logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. НАСИМИ ТОЗА ДАР РУШДИ ИЛМ ВА ҶАҲОНБИНИИ ТЕХНИКӢ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд. Чунин таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат ба ин масъала аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан рушди соҳаи илму маориф ҳамеша дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор дорад.
 
Ин дар ҳолест, ки барои ташаккули неруҳои зеҳнӣ ва тафаккури миллӣ мактабу маориф нақши марказӣ дорад. Зеро пойдории ҳар давлату миллат ва ҷомеаи ваҳдатсолор қабл аз ҳама ба неруҳои зеҳнӣ такя менамояд, ки шаклгирии он дар заминаи таълиму тарбияи сифатнок аст. Ин аст, ки аз ибтидои Истиқлолияти давлатӣ ва замони бисёр ҳассос Сарвари давлат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон дошта, ба ислоҳоти соҳа таваҷҷуҳ карданд. Ва маҳз ибтикороти бешумору ояндасоз буд, ки маориф зина ба зина рушду такмил ёфта, низоми нави таълиму тарбия ҷорӣ гардид.
Ҳар сол дар мамлакат ба манзури тақвияти иқтидори соҳа ва такмили сифати таълим садҳо иншоот – муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Тавре дар Паём зикр гардид, ин раванд новобаста аз мушкилоти пандемияи ҷаҳонӣ идома пайдо карда, соли 2020 дар мамлакат 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супурда шуданд. 
Бояд гуфт, ки дар робита ба эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар як соли охир таваҷҷуҳ ба ин самт бештар гардида, ҳоло дар тафаккури техникии насли наврас ҷунбише ба амал омадааст, ки дар ояндаи наздик натиҷаҳои бисёр чашмрас ба миён хоҳад овард. 
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ низ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, зарур шумурданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронда шавад. 
Мо – ҷомеаи омӯзгорон мутмаинем, ки ин амр дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, бахусус, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқ такони нав мебахшад. Дар навбати худ, чунин иқдомоти таҳкимбахш дар низоми маориф аз ҳар омӯзгор ҷиҳати мусаллаҳ будан бо донишҳои замонавӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватанпарастиву содиқ будан ба арзишҳои миллӣ масъулияти бештар тақозо менамояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки якҷо бо рушди инфрасохтори соҳа мо, омӯзгорон дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия беш аз ҳар вақти дигар фаъолтар бошем ва дар татбиқи ҳадафҳои олии Сарвари давлат саҳми шоиста гузорем. 
 
Гулсара САЙФИДДИНОВА, 
омӯзгори МТМУ № 24, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 502
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед