logo

иҷтимоиёт

СТАЛИН: “ТОҶИКОН ҲИССИ НОЗУКИ БАДЕӢ, ФАРҲАНГИ ҚАДИМӢ ДОРАНД”

(Аз ёддошти иштирокчии Даҳаи маданияти халқи тоҷик дар Москва, соли 1941)
Азалбегим Мамадризоеваро дар ноҳияи Рӯшон ҳама мешиносанд ва ҳурмат мекунанд. Ӯ чун узви ансамбли овозадори бачагонаи этнографии Помир, иштирокдори Даҳаи маданияти халқи тоҷик дар шаҳри Москва, 12- 20 апрели соли 1941, маҳбубият ва маъруфияти зиёде дорад. 
- Ҳунарнамоии аберагонам – наврасону ҷавонони ансамбли бачагонаи мактаби санъати ноҳияи Рӯшонро аз Телевизиони Тоҷикистон тамошо кардаму хаёлам, беихтиёр, ба гузаштаи дур, замоне, ки ҳамагӣ 11 сол доштам, парвоз кард,- зикр намудааст А. Мамадризоева ба рӯзноманигор Лутфишои Додо ва афзудааст: - Дар ҳайати Ансамбли бачагонаи этнографии Помир, ки аз нисф зиёдашон зодагони ноҳияи Рӯшон буданд, давоми се моҳ машқу тамрин кардем. Баъди анҷоми машқҳо ва тайёрии семоҳа дар ноҳияи Рӯшон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) омада, моҳи апрели соли 1941 бо поезд ба шаҳри Москва сафар кардем. Ҳама чиз барои мо, бачагони Помир, ки бори аввал аз деҳаҳои кӯҳистонамон берун баромада будем, хеле аҷоибу ҳайратовар менамуд: мошин, поезд, биноҳои бисёрошёна, чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Москва. Гӯё дар олами афсона будем.
Ҳунарнамоии мо дар Театри калони СССР баргузор гардид. Ансамбли мо дар даҳа 4 барномаро иҷро кард: хори умумӣ бахшида ба доҳии бузург Сталин, рақси бартангӣ дар иҷрои Зебо Искандарова, сурудҳои якка дар иҷрои Бачазан Маҳбатшоева бо номи «Ошёни булбулон» ва Абдулваҳҳоб Мирзошоев – «Ёри ман».
Баъди анҷоми консерт шоири машҳур Лоҳутӣ ҳамаи аъзои ансамблро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват карда, зиёфат орост. Ӯ аз он ки ҳунарнамоии мо, тоҷикон, дар даҳа писанди ҳамагон гардид, хеле хурсанд буд. Шеъри машҳураш – “Равшанӣ борад зи Рӯшон насли рахшонро бубин”-ро устод Лоҳутӣ таҳти таассуроти нек аз ин чорабинии хотирмон иншо карда, бори аввал дар зиёфат қироат карда буд. Аз он лаҳзаҳои хотирмон як сурати якҷояро ҳам гирифтем, ки дар китобу рӯзномаҳо борҳо чоп шудааст. 
Аз он рӯзҳо боз як лаҳзаи ҳассос дар хотирам мондааст, ки ба назарам хеле ҷолиб ва боиси ифтихор ҳам ҳаст. Рӯзи 22 апрел моро роҳбари давлат Иосиф Виссарионович Сталин дар қасри Кремл ба ҳузур пазируфт. Дар ин маърака намояндагони ҳамаи 15 ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат доштанд. Сталин дар суханрониаш дар бораи халқи тоҷик, қадимӣ будани ин миллат, фарҳангиву миллати тоҷдор будани он ҳарф зад, ки моро хеле мутаассир кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Мехостам дар бораи тоҷикон чанд сухан бигӯям. Тоҷикон мардуми махсус ҳастанд. Тоҷик - маънои барандаи тоҷро дорад, ки инро эрониҳо мегуфтанд ва тоҷикон ин номро асоснок карданд... Тоҷикон мардуме ҳастанд, ки зиёиёнаш шоири бузург Фирдавсиро ба дунё овардаанд ва бесабаб нест, ки онҳо, тоҷикон, суннатҳои фарҳангии худро аз ӯ пайравӣ мекунанд. Шумо бояд дар рӯзҳои даҳа эҳсос намудед, ки онҳо, тоҷикон, ҳисси нозуки бадеӣ доранд, фарҳанги қадимӣ ва завқи бадеии онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақс зоҳир мешавад... Ман барои пешрафти санъати тоҷик, халқи тоҷик қадаҳи худро баланд мекунам, ки мо, москвагиҳо, ҳамеша омодаем ба онҳо дар ҳама чизи зарурӣ ёрӣ расонем.” Ин суханронии роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ тариқи радио ва рӯзномаву маҷаллаҳои умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пахшу нашр гардид ва мо, иштирокчиёни даҳа, аз ин фахр доштем.
- Ҳамаи ин гувоҳи қимату арзиши баланд доштани ҳунари асил дар Тоҷикистони имрӯза, дар назди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои пешрафти санъати миллӣ дар кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Қариб дар ҳамаи деҳоти ноҳияҳои вилоят биноҳои марказҳои фарҳангии муосир, муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу анҷоми зарурӣ қомат афрохтаанд, барои дарёфти чеҳраҳои нави санъат чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Ин ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди санъати миллӣ мусоидат мекунанд. Ман шавқу ҳавас, ҳунару истеъдоди аберагонамро ба мушоҳида гирифта, хеле хушҳол мегардам. Умеду бовар дорам, ки наврасон ва ҷавонон санъати халқи моро, ки шуҳрату маҳбубияти беандоза дорад, ба қуллаҳои нав ба нави комёбиҳо мебардоранд, - гуфтааст ба рӯзноманигор А. Мамадризоева.
* Вақте ки мавод омодаи чоп мегардид, аз ноҳияи Рӯшон хабари нохуш расид: охирин узви ансамбли бачагонаи этнографии Помир Азалбегим Мамадризоева аз дунё даргузашт. Ӯ 96 сол дошт. 
 

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2021    №: 47    Мутолиа карданд: 524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед