logo

сиёсат

ПАЁМ НОМАИ НАВСОЗИИ ВАТАН АСТ

26 январи соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бонизоми тамоми соҳаҳои афзалиятноки мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Паёми навбатӣ, ки дар оғози соли таърихиву ҳумоюн, сиюмин солгарди Истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, ба қалби пиру барнои кишвар шодиву нишот ва умеду бовари комил бахшида, роҳнамову дастури кори ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос гардид.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ширкатҳои сохтмони вазорату идораҳо ҷиҳати татбиқи дастурҳои ироагаштаи Пешвои муаззами миллат ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ мондааст. Корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни миллӣ ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони кумита қарор доранд. Дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузарондашуда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунтазам маълумоти муфассал ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.
Ҷойгиршавии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии КВД «Лоиҳакаш» - и кумита, ки дар ҳар шаҳру ноҳия фаъ-олият менамоянд, амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, кумита вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор чораҷӯӣ намуда истодааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда оғоз гардидаанд. 
Соли гузашта пайомадҳои пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонд. Аммо Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати хирадмандона, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирии пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа, танҳо соли сипаришуда аз сармояи асосие, ки дар соҳаи сохтмон сарф шудааст 11 миллиарду 616 миллион сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар ин давра 1 миллиону 383 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 13534 ҷойи нишаст, беморхона 577 кат, дармонгоҳ барои қабули 436 нафар дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1000 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
Аз 65 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи генералии 64 - тои он бо қарорҳои Ҳукумати кишвар тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд. Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ҳоло ба итмом расида, дар мувофиқа аст. 
Аз ин бармеояд, ки сарфи назар аз пандемия Тоҷикистон буҳрони пешомадаро бо сарбаландӣ паси сар намуд, чун иқтисодиёти кишвар дар ин сол 4,5 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳамин тавр, мо метавонем, аз ҳар нуктаи Паёми Пешвои миллат як фатҳу як навиди хушро ба худ гирем. Паёми Сарвари давлат номаест, ки ҳамаи моро ба сохтану ободӣ, дӯст доштани Ватану ҳифзи он таҳрик медиҳад. Аз ҳамин зовия моро мебояд, ки Паёми Пешвои миллатро нукта ба нукта омӯзем, аз худ кунем ва онро дар амал татбиқ намоем. Чун роҳи саодату некбахтӣ ва ояндаи дурахшони мо, тоҷикистониён дар он таҷассум ёфтааст.
 
Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА,
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2021    №: 42    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед