logo

сиёсат

ПАЁМ. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамое дар баробари дигар соҳаҳо мавқеи занонро низ дар ҷомеа боло бурд, ки Пешвои миллат ба ин масъала аз нигоҳи таҳлил баҳо доданд. Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳбудии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.
Мо шоҳидем, ки тайи даҳсолаи гузашта чӣ қадар занон ба арсаи илму сиёсат ва роҳбарӣ омаданд ва аз ин рӯст, ки имрӯз пешрафти ҷомеаро бе занон тасаввур намудан ғайриимкон гаштааст. Ин гувоҳи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад. Чуноне Президенти маҳбуби кишвар зимни ин Паём таъкид доштанд: «Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф 73 %, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 24%-ро ташкил медиҳанд.  Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем». 
Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занон кафолат дода шуда, ҳанӯз 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» (соли 2005) ба тавсиб расида буданд, ки бонувонро ба ҷомеа пайвастанд. 
Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани шароити таҳсиломӯзии духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба тариқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохилшавии духтаронро муайян кард. Ин тадбир духтарони минтақаҳои дурдастро ба пойтахт овардаву қадами устуворе дар фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа шуд. Ҳоло қисми зиёди духтарони деҳот дорои маълумоти олианду дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд.  
Агар дар муқоиса ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, имрӯз соҳае нест, ки занон дар он кор накунанд. Танҳо овардани як мисол кифоя аст, то ба асли мақсад бирасем. Ҳангоми баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар толори Қасри Арбоб ҳамагӣ чанд бону буду халос. Имрӯз бошад, толорҳои ҳамоишҳои бонуфузро аксаран занони хушсалиқа пур мекунанд. Ғайр аз ин, дар гузаштҳои низомӣ низ бонувон иштироки фаъол доранд, ки боиси ифтихори мост. Дар баробари ин, бонувони мо аз минбарҳои баланд, аз ҷумла дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳарф мезананд, дар хориҷи кишвар касб меомӯзанд ва бо ифтихори миллӣ дар Ватани азизу маҳбубамон хидмат ба ҷо меоранд.
Мавриди зикр аст, ки бо эълон гардидани соли 2018 - Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ занони кишвар аз як қатор имкониятҳо бархӯрдор гардиданд. Онҳо ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ рӯ оварданд, ки ба ин васила рӯзгори худро пеш мебаранд ва иқтисоди оилавиашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло дар бисёр маҳаллаҳои аҳолинишин дуконҳои адрасбофию атласбофӣ ва маҳфилҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтаанд, ки занон дар онҳо ҳам ба тиҷорат машғуланду ҳам ба ҳунаромӯзӣ. Ҳамаи ин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо – бонувон амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ талош намуда,  дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузорем.  
 
Мумтоз САФАРОВА, 
корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили 
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2021    №: 45    Мутолиа карданд: 958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед