logo

иҷтимоиёт

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАҲНАМО БАРОИ ОБОДИИ ВАТАН

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси муассиса Ҳоким Холиқзода бо мақсади омӯзиш ва иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандон ҷаласа доир гардид. 
Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд, пеш аз ҳама, ба сифати раҳнамои мардуми Тоҷикистон дар соли 2021 – соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат хоҳад кард. 
- Пешвои миллат дар Паём дар баробари бахшҳои муҳими кишвар, низоми бонкиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дар радифи дастовардҳои соҳа ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кардани як қатор масъалаҳоро таъкид намуданд. Аз ҷумла, зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми фаъоли идоракунии корпоративӣ, кам кардани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, афзоиши ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои иловагӣ барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, беҳтар намудани маблағгузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ аз масъалаҳое буданд, ки Президенти кишвар ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир сохтанд, - иброз дошт раиси БМТ Ҳоким Холиқзода. 
Ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паём омадаву мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд, таҳия намудааст. 
Ҳоким Холиқзода тазаккур дод, ки нақшаи мазкур аз 14 банд иборат буда, дар он иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла, бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идоракунии корпоративӣ, хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ, ба талабот мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, таъмин намудани раванди идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи оинномавии бонкҳо, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ, бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина, пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ масъалаҳое мебошанд, ки барои ҳалли ҳарчи зудтари онҳо афзалият дода шудааст. 
Дар баробари ин, нақшаи омоданамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузарондани авф вобаста ба қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳои шаҳрвандон, пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо дарназардошти хусусияти самти фаъолияти низоми бонкӣ, ҷудо кардани қарзу грантҳо ба занон ва оилаҳо, дастгирии ташаббусҳои бонувон ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигар масъалаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат зикргардидаро фаро гирифтааст. 
Ҳоким Холиқзода бори дигар таъкид сохт, ки роҳбарият ва тамоми кормандони низоми бонкии кишвар барои иҷрои пурра ва саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамаи имкониятҳо ва зарфиятҳои худро сарф карда, кӯшиш менамоянд, то боварии Сарвари давлатро сазовор бошанд. 
Дар анҷом раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки моро ба муттаҳидӣ ва саъю кӯшиши пайваста ба хотири амалисозии он даъват мекунад ва дар амал татбиқ шудани муқаррароти Паём ба пешрафту дастовардҳои назарраси кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат дар соли таҷлили Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. 
 
Муҳаммадзоиршо 
ШАРИФЗОДА,«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед