мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУРРИЗО РАҲМОНИИ ФАЗЛӢ
23 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амният баррасӣ карданд.
Дар зимн, таъкид гардид, ки то ба имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 160 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният, ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои тарафҳоро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амният баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид карданд. Вобаста ба ин, Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар пасманзари пандемияи коронавирус, мавзӯи зуҳуроти буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки, бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, матраҳ шуд.
Зимнан, ҷонибҳо оид ба иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемияи коронавирус мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо, инчунин, дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.02.2021 №: 41 Мутолиа карданд: 3717