мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИР РАҲМОН РАҲМОНӢ
1 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин, мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар зимн, Пешвои миллат аҳамияти ҳамкории байнипарлумониро барои таҳкими равобити гуногунпаҳлуи ду кишвари ҳамҷавор таъкид сохтанд.
Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон, ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Дар ин замина, Сарвари давлати Тоҷикистон пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон зарур шумурданд. Ҳамчунон, Президенти кишвари мо ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштанд.
Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, Пешвои миллат аҳамияти охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба уҳда дорад, махсус таъкид карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди ду кишвари ба ҳам дӯст дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла бо инобати ҳамагирии COVID- 19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд. Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо ва нақши парлумонҳо дар ин раванд ишора шуд.
Вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният, зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бавижа терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин, таъмини амнияти сарҳадот, махсус таъкид гардид.
Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва шукуфоиву нумӯи рӯзафзун таманно намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2021 №: 45 Мутолиа карданд: 3974