logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Истиқлолияти давлатӣ аз пурарзиштарин дастоварди давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки ба оламиён давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷиконро бо низоми мустақили давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шинос намуд.
 
Бешубҳа, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим доранд. Бо роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар баробари таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд. Дар кишвар иншооти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили корхонаҳои бузурги саноатӣ, неругоҳҳои барқӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои пуриқтидор, нақбҳои мошингузар, роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Яке аз ташаббусҳои муҳими Ҳукумати кишвар дар солҳои охир, ки аз ҷониби Роҳбари давлат роҳандозӣ гардид, амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар чорчӯбаи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташаббуси мазкур, тибқи Фармони   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, № 968 “Дар бораи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат мегирад. Дар доираи тадбири мазкур дар назар дошта шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 19000 иншооти нав бунёд мегардад, ки аз ин шумора зиёда аз 4000 чорабинӣ ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Бо назардошти амалишавии нақшаи мазкур, тайи се соли охир шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ва ба як шаҳри муосир, амн ва дорои инфрасохтори зарурӣ табдил ёфтааст.
Мехостем оид ба рафти иҷрои нақша - чорабиниҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маълумот диҳем. 
Ноҳияи Фирдавсӣ 28 январи соли 1939 таъсис ёфта, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2003, № 464 аз ноҳияи Марказӣ ба ноҳияи Фирдавсӣ тағйири ном кардааст. Дар 2 ҳазор га замини ҳудуди ноҳия зиёда аз 215 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. 
Бахшида ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид, ки аз 166 банд ва 1017 чорабинӣ иборат мебошад. Дар рафти сохтмон ва бунёди иншоот 3885 нафар ба кор ҷалб гардид. Баъди ба истифода супурдани иншоот қариб 5000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Тибқи нақшаи мазкур дар назар дошта шудааст, ки дар давоми солҳои 2019 - 2021 дар ҳудуди ноҳия 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7580 ҷойи нишаст ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта ва 13 муассисаи соҳаи тандурустӣ аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд. 
Дар ин давра 28 бинои истиқоматии бисёрошёна (аз 12 то 21) қад мекашад. Дар ошёнаҳои 1, 2 ва 3 зиёда аз 30 маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷой мегирад. 
Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - рушди бомароми соҳаи саноат дар ноҳия 12 корхонаи саноатӣ сохта, 11  корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегарданд. Аз ҷумла, соли равон корхонаҳои истеҳсоли шир, уребча, дӯзандагӣ, маҳсулоти металлӣ, мебел, чарм ва пойафзолдӯзӣ, ҳамчунин, зиёда аз 20 корхонаи хизматрасонӣ  ба фаъолият мепардозанд.
Дар назар аст, ки дар ин давра 590 хонаи баландошёна рангубор, 79 ҳазор метри мураббаъ  роҳҳо таъмир ва 13 ҳазор метри мураббаъ замин  майсазор ва гулзор карда мешаванд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 1017 банди нақша-чорабиниҳо оид ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар давоми солҳои 2019 - 2020 - ум 861 чорабинӣ пурра иҷро гаштааст, ки ба 85 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, 506 бино пурра рангубор гардид, 31 хобгоҳ аз таъмири асосӣ баромад, 6 майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт, 140 нуқтаи партов азнавсозӣ шуд, 11 корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, 12 корхона бо таҷҳизоти нави муосир таъмин гашт.
Тибқи маълумоти оморӣ то охири соли 2020 дар ноҳия 6265 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ 3747 ва аз ҷониби шахсони воқеӣ 2518 ҷой таъсис дода шуд.
Дар назар аст, ки  давоми соли 2021 нақшаи пешбинишуда пурра иҷро гардида, илова ба он зиёда аз 60 иншооти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супурда мешавад.
Истиқболи арзандаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори умум аст. Бо ин мақсад, сокинон дар маҳаллаҳо хонаву иҳотадеворҳо ва дарвозаҳои ҳавлиҳояшонро таъмиру рангубор намуда, дар ободонии роҳу роҳравҳо, шинондани ниҳолу буттаҳо саҳм мегузоранд. Махсусан, дар мавриди ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе дар шафати роҳҳо, байни хонаҳо ва ҷойҳои холӣ зиёда аз 9 ҳазор ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинонда шуд.
Бо  боварӣ  гуфта метавонам, ки дар соли ҷорӣ – соли Ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи сокинони ноҳия бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои  дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона вусъат бахшида, барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳоро меандешанд.
 
Ф. УСМОНЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 1000
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед