logo

иқтисод

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ БИОТЕХНИКӢ ДАР БОҒИ ТАБИӢ – ТАЪРИХИИ «ШИРКЕНТ»

Дар асоси барқияномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) дар Боғи табиӣ – таърихии «Ширкент» - и шаҳри Турсунзода бо мақсади ҳифзи паранда ва ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷониби кормандони боғ корҳои биотехникӣ гузаронда шуд. Чунин амалиёт бештар дар ҷойҳое, ки барф анбӯҳ гаштааст, анҷом дода мешавад. 
 
Тавре Маъруф Шарифов, директори боғи мазкур, иброз дошт, баҳри иҷроиши бандҳои нақша - чорабиниҳои аксияи наҷоти олами ҳайвоноти вуҳуш соли сипаришуда кормандони боғи табиӣ дар ҳудуди сукунати ҳайвонот ва парандагони мавзеъҳои Кукчашма, Мумиёкамар, Саримсоқ, Бибишер, Мадрасакамар ба миқдори 1000 килограмм намак, 10 ҳазор килограмм алафи табиӣ (хошок) ва  850 килограмм рези гандум дастрас  шуд. Ҳамчунин, барои ҳайвонот 22 паноҳгоҳ ва барои парандагони белона ва кӯчӣ дар мавзеъҳои  бо парк ҳамсарҳад 35 лона сохта шуд. Чунин корҳои биотехникӣ бояд то фарорасии гармӣ ба хотири гурусна намондан ва аз сардиҳо эмин нигоҳ доштани онҳо гузаронда шавад.  
 Боғи табиӣ - таърихии «Ширкент» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 бо мақсади ҳифзу нигаҳдории зиёда аз 40 обхокиҳои аҳамияти таърихӣ – этнографидошта ва рушди туризми экологӣ дар майдони 3000 гектар ташкил шудааст. Майдони умумии заминҳои интихобшуда, аз ҷумла чарогоҳ 1139,19 гектар, ҷангалу бешазор 556,09, заминҳои зери об 7,62, зери роҳ 0,55 ва дигар намуди замин 1296,61 гектарро ташкил медиҳад. 
Дар ҳудуди боғ ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир зиёд ба чашм мерасанд. Ин аст, ки 13 намуди ҳайвону парандагони ин минтақа дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд. Ягона изи динозаврҳо, ки зиёда аз 400 изи хурду бузургро дар бар мегирад, дар ҳудуди парки «Ширкент» мавҷуд аст, ки диққати сайёҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Тибқи ҳисоботи олимони политолог  изи динозаврҳо таърихи 95 - 105 - миллионсоларо дар бар мегирад. Ёдгориҳои  табиии бозёфтҳои беҳамтои таърихӣ дар қаламрави парк аз 40 адад зиёд буда, онҳо ба категорияҳои геологӣ, гидрологӣ ва лгятсиологӣ дохил мешаванд, ки таърихи қадима доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мардуми водии Ширкент дар замонҳои қадими асри миёна дар коркарди кӯҳ ва истеҳсоли оҳану нуқра шуғл варзида, байни ноҳияҳои вилояти Суғд ва Тахористон ба тиҷорат машғул будаанд. 
Дарёи Ширкент аз шохоби 2 дарё - аз ғарб Сандал ва аз шарқ  Ҳазорхон  ташкил ёфтааст. Нуқтаи якҷояшавии онҳо каме боло аз деҳаи Пашмикуҳна оғоз меёбад. Сарчашмаи оби ҳар ду дарё аз барф ва пиряхҳо ҷараён мегирад. 
Осори қадимаи мавзеъ, бешубҳа, таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ, пайроҳаҳои боғ дар фасли тобистон доимо пур аз сайёҳону дӯстдорони табиат мебошад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат соли 2005 дар бораи васеъ намудани ҳудуди парк қарор қабул намуд, ки тибқи он масоҳати боғ бояд аз 3000 ба 31000 гектар расонда шавад. Вале, бо сабабҳои номаълум ин қарор то имрӯз иҷро нашудааст. 
 - Бо назардошти аҳамияти таърихии боғ аз ҷониби кормандони парк дар байни аҳолии деҳаҳои наздикӯҳии  Шӯрхок, Қаратоғ, Лабиҷӯйи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва деҳаҳои Ширкент, Пашмикуҳна, Кадучии Ҷамоати деҳоти Работ, пайваста оид ба ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд, ки дар дили онҳо ҳисси худогоҳӣ, ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиро бедор мекунад. Ҳамзамон, корҳои таъмири роҳҳо, шинондани дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, чорабиниҳо зидди ҳашароти зараррасон, алафҳои заҳрнок хуб роҳандозӣ гардида, доир ба назорати давлатӣ оид ба вайрон кардани реҷаи тартиби ҷоригардида, аз қабили қонуншиканӣ,  худсарона буридани дарахтон ва шикори ғайриқонунӣ  таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад, - иброз намуд М. Шарифов. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2021    №: 45    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед