logo

маориф

ПЕШНИҲОД ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ

Ҷавоб ба мақолаи Рӯзафзун Додарҷонова, омӯзгори МТМУ № 61 ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи “Як пешниҳоди муҳим” дар саҳифаи 3-и шумораи № 2 (24109) рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 5-уми январи соли 2021  ба нашр расидааст.
Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба навиштаи Рӯзафзун Додарҷонова, омӯзгори МТМУ № 61-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи “Як пешниҳоди муҳим” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (шумораи № 2 (24109) аз 5-уми январи соли 2021) ба нашр расидааст, иттилоъ медиҳад, ки дар асоси дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияту таҷдиди шартҳо ва талаботи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва, ҳамзамон, беҳтар гардондани раванди баргузории он, таъмин бо мутахассисони баландтаҷриба ва дигар паҳлуҳои марбут ба озмуни мазкур барои солҳои оянда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бояд зикр кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли дуюм аст, ки идома дорад ва табиист, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилот кам нестанд. Аммо бо вуҷуди камбудию норасоиҳо бо боварӣ метавон гуфт, ки озмуни мазкур дар самти тарбияи китобхониву китобдӯстдорӣ ва ташвиқи аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, ба китобу китобдорӣ саҳми назаррасе гузоштааст, ки исботи ин гуфтаҳоро дар миёни ҷомеа, расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баръало метавон мушоҳида намуд.  
Пешниҳодҳои муаллиф вобаста ба интихоби ҳакамони гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби омӯзгорони ин зинаи таҳсилот, интихоби ҳакамони гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби  омӯзгорону профессорони донишкадаву донишгоҳҳо,  таъмини равоншиносону педагогони соҳибтаҷриба барои дастгириву баланд бардоштани рӯҳияи иштирокчиёни озмун қобили дастгирӣ буда, зимни таҷдиди назар намудани Низомномаи озмун ба гурӯҳи корӣ пешниҳод карда мешавад. 
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 5534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед