logo

фарҳанг

“ТОҶИКФИЛМ”. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

 

Сарфи назар аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ соли гузашта дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сомон расонда шуданд. Ҳамзамон, фаъолияти эҷодии “Тоҷикфилм” бобарор буд. Таҳияи филмҳои ҳунариву мустанад идома ёфта, новобаста аз вазъи баамаломада нахустнамоиши онҳо дар кинотолорҳои кишвар баргузор гардид. 
 
ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИЮ ИСТЕҲСОЛИИ МУАССИСА 
Филми ҳунарии «Автобус» дар  жанри мазҳакаи моҷароӣ, бо давомнокии 90 дақиқа таҳия гардида, нахустнамоиши он дар кинотолори Кохи “Наврӯз” барои алоқамандону дӯстдорони синамои миллӣ барпо шуд. Муаллиф ва коргардони таҳиягари он Абдулҳай Зокиров ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошанд. Бо автобус ба сафар баромадану шоҳиди рӯйдодҳои шавқангезу пурпечутоб гардидан муҳтавои асосии филмро ташкил медиҳад.
Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» низ яке аз офаридаҳои асосии “Тоҷикфилм”  дар соли 2020 ба шумор меравад. Он дар жанри драмаи иҷтимоӣ омода гардида,   дар рӯзи Ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» нахустнамоишаш баргузор гардид. Муаллифи филмнома Носир Раҳмон, коргардон Файзулло Файзов ва наворбардори он Абдукарим Уроқов мебошанд.
Филм дар бораи бачае ҳикоят мекунад, ки ба моҳигирӣ шавқу рағбат дошта, мехоҳад ҳаёташро ба ҳамин шуғл бахшад. Ҳамчунин, масоили экологию таъсири манфии инсон ба муҳити атроф фарогири муҳтавои филм мебошад. Таҳияи филми ҳунарии “Роҳ” ба итмом расида, нахустнамоиши он низ барои доираи васеи ҳаводорону тамошобинон ва мунаққидону киношиносон доир гардид.  
Филм дар бораи се зан қисса мекунад, ки баъд аз анҷоми ҳукми ҷазо аз маҳбас озод мешаванд. Дар роҳи бозгашт ба ҳодисоту воқеаҳои пурпечутобу шигифтангез дучор мегарданд, мазмуни мухтасари филмро фаро мегирад.
Дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО аз ҷониби муассиса як қатор филмҳои мустанад доир ба мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва ҷашну идҳои миллӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, раёсати муассиса дар ВМКБ филмҳои мустанади «Карон» ва «Ямчун»-ро бахшида ба калъаҳои таърихии Карони ноҳияи Дарвоз ва  Ямчуни ноҳияи Ишкошим, дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади «Аҷинатеппа» ва «Ҳулбук», дар вилояти Суғд дар хусуси ҷашнҳои қадимаи миллӣ – Сада ва Меҳргон филмҳои мустанад таҳияву омода кардаанд.
Силсилаи филмҳои мустанади  “Хиёнат”  7 қисм, “Сайри гули лола”  коргардон Шарофат Арабова,  “Сози мақом” бахшида ба бистсолагии мақоми давлатӣ гирифтани ансамбли “Шашмақом”  ва “Ваҳдат”   ба муносибати  Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо коргардонии Абдулҳай Зокиров, “Шинохти Саразм” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостон бо коргардонии Рустам Сатторзода, бахшида ба 100-солагии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимягаров филми мустанади “Устод Кимягаров” бо коргардонии Файзулло Файзов, бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади “90-солагии кинои тоҷик” бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ, ба муносибати 90-солагии “Тоҷикфилм” филми мустанади “Тоҷикфилм - 90 - сол”, коргардон Рустам Шоазимов таҳияву рӯйи навор омадаанд. 
 
АНИМАТСИЯ НИЗ РУШД МЕКУНАД
20  қисми филми аниматсионии «Алифбо» дар ҳаҷми 88 дақиқа  омода гардид. Муаллифи филмнома Умеда Раҳимова буда, коргардон - таҳиягари он Фирдавс Насруллозода мебошад. Ҳар як қисми филми тасвирӣ ба як ҳарфи алифбои забони тоҷикӣ бахшида шуда, барои омӯзиш ва азхудкунии забон ба кӯдакону наврасони дохилу хориҷи кишвар нигаронда шудааст.
Таҳия ва омодасозии филми тасвирии «Зани порсо» аз рӯйи ҳикояҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ба итмом расид. «Зани порсо» хусусияти ахлоқию тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи алоқамандони синамои миллӣ, хусусан ҷавонону наврасон, тавсия мешавад. Филм 15 дақиқаро дар бар гирифта, дар муддати 3 моҳ омода шудааст.
Коргардон Фирдавс Насруллозода ва рассоми филм Сангмаҳмад Ашӯров буда, инчунин, аниматорон Амирхоҷа Юсуфов, Шаҳром Толибзода, танзимгар Хуршед Бобоев ва оҳангсоз Неъматулло Абдуллоев барои таҳия ва омода намудани филм саҳм гузоштаанд.  
 
МУКОФОТИ СОҲАВИИ СИНАМОГАРОН ТАЪСИС ЁФТ 
Бо ибтикори муассиса бори нахуст дар таърихи синамои тоҷик мукофоти соҳавии Аълочии кинематографияи тоҷик   таъсис дода  шуд.   Дар арафаи Ҷашни 90-солагии “Тоҷикфилм” бо қарори ҳайати мушовара  ходимону пешқадамони соҳаи синамои миллӣ бо нишони Аълочии кинематографияи  тоҷик қадр шуданд. Ин нишон хизматҳои шоистаи синамогаронро ифода намуда, бо фармоиши муассиса дар “Монетный двор”-и шаҳри Москва, бо сифати баланд омода гардид.
 
1255 ФИЛМ ДАР 90 СОЛ
Муассиса дар робита ба Ҷашни 90-солагии “Тоҷикфилм” филмҳои аз соли 1929 истеҳсолнамударо ба феҳристи ягона ворид карда, ба жанрҳо ҷудо намуд. Аз ҷумла, 656 филми мустанад, 330 филм - маҷаллаи “Тоҷикистони Советӣ”, 89 филм - маҷаллаи ҳаҷвии “Калтак”, 23 филми тасвирӣ ва 157 филми ҳунариро  ташкил дод. Дар натиҷа, маълум гардид, ки “Тоҷикфилм” аз рӯзи таъсис то ба имрӯз     1 255    филми гуногунжанро истеҳсол ва ба намоиш гузоштааст, ки  хазинаи тиллои санъати синамои миллиро ташкил медиҳад. 
Ҳамзамон, теъдоди филмҳои дар замони соҳибистқлолӣ рӯйи наворовардаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” муайян шуданд. Тибқи омори бадастомада “Тоҷикфилм” тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 филми ҳунарии пурра, 38 филми кӯтоҳи бадеӣ, 162 филми мустанад ва 9 филми тасвириро омода ва таҳия намудааст.
 
МАҶАЛЛАИ “КИНО” ДАСТРАСИ ХОНАНДАГОН ГАРДИД
Бори аввал барои тарғибу ташвиқи  санъати синамои тоҷик, шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” бо шаклу андозаи нав ва сифати баланд  ба теъдоди 3000 нусха рӯйи чоп омад ва дастраси    мутахассисони соҳа гардид.  Маҷалла барои киношиносон, мунаққидони синамо, синамогарону мутахассисони соҳа, олимон, зиёиён, филмноманависон ва  адибон минбари эҷодӣ ба ҳисоб меравад.   Шумораи навбатии маҷалла бо се забон омодаи нашр мебошад. 
 
Комрон САФАР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 512
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед