logo

иҷтимоиёт

СУМАЯ АҲМАДӢ: "МАСИРЕРО, КИ ЗАНҲОИ ТОҶИК ТАЙ КАРДААНД, МО НИЗ БОЯД ТАЙ СОЗЕМ"

Сумая Аҳмадӣ зодаи кишвари Афғонистон буда, дар бахши равоншиносии яке аз донишгоҳҳои машҳури минтақа таҳсил дорад. Ӯ ҳангоми ба Душанбе омадан аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ боздид намуд. Номбурда, аз толорҳои хониш ва осорхонаи китоб дидан намуда, таассуроташро чунин баён дошт:
 
- Ман ба ҳар кишваре, ки равам, аввал китобхона ва донишгоҳҳояшро мебинам. Маризи китоб ҳастам (механдад). Ба  адабиёт ва забони дарӣ алоқаи зиёд дорам. Аз хурдӣ алоқа доштам ба Тоҷикистон оям.
Назар ба дигар ҷойҳо чизе, ки хеле хушам омад, озодии забон аст. Ин ҷо туро ҳама бо осонӣ мефаҳманд, ба тарҷумон ниёзе нест. 
Ба Тоҷикистон, ки омадам, аввал аз Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дидан намудам. Донишгоҳи миллиро низ диданӣ ҳастам. Чанде аз бозорҳоро низ давр задам, бозорҳои қашанге доред. Чун дар риштаи равоншиносӣ таҳсил мекунам, амнияти равонӣ бароям авлавият дорад. Қатъан амнияти равонӣ замоне вуҷуд дорад, ки амнияти ҷонӣ вуҷуд дошта бошад. Агар мо ҷое бошем, ки амнияти равонӣ нест, пас амнияти ҷониро ҳам хоҳӣ – нахоҳӣ надорем.
Як чизе, ки дар Тоҷикистон хушам омад, ин аст, ки мисли Эрону Афғонистон нест, ҳар кас худаш аст. Ҳар кас чизе мехоҳад мепӯшад. Ҳар кас он рақам, ки мехоҳад, мебошад. Хонумҳо аз ҳаққу ҳуқуқашон дифоъ мекунанд. Дар ин росто, онҳо пештар аз мо ҳастанд ва мо низ бояд масиреро, ки занҳои тоҷик тай кардаанд, тай созем. Ин ду чиз барои ман бисёр ҷолиб аст: яке амнияти равонӣ, яке озодие, ки дар наҳваи зиндагӣ ва пӯшише, ки доранд.
Аз боғҳои Душанбе дидан кардам. Боғи устод Садриддин Айниро дидам, ки ҷои маънавие аст. Онро шабеҳ ба оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ дарёфтам, ҳамон гунбад ва  сутунҳо. Ин ҳама маро ба ёди Ҳофиз андохт.
Боғи Рӯдакӣ низ бароям бисёр ҷолиб буд. 
Дар Тоҷикистон эҳсоси бегонагӣ намекунам. Фикр намекунам, ки аз хонаи худ - Афғонистон дур шуда бошам, хаёл кардам ба кадом вилояти Афғонистон рафтам. Як рӯз ба худ мегуфтам, мисли ин аст, ки Кобул дар амният бошад (бо ҳавас механдад).  
Тоҷикистон бароям хеле ҷолиб буд. Бахусус, масоили забонӣ, фарҳангӣ, рафтори мардум ва эҳсоси амнияти равонии мардум. Иншооллоҳ, умедворам то охир ҳамин тавр бимонад. Мардуми Тоҷикистонро бештар аз собиқ дӯст доштам.
Мехоҳам биноҳои таърихӣ, ба мисли Қалъаи Ҳисор ва шаҳри Хуҷанду бузургтарин масҷиди Осиёи Миёнаро, ки дар Душанбест, бубинам. Ман он ҳамаро аз Гугл дида будам.
Аз Китобхонаи миллӣ наққошии бузурги он маро тасхир кард. Чӣ қадар гуфтаниҳои зиёд дар он наққошӣ шудааст. Ҷолиб аст, ки он наққошӣ дар Китобхонаи миллист. Барои касоне, ки саёҳат меоянд ё дарс мехонанд, бояд ҳатман онро бубинанд, ин таърих аст. Ҳаводиси муҳим ва таърихро мебинанд. Фикр мекунам, хеле муҳим аст, ки одам маҳз чизҳои арзишманд ва муқаддасро бубинад, то дар зеҳнашон то дер гоҳ бимонад. Чун набинем, кам-кам фаромӯш мешавад.
Дар Афғонистон китобхонаи «Дор-ул-Қуръон» ҳаст, ки мардум метавонанд аз он китоб бигиранд, хона бубаранд ва пас аз мутолиа баргардонанд. Агар наоварданд ҳар рӯз як миқдор ҷарима месупоранд. Дар Кобул китобхонаи ҳавзаи «Хотамуннабӣ» низ ҳаст. Ин китобхона барои донишҷӯён аст. Китобхонаи мазкур адабиёти зиёд дошта, дар он ПДФ - и асарҳоро низ дарёфт намудан мумкин аст. Китобхонаи марказии Кобул  сохтмони ҷудогона ва бузурге дорад. Дар кишвари мо низ ҳар донишгоҳу донишкада ва муассиса китобхонаи худро дорад, ки дар муқоиса бо китобхонаҳои шумо, бахусус Китобхонаи миллӣ, ки хеле бузург аст, кӯчак метобанд. 
 
Раҳима АЪЗАМ,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 527
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед