logo

фарҳанг

1910. СОЛИ ЗИЛЗИЛАИ ШАДИД ДАР КАНГУРТ

Ба яқин, агар иртиботу бародархондагии миёни ҳокимони маҳал ва орифону олимону шоирон мавриди омӯзиши махсус қарор бигирад, бисёр саҳифаҳои норӯшани таърих рӯшан мегардад. Ба ҷуз ин, дарси хуби ибрат хоҳад шуд. Инчунин, таҳқиқи номаҳои шахсиашон дар рушди адабиётшиносӣ ва шинохти дурусти зиндагӣ мусоидат мекунад.
Яке аз чунин дӯстӣ ва бародархондагӣ дар миёни Авлиёқулбекбии девонбегӣ, волии Ҳисор, барқарор буд. Бо расидани яке аз номаҳои ӯ ба  он шоири ориф ҳолати  шодиву масаррат рух додааст, ки зимни посух онро баён медорад:
Номае омад, ки дидам ҳарф то ҳарфе аз он,
Не ғалат бошад, ки гӯям сеҳру ҷоду номае.
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ зимни тавсифи ин шахсияти таърихӣ навиштааст:
Мири парвоначии олинасаб,
Авлиёқули тамомхулқу адаб.
Риштаи дӯстиву бародархондагӣ дар миёни онҳо аз он сабаб пайванд аст, ки ин мард, ба тавсифи шоир, ҳамчунин, олиму қории Қуръону адибу амин низ буд. Ба шоир ғамхорӣ, меҳрубониву ғамхорӣ менамуд.
Эҳтиёҷам баробарӣ мекард,
Дар ривоҷам фузунтарӣ мекард.
Ба василаи ин дӯстиву бародархондагӣ ва номаҳо зилзилаи дар Кангурт рухдода ва ҳолати шоиру мардум барои мо маълум гаштааст. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ин ҳодисаро чунин ба қалами таҳрир мекашад: «Умедгоҳо, аз қудрати қавими қайюми Аллоҳ дар шаби душанбеи шонздаҳуми рамазони ҳазору сесаду бисту ҳашт (соли 1910 – и мелодӣ) Лайлии шаб, ки мутаррадиди молиши сафедоби субҳ буд ва Буқроти фалак, ки марҳами кофуру табошири софӣ ба ҳам месуд ва димоғи Маҷнуни зулматро дар дафъи моддаи савдо меёлуд, замин бо ҳама ниқору тамкин ва бо ҷумла қарору таскин аз фармони лоязоливу аз қаҳри қаҳрамони зулҷалолӣ ба худ ларзид ва ҳамчун қолиби муртааш мутазалзил гардид, садои чандин тӯпи қалъакӯб аз он садама боло ҷаст ва ҳамаи қилоу бақо аз он ларза дар ҳам шикаст, аз ҳар деворе абвоби фатҳ бикшуд ва аз ҳар ҷидоре аз фарсудагии он сӯйи диёри уззоми рамим роҳ паймуд, ғубори мутасоид кураи асирро мутаворӣ кард ва бухори муртафеъ  кураи мунирро пардадорӣ».
Тавре аз ин сатрҳо бармеояд, зилзилаи Кангурт дар шаби душанбе, 16-уми моҳи рамазони соли ҳазору сесаду бисту ҳашт рух додааст. Садои ин садама бисёр баланд будааст, ба андозаи «садои чандин тӯпи қалъакӯб».
Дар оғози нома зикр мекунад, ки пас аз ин зилзила ҳолати ҷисмониву рӯҳонии шоири ориф хуб набудааст. «Намозҳоро маъзурона адо намуда ва самандарсон оташнишин ва ҳамчун гулханиён гулханқарин ҳастам».
Андешаи мардум дар мавриди ин зилзила чунин будааст: «Ҳеҷ кас набуд, ки ин соатро соати воқиа намеянгошт ва он воқиаро воқиаи қиёмат намепиндошт». Ибораи «воқиаи қиёмат» ишора ба сураи «Воқиа»-и Қуръон дорад, ки маънои он қиёмат ва рӯзи ҳашрро дорад. Ва ҳам тавре Шамсӣ Табрезӣ фармудааст:
Оғози олам ғулғула, поёни олам зилзила,
Ишқею шукре бо гила, ором бо зилзилаҳо.
Ба нигориши Ҳоҷӣ резиши сангу кулӯх дар тангноҳо роҳро фурӯ баст ва фиғон аз фирориён бармеҷаст.
Талафоти ҷонӣ дар ин зилзила зиёд набуд, кам буд, зеро мардум дар ин ҳангом саҳархорӣ мекарданд.
Дар номаи хеш ба волии Ҳисор аз зилзилаи Қаратоқ (Қаратоғ) низ ёдовар мешавад. Ин зилзила, тибқи маълумоти расида ва навиштаҳо, 8 октябри соли 1907, соати ҳашту чилу панҷ дақиқаи пагоҳӣ рух додааст. Шаҳри Қаратоқ ва даҳҳо деҳҳо ба пуррагӣ хароб гардидаанд. Садҳо одамон ба ҳалокат расидаанд. Бек дар ин вақт Қуръон мехондааст. Хонданро қатъ карда, ба берун мебарояд. Чун замин аз ҷунбидан мемонад, боз вориди манзилгоҳ мегардад. Замин аз нав меҷунбаду хона чапа ва Бек беҳуш мешавад. Чун ба ҳуш меояду аз ҷой бармехезад ва ба берун мебарояд, мебинад, ки шаҳр ба хок яксон мебошад.
Карим - Девона, шоир ва авлиёи давр, дар як шеъраш аз ин зилзила, яъне зилзилаи Қаратоқ, дар ҳамон ҳангом ёдовар мешавад ва баён медорад, ки ин зилзила чил шабу чил рӯз пайваста идома ёфтааст. 
Замин дар ларза омад чил шабу чил рӯз
пайваста,
Ба шаҳр на коху айвон монд, на дукону 
на раста.
Албатта, кас дар ин маврид «чил»-ро на ҳамчун рақами дақиқ арзёбӣ мекунад ва мепиндорад, гӯё ишора ба рӯзҳои зиёд ҷунбидани замин аст. Аммо як ҷумлаи номаи Ҳоҷӣ далели ҳақиқат доштани сухани Карим - Девона шуда метавонад. Яъне, воқеан, зилзилаи Қаратоқ чил рӯз идома ёфтааст. Тавре ӯ менигорад: «То кунун, ки бисту чаҳор рӯз аз он ҳодисаи ҳоила гузашта, замин ҳамчун дили муштоқон ларзомез аст ва чун набзи беморон бар ҷастухез». Аз ин навишта метавон рӯзи таълифи номаро низ муайян кард. Заминларзаи шадиди Кангурт пас аз бисту чор рӯз ҳам давом кардааст.
Бо таълифи нома, зикри заминларза, баёни ҳоли худу мардум, ба волӣ панду андарз мегӯяд: «Маънипаноҳо, олам ибраткадаест, ки ба ғайр аз тааммулпардозӣ миннати як турфае бар мижгон ҷойиз набояд дошт ва ҳасраткадае, ки ба ҷуз аҷзнавоии шӯхӣ лаб во кардане бар табиат раво натвон ангошт. Дар ин мазраъ донҳои эътизор коштану хирмани истиғфор анбоштан аст, ба ҳар чӣ бошем, худро маҷбур хонем ва бар ҳар чӣ созем, хешро маъзур донем. Мӯйи дар оташ уфтодаро ҷуз печутоби фано чӣ бар сар ояд ва ғубори бар боди фанорафтаро ба ғайр аз таслими ҳаво чӣ хуштар намояд? То найи нафас дамсоз аст, чи навоҳоро аз синаи садчок бояд кашид ва то дидаи ғафлат боз аст, бар чи ибратҳо дар буқъаи (ҷойгоҳи) хок хоҳем расид. Хоби роҳати мо ғафлатшумори парешонии ҳаводиси субҳгоҳист ва бедории мо тамоми саҳви кори навоиби бегоҳӣ».
Аз ин нома бармеояд, ки Ҳоҷӣ ва мардум аз наздикшавии рӯзҳои боронӣ дар андешаву андуҳ будаанд ва ба ин хотир аз волӣ хаймае ва ё чодаре хостааст.
Тӯфони ҳаво агар занад ҷӯш,
Гардем ҳубоби хонабардуш.
Он замон мардум «беруннишастагон» будааст. Ва ҳам онҳоро «деворшикастагони музтариб» хондааст.
Бар асари ҷароҳате, ки Ҳоҷӣ бардошта, дигар иқтидори нишастан муяссараш набудааст ва бархостан низ.
Ба ҳангоми заминларза дар як турфатулайн худро ба берун бурда ва дидааст, ки занҷир тоб хӯрдаву панҷара шикастааст. Он Ҷонофаринро миннат гузоштааст, ки ӯро зинда нигоҳ дошт. Аҷибтар он мебошад, ки «дар зери он ҳама чӯбу кулӯх асбобҳои чӯбину оҳанин шикаставу каҷ шуда ва ашёи нозуку булӯрин саломат монда». Ин ифода шояд бар он далолат бикунад ки Ҳоҷӣ ба ашъори Боботоҳири Урён, хосса бо ин дубайтии ӯ, ошноӣ доштааст:
Шаби торику сангистону му маст,
Қадаҳ аз дасти му афтоду нашкаст.
Нигаҳдорандааш неку нигаҳ дашт,
Вагарна сад қадаҳ н-афтода бишкаст.
Ба ҳар ҳол, пас аз тасвири ҳоли бади худ аз ин дубайтӣ ёдовар намешавад ва ин байтро истифода мекунад:
Кафи авнаш сареро пос гирад,
Раги мӯяш дами алмос  гирад.
Ҳамин тавр, ин зилзила, яъне зилзилаи Кангурт се сол пеш аз анҷоми таҳрир ё худ навиштани (соли 1331) маснавии «Комде ва Мадан»-и шоири ориф рух додааст. Зилзила зилзилаи шадид буда ва мардум бе сарпаноҳ мондааст. Бешак, Авлиёқулбек, волии Ҳисор, ба Хоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва мардуми ин мавзеъ дасти ёрӣ дароз кардааст.
Омӯзишу таҳқиқи номаҳои шоири ориф имкон фароҳам меорад, ки дигар паҳлуҳои зиндагии мардуми Кангурт дар он рӯзгор ва воқиоти рухдода дар ин қаламрав дуруст омӯхта шавад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2021    №: 42    Мутолиа карданд: 610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед