logo

фарҳанг

ИРЖИ БЕЧКА - МАРКАЗИ ТОҶИКШИНОСӢ ДАР ПРАГА

Иржи Бечка, номвартарин ховаршиноси чех 16 октябри соли 1915 дар Прага ба ҷаҳон омад. Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Чехословакия (ҳоло Чехия) шуд. Доктори илмҳои ҳуқуқ ва фалсафа. Дар пажӯҳишу тарғиб ва омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик панҷоҳ сол ранҷ бурд. 
 
ТАЪРИХЧАИ БА ТОҶИКИСТОН ДИЛ БОХТАН
Номбурда бо донишмандони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод, Акбари Турсон робитаҳои илмӣ дошт. Пас аз вохӯрӣ ва суҳбат бо аллома Ғафуров Бечка ба Тоҷикистон даъват шуд ва ба пажӯҳиши адабиёти тоҷик ҷиддан машғул гардид. Ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар Прага вохӯрда, суҳбати самимие дошт. Дар асари ҷомеи шарқшиносони Чехословакия – «Таърихи адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ» фаслҳои «Адабиёти тоҷик дар асрҳои VI-XX» ва «Адабиёти шӯравии тоҷик» ба қалами ӯ мансубанд.
Доир ба ҷанбаҳои гуногуни осори Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ асарҳои пурарзиши илмӣ офарида, шеъру ҳикоя ва қиссаҳои бисёр адибони тоҷикро ба чехӣ тарҷима кард. 
Ҳамзамон, тарҷимаи «Муш ва гурба» - и Убайди Зоконӣ, «Марги судхӯр» - и устод Айнӣ, маҷмӯаи шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо номи «Салом алейкум», баёзе бо унвони «Ситораҳои наздик» (намунаҳо аз эҷодиёти адибони муосири тоҷик – Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Убайд Раҷаб, Лоиқ, Кӯҳзод), намунаҳо аз осори устод Рӯдакӣ, рубоиёти Умари Хайём, осори Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Сайидо,  Шоҳин ба забони чехӣ маҳсули ранҷҳои шабонарӯзии олими дилсӯз Иржи Бечка аст.
 
АЛЛОМА ҒАФУРОВ ВА ИРЖИ БЕЧКА
Аввалин дидори Бечка бо Ғафуров соли 1958 дар Прага рух дод. Устод Ғафуров ҳамроҳ бо Иосиф Брагинский барои ширкат дар як сессияи хурди илмӣ он ҷо сафар дошт. Дар ин дидори хотирмон дар фурудгоҳ Бечка Ғафуровро бо забони тоҷикӣ «Ассалому алейкум, хуш омадед!», - гуфта, пешвоз мегирад ва риштаи дӯстии онҳо ҳамон лаҳза пайванд меёбад. 
- Бобоҷон Ғафуров дар ҳақиқат як марди бисёр қавӣ ва бисёр доно буд. Тақрибан дар соли 1967 ё 1968 дар Париж як сессия ташкил карданд дар бораи таърихи Осиёи Миёна ва Бобоҷон Ғафуров раиси ин сессия шуданд. Ва ман дидам, чӣ тур моҳирона ин мард ба ин сессия раҳбарӣ ва гуфтугузорҳоро раҳнамоӣ мекард. Дар ин сессия тақрибан 30 олим аз ҳар куҷои дунё буданд, - гуфтааст дар яке аз ёддоштҳояш Иржи Бечка.
Ӯро маҳз Бобоҷон Ғафуров ба Тоҷикистон мехонад ва барои таҳқиқи осори ниёгони мо шароит фароҳам меорад. Ғафуров барояш таъкид кардааст: «Эроншиносон зиёданд, вале касоне, ки мисли шумо Тоҷикистонро хуб шиносанд ва таҳқиқ кунанд, ангуштшуморанд. Ин роҳро давом диҳед».
 
БАЪД АЗ САФАРИ ДУШАНБЕ
Соли 1958 равшанфикрони Тоҷикистон Бечкаро хуш пазируфта, як моҳ дар Душанбе меҳмон карданд. Дар ин муддат ӯ бо адибону пажӯҳишгарони тоҷик суҳбатҳо меорост ва вақти боқимондаро дар “Ганҷинаи дастхатҳо” - и собиқ китобхонаи Фирдавсӣ мегузаронд. Баъд аз бозгашташ ба Прага ӯро сардабири маҷаллаи «Novy Orient» («Шарқи нав») таъйин карданд. Бори дигар ба Душанбе ӯ дар соли 1964 сафар кард, то дар ҷашни 550 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ширкат варзад. Дар ин байн ӯ се мақола дар бораи Рӯдакӣ, як матлаб дар бораи Айнӣ ба табъ расонд.
Дар соли 1968, вақте ошӯби зиддишӯравии «Баҳори Прага» саркӯб гардид ва неруҳои СССР Чехословакияро ишғол карданд, Бечка аз ҳамаи вазифаҳо истеъфо дод, гӯшашинӣ ихтиёр кард ва дар хона бо кори илмӣ саргарм гашт.
Ӯ, ҳамчунин, ба тарҷумаи осори бадеӣ машғул шуд ва порчаҳое аз «Наводир-ул-вақоеъ» - и Аҳмади Дониш, асари Сотим Улуғзода «Субҳи ҷавонии мо» - ро ба чехӣ баргардонд. Бо шоирони чех ҳамкорӣ кард, то ашъори устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Гулрухсорро ба забони чехӣ интишор диҳад. Ҳамчун узви шӯрои таҳририяи чандин маҷаллаи ховаршиносии Аврупо, ба асарҳои тозаи илмӣ ва адабии Тоҷикистон тақриз ва барои донишномаи “Ираника” - и Эҳсони Йоршотир матлабҳо иншо мекард.
 
ЛУҒАТИ БЕЧКА
Бечка дар баробари тарғибу тарҷимаи осори ниёгони мо, пайваста ба мураттабгардонии «Фарҳанги форсӣ ба чехӣ ва чехӣ ба форсӣ» саргарм мешуд. Ин луғатнома соли 2004 интишор ёфта, дар ҳавзаи форсизабонон ӯро маъруф кард. Онро пажӯҳишагрони чех ба ифтихори мураттибаш «Луғати Бечка» ҳам меноманд.
Доираи пажӯҳишҳои Иржи Бечка хеле густурда ва гуногунҷанба буда, забоншиносӣ (пажӯҳиши забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, забонҳои пушту ва урду), эҷодиёти шифоҳӣ ва асарҳои адибони гузаштаву муосири тоҷикро дар Аврупо фаро мегирад.
Корҳои бунёдиро, асосан, баъди бознишастагӣ (1992) анҷом дода, то охири умраш, шурӯъ аз соли 1999 то соли 2004 раиси Ҷамъияти равобити дӯстии Чехия ва Эрон, Тоҷикистону Афғонистон, сардабири моҳномаи «Бӯстон» буд. «Бӯстон» тозатарин намунаҳои назму насри Тоҷикистон ва ахбори фарҳангии се кишвари форсизабонро мунташир мекард. 
 
ПАЖӮҲИШГАРИ ОСОРИ УСТОД АЙНӢ
Ёд кардан бамаврид аст, ки Бечка яке аз шогирдони дӯстдоштаи профессор Ян Рипка буда, маҳз бо машварати Рипка ба омӯзиши забони тоҷикии форсӣ рӯ меорад. Нахустин мақолаи ӯ роҷеъ ба ховаршиносӣ дар соли 1943 дар рӯзномаи “Ҳолос” нашр шуда, ҳолнома ва осори Абубакр Закариёи Розиро фаро гирифт. Сипас, соли 1951 достони кӯтоҳи Садриддин Айнӣ “Кафшҳои Мулло Туроб” - ро ба чехӣ баргардонда, бо нависандаи забардасти тоҷик робита пайдо кард.
Мавсуф осори илмиву бадеии гаронмояи устод Айниро ба сифати шиноснома ва мадраки таърихиву иҷтимоии тоҷикони Осиёи Марказӣ шинохта буд ва эътироф мекард, ки устод аз бузургтарин тоҷикшиносон аст. Аз ин сабаб, дар бораи рӯзгор ва маҳорати нигорандагии Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» таҳқиқ анҷом дода, рисолаи «Хақиқати  таърихӣ ва типсозӣ дар повести «Марги судхӯр» - и Садриддин Айнӣ», «Ду асари барҷастаи адабиёти муосири тоҷику эронӣ («Хоҷӣ оқо» - и Содиқ Ҳидоят ва «Марги судхӯр»), «Мактаби куҳна» дар осори Айнӣ ва нависандагони дигари  Осиёи Миёна», «Юлиус Фучик ва Садриддин Айнӣ», «Садриддин Айнӣ ва Чехословакия»,  «Нависанда  ва олим», «Садриддин Айнӣ - падари маданияти муосири тоҷик» - ро таълиф кард. Ҳамзамон, ӯ аз маърӯзачиёни асосии ҷашни садсолагии устод Айнӣ (1978) дар Душанбе буд.
 
МАРКАЗИ ТОҶИКШИНОСӢ ДАР ПРАГА
Ховаршиноси маъруфи Олмон Манфред Лоренс соли 2011 гуфта буд: «Бечка ба танҳоӣ Маркази тоҷикшиносӣ дар Прага буд ва корҳои илмии ӯ бо адабиёт маҳдуд нашуда, ба таърих, фалсафа, фолклор ва забоншиносӣ низ пайванд мегирифт. Ноширон, олимон, маҷаллаҳо ба суроғи ӯ меомаданд, зеро медонистанд, ки касе нахоҳад тавонист беҳтар аз ӯ ин ё он мавзӯи таъриху фарҳанги мардуми эрониаслро шарҳ диҳад». Паҳнои ин мавзӯъҳо Бечкаро як донишманди энсиклопедист ҷилва медиҳад: «Нашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар Москва, «Сарнавишти Пайрав Сулаймонӣ», «Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ», «Пажӯҳишҳо дар осори Аҳмади Дониш», «Танзи Убайди Зоконӣ». Дар тақризҳои худ Иржи Бечка гӯё суҳбату баҳсҳояшро бо олимоне чун Соҳиб Табаров, Аълохон Афсаҳзод, Холиқ Мирзозода ё Забеҳулло Сафо идома медод.
Ӯ бо дурандешӣ номвартарин шоири чех, барандаи Ҷоизаи Нобел дар адабиёт Ярослав Сейфертро ба тарҷумаи осори шоирони классики тоҷику форс водошта буд, ки сутуданист.
 
ТО ВОПАСИН НАФАС ДАР МУҲИТИ ТОҶИКОНА
Соли 2002 барои охирин бор ба Душанбе сафар кард. Бо чанде аз дӯстони тоҷикаш, ки дар қайди ҳаёт буданд, суҳбат орост. Мардуми тоҷик ӯро бо сарулибоси тоҷикӣ ва армуғонҳои вижаи тоҷикӣ гуселонданд. Иржи Бечка бо бузургвории хос он ҳама туҳфаҳоро ба Осорхонаи мардумшиносии Прага тақдим ва бад-ин тариқ ба боз шудани гӯшаи “Тоҷикистон” дар ин боргоҳ мусоидат кард.
То он ки марг ба суроғаш омад, китоби гаронмояи «Таърихи адабиёти форсу тоҷик» - ро се дафъаи дигар таҳриру такмил ва бознашр намуд. Вопасин китоби ӯ “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ” соли 2005, пас аз як соли марги ӯ аз чоп баромад. Он ҳамчун тазкираи адабиёти форсизабонон аз Рӯдакӣ то Суҳроби Сипеҳрӣ (қариб сад шоиру нависанда) - ро дар бар мегирад. Донишгоҳи Карли Прага эълон дошт, китобро ҳамчун дастури таълим истифода хоҳад кард. 
Иржи Бечка 21 декабри соли 2004 дар 89 - солагӣ дар Прага аз дунё даргузашт. Аз ӯ се духтар бо номҳои тоҷикии Лайло, Ойиша ва Зинат, як хонаи шабеҳ ба хонаҳои анъанавии тоҷикон ва китобу рисолаҳои мондагор боқӣ мондааст.
Дар робита ба хидматҳои бедареғи пажӯҳишгари варзида, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Иржи Бечка пешниҳод мекардем, ки кӯча ё хиёбоне ба номи ин бузургвор гузошта шавад. Ин боис мешавад, то равобити адабиву сиёсии мо бо Чехия таҳким ёфта, дигар хориҷиёни ба фарҳангу адаби тоҷик дилбохта ба корҳои пажӯҳишӣ дилгарм шаванд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед