мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЯКУМИ ПАНЕЛИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА ИҚЛИМ
3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ - Об, президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарварони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин, коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим сухан ронданд.
Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки, мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки фаъолияти Панели сатҳи баланд ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва, хусусан пешвоёни сиёсӣ барои иқдомоти фаъолтар ва қабули қарорҳои саривақтии зарурӣ хидмат хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.03.2021 №: 47 Мутолиа карданд: 4596