logo

фарҳанг

МЕВАИ ШОХИ БАЛАНД Ё ҚИССАИ АРМАНИДУХТАРУ ГУБЕРНАТОР

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳакимхон, муаллифи китоби «Мунтахабу-т-таворих», зимни сафари Ҳаҷ ва он ҳам пас аз зулму ранҷу тааддие, ки нисбаташ дар Мовароуннаҳр раво доштанд, аз кишвари Рус убур кард. Чун шахси фозилу донишманд буд, ба ӯ губернаторҳо эҳтироми хосса мегузоштанд ва барои гузаштан аз ин сарзамин ба осонӣ раводидаш медоданду ҳеҷ монеа эҷодаш намекарданд. Инчунин, аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мешуд ва дар зиёфатҳои хоссаи ин амалдорон даъват мегардид. Ба ин муаррих ва нависанда пешниҳод мекарданд, ки ба Петербург ташриф  барад ва ба суҳбати худ шоҳи Русро мушарраф бигардонад. Аммо ин пешниҳодро бо узрҳои зиёд рад менамуд ва ба дил мегуфт: аз хешон чӣ некие дидам, ки аз бегонагон интизори он бишавам?
Дидану ошноӣ дар ин кишвар бо арманидухтаре ҳикоятест воқеиву ҷолиб, ки дар ин китоб онро ҷой додааст. Тавре меорад: «Алғараз, дар он аср дар он вилоят арманидухтаре баромада буд, ки нигоре чобуку нозанин, гуландом, ки парӣ бар ҷамолаш девона мегашт». Ва дар тавсифаш идома медиҳад: «Дил бар оташи рухсори ӯ чун донаи сипанд месӯхт. Матои хираду сабри ғоратшудаи ҳиндуи холи сиёҳаш нақди ҷон ва дил тороҷ карда, туркмасти нигоҳаш аз гӯшаи чашми ҷодуяш ба ҳар булҳавас назар меафтод, девона месохт.
Шӯхи арманидухтар, ёри исавимаст,
Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун.
Он паричеҳра гоҳ-гоҳ чун товуси маст аз баҳри тафарруҷ (сайругашт - А.Р.) ба растаҳои шаҳр мехиромид. Хосу ом барои тамошои ӯ бар сари ӯ ҳуҷум мекарданд».
Ҳокими шаҳр ё худ губернатор низ ба ин арманидухтар дил дода буд.
Муаллиф дар ин зимн менигорад, ки ҷамъе аз бозаргонони Мовароуннаҳр ба наздаш омада, илтиҷо менамоянд, ки иҷозати губернаторро барояшон бигирад. Ва чунин изҳор медоранд: «Мо - мардум тӯй дорем. Се-чор рӯз дар чаҳорбоғи ӯ (яъне губернатор) рафта, ҷашн барпо кунем. Фақир сухани эшонро қабул намуда, мутаваҷҷеҳи қасри губернатур шудам. Чун ба қасри хоси ӯ расидам, маҳрами (ёвари) ӯ набуд. Баъд аз соате омад, гуфт: «Губернатур коре дорад. Ҳар хизмат бошад, фармоянд, ба ҷон (иҷро) мекунам».
Муаллиф сурати воқеаро баён мекунад ва иҷозати губернаторро хостор мешавад. Ёвар ба таъҷил ворид мешаваду зуд аз он ҷо мебарояд ва бо чеҳраи кушодаву хандон мегӯяд: «Губернатор хизмати (ҳузури) шуморо талаб мекунад». Ҳамроҳи ёвар ба ҷойи хоси губернатор мерасанд. Тавре менигорад: «дидам, ки он арманидухтар мисли моҳи шаби чаҳордаҳ оламро равшан карда, ба мастӣ ба курсии заррин такя зада нишастааст. Чун чашми губернатур ба фақир афтод, аз ҷойи худ бархост, ба ҷойи худ нишонид ва дар камоли шафқат гуфт: «Аз он ҷо, ки хизмати шуморо дӯст медорам, бинобар он, ба ин суҳбат талаб намудам». Фақир низ изҳори хурсандӣ кардам ва он паринажод аҳволи фақирро аз губернатур пурсид ва ӯ тақрир кард. Аз нигоҳи марҳаматомези ӯ донистам, ки дили ӯ моили сухан кардани фақир шуд ва аз ҳар ҷониб суханҳо мекардам. Суҳбат бисёр барор гирифт, то рафта он гуландом ба фақир сухан мекард ва фақир низ ҷавобҳои шофӣ (қаноатбахш) медодам. Дар он ҳин губернатур берун баромад. Фақир  ёрро беағёр ёфта, гуфтам: «Ай саромади нозанинон, мушкиле дорам, аз рӯйи карам ҳал созӣ?!». Гуфт: «Бигӯ». Гуфтам: «Бо ин ҳама нозукиву нозанинӣ, ки моҳ дар баробари рухи нигоринат беқадртар  аз обгина менамояд, ба мусоҳабати ин дев чун афтодӣ? Ба чунин ифрит чӣ сон дил мениҳӣ? Ту на он мурғӣ, ки ба доми ҳар сайде гирифтор оӣ ва на он нахле, ки ба эҳтирози насиме ба ҳаракат дароӣ,  чунончи гуфтаанд:
Парӣ нуҳуфта руху дев дар карашмаи ноз,
Бисӯхт ақл зи ҳайрат, ки ин чӣ булаҷабист».
Баъд аз он гулпираҳан аз шунидани ин сухан як дараҷа ханда оғоз ниҳод, баъд аз он сари худро пеш афканда, дар баҳри тафаккур фурӯ рафт. Баъд аз соате (лаҳзае) сари худро бардошту гиря оғоз кард. Доман -доман гавҳар бар гулбарги рухсори худ рехта гуфт:
Сир аст дар ин сина, ки гуфтан натавонам,
Гуфтан натавонам, ки нуҳуфтан натавонам.
«Чӣ мепурсед, гуле будам аз чамани ашроф ва дурре будам аз дурҷи тиҷорат. Аз бозаргонзодаҳои вилояти Бодку ба мамарри (сабаби) инқилоби фалаки каҷрафтор бо падари худ гузорам дар ин вилоят афтод». 
Дар он ҳин буд, ки губернатур аз дар даромад ва он паричеҳра хомӯш нишаст».
Муаллиф, инчунин, менигорад, ки аз шунидани оғози ҳикояти ин арманидухтар «ҷароҳати дилам тоза шуд ва дарёи ғам дар сина дар ҷӯш омад. Надонистам, ки сирри гузаштаи ӯ чӣ буд. Баъд аз соате (лаҳзае) губернатур фақирро рухсат дод ва он гулбаданро ба он габр гузошта, ба чандин доғи ҳасрат муроҷиат фармудам ва ин байт бар забон ҷорӣ буд:
Дастам намерасад ба гиребони орзу,
Зоғон хӯранд меваи шохи баландро». 
Ҷойи бас тааҷҷуб мебошад, ки ин ҳодиса аз хотири муаллиф баъдҳо ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ намеравад ва ҳамеша аз он ҳасрат мехӯрда, ки саргузашти он парипайкар ё худ арманидухтарро то ба охир натавониста, ки бишнавад.
Кош он губернатор дертар ворид мегардид ва арманидухтар ҳикоят ё саргузашти талхашро ба поён мерасонд. Дар ин ҳол мо ҳамроҳи муаллиф ҳақиқати ҳолро дармеёфтему бештар бовар ҳосил мекардем, ки фалак чи бозиҳое дар пушти парда дорад ва бар аксар зеборухон на ҳар вақт бахт механдад. Таърих, албатта, аз ин гуна ҳодисот ва ҳасратҳо зиёд дорад ва на ҳамаи онҳо навишта шудаанд.
Муаллиф ин ҳикояти арманидухтарро чунин ҳусни мақтаъ мебахшад, ки аз он дарёфтан мушкил нест, ки ҳусну ҷамоли он париваш бар дилу вуҷуди ӯ низ асар гузоштааст.
Як бор рухи нигор дидан ҳавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр кас аст.
Оре, ҳамин тавр аст, ҳама чизро меҷӯӣ, баъд меёбӣ, аммо ёрро меёбиву пас аз он меҷӯӣ.
Хоҳиши бозаргонони мовароуннаҳриро низ Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳакимхон иҷро мекунад, яъне иҷозати губернаторро барои баргузории тӯй мегирад. Дар ин хусус менависад: «Дар рӯзи дигар ба иттифоқи савдогарон ба чаҳорбоғ баромада, тарҳи маҷлис андохтем».
 
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2021    №: 46    Мутолиа карданд: 597
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед