logo

фарҳанг

НИГИНИ «ИҚТИСОДИ САБЗ»

Нигина Мироқилова аз бонувони зираку закии ҷомеаи мост, ки ҳамчун донандаи хуби илми иқтисод шинохта шудааст. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда, дар шаҳрдории Душанбе дар самти идоракунии молия хидмат намуд.
Минбаъд солҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ пайи омодакунии мутахассисони иқтисоддон буд. Дар таълиму тарбия низ аз занони фаъол эътироф гардидааст. 
То соли 2020 мудири шуъбаи иқтисодиёти гуногуннизоми Институти иқтисоди кишоварзии АМИТ буд ва имрӯз ҳамчун сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Сиёсати иқтисодиро роҳандозӣ мекунад ва бовар дорем, ки дар ин росто муваффақ мешавад.
Яке аз самтҳои пажӯҳиши номбурда «иқтисоди сабз» мебошад. Дар ҷаласаву конфронсҳои сатҳи баланд сухан ронда, дар тарғибу роҳандозии он ранҷ бурдааст. Аз ҷумла, мақолаҳои пурбори Нигина Мироқилова – «Банкинги сабз – хати нави рушди хизматрасониҳои бонкӣ» ва «Иқтисоди сабз ҳамчун омили аввалини пешрафти хоҷагиҳои деҳот дар оянда» собит мекунанд, ки ӯ дар илм навҷӯву навгӯ ва бозавқ аст, навиду тозагиро дар ҳама самт меписандад.  
Нигина Мироқиловаро на танҳо ҳамчун олими хуб, балки ҳамчун дӯсти наздик, шахси ҳалиму хоксор, устоди дурандешу хушкор мешиносам. Ӯ баҳри рушди иқтисодиёти кишвар корҳои шоистаеро ба сомон расонда, шогирдони зиёдеро тарбия кард. Дастпарварони ӯ дар соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ хидмати босазо карда, саҳми худро гузошта истодаанд. Яъне, ӯ илмашро аз ин рӯз то ба рӯзи дигар такмил медиҳад, аз худ қонеъ намешавад. Ин шаҳбайти ҳазрати Низомии Ганҷавӣ шиори ӯст:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
 
Аслан инсонҳое, ки бо зевари донишу хирад ороста шудаанд, бешак сиришти наҷиб доранд. Одамияти баланди муаллима дар муҳити корӣ низ равшан аст. 
Мо умед дорем, ки Нигина Мироқилова минбаъд низ бо неруи тамом ва илму амали созанда дар тарбияи мутахассисиони соҳаи кишоварзӣ, илму фан ва дигар кору фаъолияти ҷамъиятӣ бо шавқу шӯри ҷавонӣ кор мегирад. Зеро шаст, ин шасти камолот аст. Маҳз дар ҳамин айём меваи андешаҳои мардони хирад пухта мерасанд ва самараи он китобу рисола ва мақолаҳои пурмуҳтаво хоҳад буд.
 
Гулафзо САЛИМОВА,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 530
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед