logo

фарҳанг

ФАРҲАНГИ МУТОЛИА. ЯЪНЕ ЧӢ?

Ба андешаи мо, ба таркиби мафҳуми «фарҳанги мутолиа» муносибати эҳтиёткорона нисбат ба китобу матбуот ва дигар маводи иттилоотӣ, ташкили дурусти кор бо китоб ва дигар сарчашмаи мутолиа, риояи қоидаҳои гигиенӣ, физиологӣ ва психологии кор бо китобро дохил кардан мумкин аст.
Барои ташаккули самараноки фарҳанги мутолиа ҷалби хонандагони хурдсол ба хониш нақши калидӣ мебозад. Зеро «китобситезӣ» ва «китоббезорӣ» падидаи нав нест. Ин низомест, ки муддати тӯлонӣ ташаккул ёфтааст ва дар раванди он омӯзгорону волидайн низ иштирок намудаанд (аксаран ғайри майлу хоҳиши худ, ба иллати танбалӣ ва ғайра ба он мусоидат кардаанд).  Чунки хониши иҷборӣ, ки баъзан тибқи майлу хоҳиши волидайн ва барномаи таълимии муассисаҳои зинаҳои гуногуни таҳсилот роҳандозӣ мегардад, аксарияти нишонаҳои беҳтарини раванди ташаккулёбии фарҳанги мутолиаро нобуд месозад.   
Раванди ташаккули фарҳанги мутолиа, ки аз ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхона оғоз мегардад, ин сатҳи баланди камолоти зеҳнии насли наврас ба шумор рафта, барои пайдо гардидани маҳорату малакаҳои муошират, соҳибкасб шудан ва дарёфти шуғли ба қобилият мувофиқ мусоидат менамояд. Барои ба ин сатҳ расидан кӯдакону наврасон қаблан бояд дарк намоянд, ки сарчашмаи ҳама гуна донишу арзишҳо китоб аст.
Дар шароити рушди бемайлони илму техника ва ҷаҳонишивии фазои иттилоотӣ, новобаста аз ҳама гуна изтиробу валвалаҳо нисбат ба мақоми китоб дар асри ҷомеаи иттилоотӣ, имрӯз нақши китобу хониш дар раванди донишандӯзӣ ва маърифатноксозии афроди ҷомеа баланд арзёбӣ мегардад. Зеро ниёз нисбат ба андӯхти донишу маърифат ва боло бурдани сатҳи зеҳнии афроди ҷомеа пайваста меафзояд, иттилоот ва донишҳои қаблан андӯхта бо мурури замон арзиши қаблии худро аз даст медиҳанд. Чунин вазъият офарандагони китоб, махсусан, китоби дорои мазмуни илмӣ - техникиро водор месозад, ки роҳу воситаҳои нисбатан осону арзони дарёфти китобу иттилоот, шаклҳои муосири ҳифзу нигоҳдошт, интиқол ва истифодаи китобу иттилоотро пайдо кунанд. Аз ин нуқтаи назар «дар зери фишори пурқуввати технологияҳои электронӣ фарҳанги мутолиа низ дигаргун мешавад. Аз нигоҳи фалсафӣ «фарҳанги мутолиа» фазои муайян ва муҳити комилест, ки падидаи хониш онро баҳри мавзунияти ақлониву маънавии шахс фароҳам меорад». Ба маънои фишурда фарҳанги мутолиа ҳамчун қобилияти дарк кардан, фаҳмидан ва таҳлил намудани иттилооти шифоҳие фаҳмида мешавад, ки дар шакли дастхат, чопӣ ва электронӣ пешниҳод гардидааст.   
Ҳамин тавр, фарҳанги мутолиа, падидаи иҷтимоӣ-фарҳангиест, ки асоси онро раванди фаъолиятӣ ва маърифатӣ ташкил намуда, он сатҳи рушди ақлонӣ ва маънавии ҷомеаро муайян месозад.
Ҷузъҳои таркибии фарҳанги мутолиаро равандҳои дарк, фаҳмидан ва шарҳу эзоҳи (маънидод кардани) матни асар ташкил медиҳанд. Сатҳи дарки мазмуни асар тавассути таҷрибаи иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва хонандагии инсон муайян карда мешавад. Раванди дарки мазмуни асар, ташаккули образҳо, зуҳури манзараи мукаммалеро тақозо мекунад, ки ҳангоми шинохти матнҳо тавлид меёбанд. Дар ин маврид арзёбии эмотсионалӣ, эстетикии матн аз ҷониби кӯдакону наврасон низ нақши муҳим мебозад. Масалан, сатҳи нисбатан баланди фарҳанги мутолиа ба ташаккулёбии дарки эҷодӣ, яъне қобилияти эҷоди образҳои тоза ва воқеияти нав, мусоидат менамояд. Аммо барои расидан ба чунин сатҳи эҷодкорӣ дар раванди хониш заҳмати зиёд ва тафаккури фаъолонаву созанда лозим аст. Дар натиҷа биниши «эҷодӣ» ташаккул меёбад, ки он дар раванди мутолиаи матнҳои адабиёти бадеӣ ва илмӣ муяссар мегарад.
Фарҳанги мутолиа метавонад ҳам ба «умқ» ва ҳам ба «паҳноӣ» инкишоф ёбад. Зеро ҳар як шахс метавонад сатҳи донишу ҷаҳонфаҳмии худро оид ба ягон мавзӯъ пайваста мукаммал гардонад, ҷараёни интишороти роҷеъ ба ҳамон масъаларо назора кунад. Ҳамзамон, мутолиаи матни сарчашмаҳои иттилоотӣ ба забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки нисбат ба ҳаводиси оламу ҷомеа биниши объективӣ ташаккул ёбад. Дар чунин маврид инкишофи фарҳанги мутолиа ба ҷараёни рушди технологияҳои электронии низомҳои иттилоотӣ - ҷустуҷӯӣ ва васоити коммуникативии алоқа мусоидат менамояд.
Масъалаи дигаре, ки ба фарҳанги мутолиа робитаи ногусастанӣ дорад, ин роҳу воситаҳои ташаккули он дар муҳити гуногун – оила, мактаб, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, китобхона ва ғайра мебошад. Зеро ҳар як муҳит ба раванди ташаккулёбии фарҳанги мутолиа таъсири хос мегузорад.
Таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имкониятҳои мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб ва китобхонаҳои бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешаванд, робитаи мутақобилаи онҳо дар ин самт ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯй нест. Чорабиниҳои бо ин мақсад роҳандозишуда бештар гурӯҳӣ буда, бе назардошти психологияи синнусолӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи онҳо аксаран аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ арзёбӣ мегарданд. Ҳол он ки дар ин маврид арзёбии мундариҷаи чорабиниҳо аҳамияти бештар дорад. Қисми муайяни падару модарон оид ба хониши фарзандони худ ва унсурҳои ба он алоқаманд бо мураббиён ва омӯзгорону китобдорон дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоранд.
Бо назардошти он, ки кӯдакон гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ба шумор рафта, раванди камолоти онҳо нисбат ба дигар гурӯҳҳои синнусолӣ бо нишонаҳои барҷастаи худ тафовут дорад, волидайн дар раванди тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китоб ва, умуман, ташаккули фарҳанги мутолиаи онҳо бояд аз имкониятҳои тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ба тарбия алоқаманд самаранок истифода баранд. Муҳимтар аз ҳама, мусоидтарин фурсат – синни томактабӣ ва синни хурди мактабии фарзандон, ки барои тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китобу хониш давраи муносиб ба шумор рафта, ба раванди камолоти равониву ҷисмонии онҳо таъсири бештар мерасонад, бояд ба таври мукаммал ва самаранок истифода бурда шавад. 
Хониши кӯдакону наврасон яке аз проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва педагогӣ - психологӣ ба шумор рафта, аз ҳалли мусбати он пайомадҳои тарбияи насли навраси ҷомеасоз, насле, ки қодир аст, на танҳо барои худ, балки барои ояндагон низ ҷомеаи солимро бунёд кунад, вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки имрӯз неруҳои илмию эҷодии кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир кунанд. Зеро имрӯз танҳо шиква аз «китоббезорӣ» ва «китобситезӣ»-и насли наврас барои ҷомеа нафъе надорад.  Дар ин самт ташкил ва гузарондан таҳқиқоти мақсадноку доманадори сотсиологии хониши кӯдакону наврасон ниҳоят зарур мебошад. 
Ҳар як ҷомеа манфиатдор аст, ки оила аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои худ ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва тарбиявӣ баромада тавонанд. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боло бурдани шаъну этибори оила дар ҷомеа ва таҳкими нақши он дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, ёрӣ расондан дар татбиқи имкониятҳои тарбиявии он пайваста тадбирҳои судманд меандешад. 
Аз ин рӯ, имрӯз дар низоми таҳсилоти муттасил масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдорӣ - иттилоотӣ ва библиографии волидайн бояд мақоми марказиро ишғол кунад. Вале барои ҳаллу фасли маҷмӯи проблемаҳои мавҷуда дар самти ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакону наврасон таҳияи «Консепсияи хониши кӯдакону наврасони Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2032» ниҳоят зарур мебошад.  
Итминон дорем, ки олимону мутахассисони соҳа вобаста ба проблемаи мавриди назар ибрози андеша хоҳанд кард. Танҳо бо неруи муштараки марказҳои бузурги китобдорӣ - иттилоотӣ, олимону мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти мавҷуда комёб хоҳем шуд.
 
С. ШОСАИДЗОДА, 
устоди Донишкадаи давлатии 
забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2021    №: 45    Мутолиа карданд: 504
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед