logo

иқтисод

САНОАТИ КӮҲӢ. ҲАДАФИ ЧОРУМ МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишварест дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок. Дар қаъри кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он сарватҳои нодири табиӣ нуҳуфтаанд. Тибқи маълумоти омории солҳои охири тадқиқотчиён, дар мамлакат зиёда аз 600 кони канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 60 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рӯҳ, сурма, симоб, мис, қалъаӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.
Аз ин лиҳоз, соҳаи саноати кӯҳӣ - металлургӣ яке аз соҳаҳои фоидаовари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, омили асосии ғанӣ гардондани буҷаи давлат мебошад ва баҳри рушди устувори иқтисодиёти кишварамон заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.
Баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳо гусаста шуда, қисмати зиёди мутахассисон, алалхусус, мутахассисони соҳаи саноати кӯҳӣ - металлургӣ ҷумҳуриро тарк намуданд. Дар натиҷа бо назардошти ин омилҳо соҳаи мазкур рӯ ба таназзул оварда, корхонаҳои ин соҳа аз фаъолият бозмонданд.
Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои рушди соҳаи саноати кӯҳӣ - металлургӣ сафарбар намуданд ва муассисаю корхонаҳои ин соҳа аз нав таҷдид гардида, корхонаҳои ватанию муштараки нав ба фаъолият оғоз намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи мазкур мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид менамоянд: «Бунёди корхонаҳои саноатӣ оид ба коркарди маъдан, металлҳои ранга аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани металҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо яке аз роҳҳои ғанӣ гардондани буҷети давлат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад». 
Вобаста ба таъкидҳои Пешвои миллат Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи омӯзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015 - 2025»-ро таҳия намудааст, ки айни замон татбиқи он идома дорад. Дар доираи ин барнома ва бо супоришҳои Пешвои миллат дар мамлакат чандин корхонахои саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга сохта, ба истифода дода шуд.
Дастовардҳои соҳаи мазкур тавассути густариши татқиқоти илмӣ, инноватсия, ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосир муяссар мегардад. Вобаста ба ин, олимони соҳаро зарур аст, ки корҳои илмӣ - тадқиқотиро дар ин самт вусъат бахшида, баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навгониҳои илм саҳмгузорӣ намоянд.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат ба фаъолияти босамари корхонаҳои ин соҳа вусъат бахшида шуд, балки қисмати зиёди корхонаҳои саноати кӯҳӣ-металлургӣ ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр мутобиқ гардонда шуданд. 
Ба таъкиди Пешвои миллат: «Саноати истихроҷи маъдан ва металлургия соҳаҳои пешоҳанги хоҷагии халқи Тоҷикистон буда, воридоти асъори хориҷиро ба мамлакат таъмин менамояд, муаммои шуғли аҳолиро ҳал менамоянд. Вазифаи асосии мо дар шароити истиқлолият аз таҷдид кардани корхонаҳои куҳна ва сохтмони корхонаҳои наве, ки на танҳо истихроҷ ва бойгардонии маъдан, балки маҳсулоти тайёрро таъмин намуда метавонанд, иборат аст».
Бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди сол аз сол рӯ ба инкишоф овардани соҳаи саноати кӯҳкорӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва металлургия, барои рушди босуръати он ҳаллу фасли як зумра муаммоҳо хеле муҳим аст. Аз ҷумла, тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ, ҷорӣ намудани техникаву технологияи навтарин дар раванди коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва металлургия мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани роҳу усулҳои пешқадам ва сарфакоронаи коркарди конҳо, таъмини самаранокии истеҳсолот ва ғайра. Дар ҳаллу фасли ин муаммоҳо бояд олимону тадқиқотчиён, навоварону мутахассисон мунтазам саъю кӯшиш намуда, ҳиссагузорӣ намоянд.
 
А. САДРИДДИНОВ, 
Ҳ. РАҲИМОВ, 
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2021    №: 44    Мутолиа карданд: 1303
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед