logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА. ВАҚТЕ ХАЛҚ БА ФАРЗАНДОНИ АСИЛАШ АРҶ МЕГУЗОРАД...

Бо дастури Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол Ҷашни 110 - солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад. Таҷлили он дар остонаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рӯйдоди хеле муҳими фарҳангӣ дар ҳаёти кишварамон арзёбӣ мегардад ва чорабиниҳои вобаста ба ҷашни ин симои дурахшони адабу фарҳанг боиси боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдат ва худшиносии миллӣ мегарданд.
 
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Ҷашни 90 ва 100 - солагии шоир дар сатҳи баланд ва хеле пуршукӯҳ таҷлил шуда буданд. Барои тарғибу ташвиқи осораш корҳои мондагоре роҳандозӣ гардиданд.  
Воқеан, ҳар таҷлили ҷашни шоир падидаи дурахшони инкишофи шуури таърихӣ ва худшиносии миллии халқи тоҷик аст. Бо таъкиди Пешвои маҳбубамон: «Тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус наслҳои ҷавону наврас, бояд донанд, ки ҳаёти пурбаракат, фаъолияти доманадори адабию ҷамъиятии Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди асили халқ бо равандҳои навсозии мамлакат, озодию истиқлолият ва рушду камоли миллати сарбаланди мо алоқаманд буд».
Ҳадафи аслии Пешвои маҳбубамон аз таҷлили ҷашнҳои солгарди шоир, ин тарғибу ташвиқи осори шоир ҳаст. Бояд ин ташаббусро ҳаматарафа дастгирӣ намоем, рӯҳи поку ҷовидони шоирро гиромӣ дорем. Дар сатҳи хонавода, коргоҳ осорашро тарғиб ва ҳатман аз осораш бо завқи худ пораҳои шеъриро интихоб ва аз бар намоем. Шеъри Мирзо Турсунзода дар ҳама давру замон ҳамоҳанги маҷрои ҳаёт буд ва имрӯз ҳам хеле замонавӣ садо медиҳад. Ва бояд ба ин садо бо муҳаббат гӯш дод. 
Ба қавли Набӣ Хазрӣ, шоири маъруфи Озарбойҷон: «Абадият ҳамбастагии муҳаббат ва ақл, накукорӣ ва вафодорист... Абадият дар ҳама замонҳо дар пеши назари оламу оламиён ҳайкали боҳашаматест. Мирзо Турсунзода дар таъриху тақдири халқи худ амсоли ҳамин гуна ҳайкал қомат афрохтааст».
Фаромӯш набояд кард, ки Мирзо Турсунзода ба маънои том шоири ҳақиқии Ватани худ буд. Ӯ дар шеърҳояш аз иқболи халқи тоҷик ҳарф задааст. Бо  меҳру муҳаббат сухан гуфта, бо  ҳиссиёти баланд  онро тараннум кардааст. Садои тоҷик ва тоҷиконаро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон бо  меҳру муҳаббати пок ва хеле самимона шунавондааст.
Таҷлили 110 - солагии шоир, албатта, дар як рӯҳияи баланд роҳандозӣ мегардад. Наворҳои шоир дубора нусхабардорӣ ва бо сифати баланд танзиму коркард мегарданд. Садояшро дар фитаҳо сабт мекунем, гулчини ашъорашро мураттаб намуда, ройгон дастраси мардум мешавад. Барои арҷгузории осораш Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - ро, махсусан ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода агар роҳандозӣ гардад, ба нафъи кор аст. Бар пояи бисёре аз достонҳои ӯ, фимлномаҳову намоишномаҳои театрӣ ва асарҳои зиёди симфониву операвӣ таҳия шудаанд. Бояд ин ҳамаро тарғибу ташвиқ намоем.
Гарчанде осори Мирзо Турсунзода  таҳқиқу таҳия ва нашр шудааст, вале масъалаҳои таҳқиқталаб доир ба осор ва фаъолияти ӯ ҳанӯз хеле зиёд мебошад. Аз нигоҳи нав, вобаста ба талаботи даврони истиқлоли миллӣ дар самти забоншиносӣ, адабиётшиносӣ осори гаронбаҳояш мавриди таҳқиқоти тозаи илмӣ қарор гирифта шавад. 
Ҳамчунин, Мирзо Турсунзода дар баробари шоир будан, яке аз чеҳраҳои сиёсии давр ба шумор мерафт, дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи мустамликадорӣ, расиданашон ба истиқлолу озодӣ саҳми бузурге гузоштааст. То ба имрӯз оид ба фаъолияти сиёсӣ, махсусан нақши ӯ дар ваҳдати халқҳои Осиёву Африқо, дар илми сиёсатшиносӣ  таҳқиқоти  алоҳидаи  илмӣ ба роҳ монда нашудааст.
Имрӯз  на  ҳама  ихлосмандони шоир имкони дидани хона - музейи шоирро дар шаҳри Душанбе ва зодгоҳаш- деҳаи Қаратоғ доранд. Хуб мешуд, ки маводҳои хона - музейи шоир тавассути видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ тарғиб гардад.
Барои шинохт ва таблиғи шоири тавонои тоҷик мебояд корҳои бузургеро аз ҳоли ҳозир роҳандозӣ намуд, зеро Мирзо Турсунзода шоири сатҳи ҷаҳонӣ, мунодии сулҳ ва чеҳраи мондагори миллат дар роҳи тарғиби сулҳу ваҳдати миллии халқҳои ҷаҳон мебошад.
 
Қурбоналӣ РАҲИМЗОДА, 
корманди Иттифоқи касабаи 
кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2021    №: 42    Мутолиа карданд: 648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед