳоло дар осорхонаи шаҳри Кембриҷи Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешавад. 
Маъруфтарин китобаш «Ал-ҷабр вал-муқобила»-ро низ мамолики Ғарб  фаровон истифода бурдаанд. Донишмандони соҳа бар он назаранд, ки маҳз ҳамин китоб боиси пайдоиши истилоҳи  «алгебра» гардидааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ҲИЛА
Франс Шуберти оҳангсоз то шуҳратёр шуданаш, дар қарз, ба қавле, ғутида буд ва аз ҳамсояҳо гурехта мегашт. Кор то ҷое расид, ки аз ноилоҷӣ дарро аз дарун қулф зад ва кисаҳои шимашро чапагардон карда, онро дар даҳлези хона овехт. Ин ончунон маъно дошт, ки «эй мардум, ман дигар ягон танга надорам, на худатонро ташвиш диҳед, на маро». Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ин «ҳила» натиҷаи хуб дод ва то як муддат касе ба суроғи қарзаш наомад.    
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
АДИБОНЕ,  КИ ТО 25 - СОЛАГӢ НОМ БАРОВАРДААНД
ФРАНСУАЗА САГАН
Номи ин нависандаи фаронсавӣ, ки солҳои 1935-2004 зистааст, бо китоби аввалинаш, яъне романи «Салом, андуҳ» дар 19 - солагӣ вирди забонҳо гардид. Он бо теъдоди 1 миллион нусха интишор ёфта, ҳангома ба по кард.
Муҳтавои асосии ин роман талошҳои бемайлони духтареро дар бар гирифта буд, ки сарфи назар аз болиғ набуданаш хоҳиши ҳар чи бармаҳал кушодани асрори воқеии ҳаёт ва эҳсосоти занонаро дар дил мепарварад.
Дар ҳамон замон ин китоб аз серхонандатарин асар маҳсуб ёфта, ба муаллифаш ним миллион франк ҳаққи қалам овард.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
23 ФЕВРАЛ ШАММАЕ БА ТАЪРИХЧАИ ОН
23 февралро дар Россия низ чун рӯзи муҳофизони ватан ҷашн мегиранд. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он ҳамчун Рӯзи Армияи Советӣ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ таҷлил мешуд. Мавриди зикр аст, ки 23 феврали соли 1918 дар назди деҳаҳои Лопатинои Калон ва Лопатинои Хурди шаҳри Псков ҷанговарони полки дуюми Армияи сурх таҳти фармондеҳии командири полк А. И. Черепанов ҳуҷуми ғосибонаи отряди ҳарбии Олмонро ба Петроград (ҳоло Санкт-Петербург) баргардонда, дар ин набард корнамоӣ ва фидокорӣ нишон доданду зафар ёфтанд. Ба ин муносибат бо қарори Шӯрои иҷроияи  Петроград онро ҳамчун рӯзи ҳарбии Россия ва таъсиси Армияи Сурх ҷашн мегирифтанд.   
Зимнан, Армияи Шӯравиро то моҳи феврали соли 1946 Армияи Сурхи коргару деҳқон ном мебурданд. Он 15 (28) январи соли 1918 таъсис ёфта буд. 
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
КОИНОТ
ТАМОШОИ ОЛАМИ АҶОИБОТ НАЗДИК АСТ
Аз рӯйи маълумоти Планетарийи Уфаи Россия, шаби 18 ба 19 феврали соли равон Моҳ аз паҳлуи Миррих мегузарад. Пас аз ғуруби Офтоб, Моҳ то ҳадди ниҳоӣ ба Замин наздик мешавад. Миррих ва Моҳ низ дар масофаи то 60 миллион километр ба ҳам меоянд, ки дар ин лаҳза Миррих аз шуои шакли пурраи Моҳтоб ҳамчун ситораи дурахшони зард намоён хоҳад шуд. Чунин манзараро сокинони Замин метавонанд аз соати 23:48 то 00:47 бо вақти Москва тамошо кунанд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2021    №: 37    Мутолиа карданд: 780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед